Дастаи мунтахаби оид ба таэквондо WT Ӯзбекистон дар мусобиқаи «Dutch Open» дар Эйндховен (Нидерландия) иштирок кард. Ҳамватанони мо дар мусобиқоти бонуфуз 3 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар муборизаҳои оштинопазир Ҷасур Ҷайсунов (-74 кг), Шуҳрат Салев (-80 кг) ва Никита Рафалович (-87 кг) медалҳои дараҷаи олиро ба даст оварданд. Улуғбек Рашитов (-74 кг) ва Светлана Осипова (+73 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки дар даври ниманиҳоӣ дар вазни то 74 кг Ҷайсунов ва Рашитов бо ҳам қувва озмуданд.
Тилло:
-74 кг: Ҷасур Ҷайсунов
-80 кг: Шуҳрат Салев
-87 кг: Никита Рафалович
Биринҷӣ:
-74 кг: Улуғбек Рашитов
+ 73 кг: Светлана Осипова
Акнун тими мунтахаби кишвар дар мусобиқаи кушоди «Belgian Open», ки рӯзҳои 18-19 март дар Белгия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.