ТАФСИРИ ЯКЕ АЗ РУБОИҲОИ УМАРИ ХАЙЁМ

Яке аз машҳуртарин намояндаи маданияти ҷаҳонӣ, шоир, файласуф, риёзидону ҳайъатшиноси номии форсу тоҷик, ки бо илми тиб, назарияи мусиқӣ ва ҷуғрофия низ шуғл варзидааст, Ғиёсиддин Абдулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ мебошад, ки дар тамаддуни маърифати оламиён бо рисолаҳои илмӣ ва рубоиёти дилангезаш мақоми арзанда дорад.

Феҳристи осори илмии Умари Хайём аз 15 рисолаи илмӣ иборат аст, ки аз онҳо дутояш ба физика, чортояш ба математика, панҷтояш ба фалсафа ва чортои дигараш ба ҷуғрофия, астрономия, таърих ва мусиқашиносӣ оиданд, ки онҳо, бешак, ба дурдонаҳои ганҷинаи илмии маданияти умумибашарӣ мансубанд. 
Ҳарчанд ки Умари Хайём дар замони худаш ҳамчун олими мутафаннин ном бароварда, доир ба соҳаҳои гуногуни илм рисолаҳо таълиф намудааст, вале ӯ маҳз бо рубоиёти дилпазираш ба шӯҳрати ҷовиду офоқгире ноил гардидааст.
Рубоиҳои Умари Хайём ҳангоми аз навиштани асарҳои илмӣ фориғ шудан бо мақсади аз касолати таълиф осуда намудани ақл ва дарёфти фароғати тан бо тақозои шӯри дил нигорида шудаанд. Мавзӯъҳои рубоиҳои шоир асосан аз тазоди неку бад, таносуби озодии ирода, тақдири азали инсон, рӯзгори кӯтоҳи одамон, бақои абад, ғанимат будани фурсати лаҳзаҳои гуворои ҳаёт, ҳастӣ, зебоиҳои табиат ва монанди инҳо иборатанд. Камоли матлуби маънои рубоиҳои Умари Хайём инсони соҳибиродаву маънан мухторест, ки аз мақому мавқеи худ дар силсилаи маротиби ҳастӣ пайваста андеша меронад ва барои истиқлоли маънавиаш мубориза мебарад.
Сабку услуби баёни Умари Хайём салису сабук ва силсилаи образҳояш соддаву ҳаётӣ буда, забонаш равону фасеҳ аст. Шоир аз истифодаи лафзҳои тумтароқ ва лафзбозиҳои пуртакаллуф худдорӣ намудааст.
Бузургии Умари Хайём ҳамчун шоир дар он аст, ки ӯ «сабза», «кӯза» («сабу»), «гул», «хок», «кишт», «май» («бода», «шароб») барин мафҳумҳои оддии маълумро ба образҳои комили шомили бадеӣ табдил дода, афкори бикри фалсафиашро дар пироҳани каломи бадеъ нигорида тавонистааст.
Дар аксари рубоиҳои ӯ мазмуни мавзӯъҳои мавриди тасвираш бо масъалаҳои афкори фалсафиаш ба тарзи ҳайратангез омезиш ёфтааст. Ин гуна нигориши бадеӣ ба шоири фалсафимашраб тавассути бо образҳо («кӯза», «гул», «кишт», «сабза», «май»...) тасвир намудани масъалаҳои бикри ҳаётӣ ва ба онҳо аз нигоҳи ақидаҳои фалсафӣ баҳо додан имконпазир гардидааст.
Дар баъзе рубоиҳояш тасвири соддаву равони Умари Хайём ба назар ҳамчун баёни оддии воқеаву ҳодисаҳои муқаррарӣ менамояд, вале кас ба мантиқи афкору аъмоли нигоранда зеҳн монда бовар мекунад, ки мақсаду мароми ӯ дигар аст. Барои мисол аз ин гуна рубоиҳои ӯро меоварем:
Бингар зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул
Аз хок баромадасту бар хок шуда.
Ба назар чунин менамояд, ки мазмуни байти аввал як ҳодисаи муқаррарии табиист, яъне аз вазидани боди сабо домони гул чок шудааст, бинобар ин аз ҷамоли гул булбул тарабнок (шодмон) гаштааст. Вале, агар мақсаду мароми нигорандаро дарёбем, маълум мегардад, ки «гул» лоларухест, «сабо» боди форам буда, вазиши он навозишкорона аст, ибораи устувори «чок шудани домони гул» бошад, ба маънии шукуфтани ғунчаи гул омадааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки аз суханони навозишомез ва фораму гуворо лаби лоларухонро табассум фаро мегирад (хурсанд мешаванд). Ибораи устувори «чок шудани домон», яъне шукуфтани ғунчаи гул истиораи лаби пуртабассуми нигори лоларух аст. Модом ки лаби дилбарон аз суханони навозишкорона чун ғунча мешукуфанд (моили табассум мегарданд), зебоии онҳо афзун мешавад. Монанди он ки булбулон аз ҷамоли гули ғунчашукуфта ба шавқ омада шодмон мешаванд, яъне ошиқон (булбулон) волои рухи зебо – чун гул шукуфтаи дилбарон мегарданд, ки аз ин дили шӯридаашонро ҳиссиёти фараҳмандӣ фаро мегирад.
Мазмуни ин байт ба фикри ба ҳақиқати воқеии фалсафӣ доштаи шоир асос ёфтааст, ки он зодаи сабаб будани оқибат аст. Мисли он ки дар зери об мондани кишт оқибат буда, боридани селборон сабаби он аст. Ба ин маънӣ ба мазмуни байт муроҷиат шавад, сабаби чок шудани домони гул (шукуфтани ғунчаи гул) вазидани боди сабост: чок шудани домони гул оқибат буда, вазиши боди сабо сабаби он аст. Инчунин хурсандии дили булбул оқибат буда, зебоии шукуфа (ҷамоли гул) сабаби шодмонӣ мебошад. Агар ба ин маънӣ мувофиқи мантиқи афкору аъмоли шоир нигарем, маълум мешавад, ки муносибати навозишкоронаи ошиқон боиси хурсандии дилбарон мегардад (оқибат), ки ин аз табассуми дар лаб шукуфтаи онҳо аён аст.
Гул ва булбул, ки дар ин байт оварда шудааст, аз образҳои машҳури нигориши бадеӣ буда, ифодагари ошиқу маъшуқ аст. Дар зимни ин маънӣ ҳолати тарабнок (хурсанд) шудани дили ошиқон ҳамчун оқибат оварда шудааст, ки сабаби он ҷамоли дилнишини маъшуқа (ҷамоли гул) аст. Хулосаи мантиқии ин нигориши бадеӣ ин аст, ки ҳеҷ чиз бесабаб мавриди ҳастӣ қарор намегирад.
Байти дуюми ин рубоӣ ба тариқи зайл нигорида шудааст:
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул 
Аз хок баромадасту бар хок шуда.
Дар ин байт ибораи «бисёр ин гул» ишора ба фаровонии гулҳост, ибораи изофии «сояи гул» бошад, ба маънии марҳамат, лутфу меҳрубонӣ ва тараҳҳуми гул барои фараҳмандӣ ва осоиш омадааст. Аз истифодаи феъли фармоиши «нишин» бармеояд, ки шоир ба мардум муроҷиаткунон гуфтанист, ки ҳарчанд дар гулистон гулҳо бисёранд, аммо лаҳзаҳои гуворои ҳаёт –«сояи гул» ғанимат аст. Аз ин рӯ, аз фурсат истифода бурдан лозим аст, то ки аз марҳамат – лутфу меҳрубониҳои гул (дилбар) – аз фараҳмандиву осоиши ҳаёт бебаҳра намонем.
Мисраи дуюми ин байт – «Аз хок баромадасту бар хок шуда» низ дар нигоҳи аввал сухани оддиест, яъне гул аз хок (аз замин) сабзида мебарояду бо гузашти айём пажмурда шуда мерезад ва пӯсида ба хок меомезад, яъне «бар хок мешавад». Вале, ин маънӣ ифодаи фикри фалсафии «ҳеҷ чиз бобақо нест: шайъ бо мурури замон шаклан тағйир меёбад», мебошад. Дар асл Умари Хайём бо маънии ин мисраъ ҳамаи маъниҳои мисраъҳои фавқуззикрро дар хусуси ғанимат будани «сояи гул» тақвият дода, сабаби ғанимат будани онро иброз намудааст, ки он ба нестӣ маҳкум будани ҳастист. Мувофиқи нигориши шоир аз рубоии мазкур маънии зерин зоҳир мегардад: лутфу меҳрубонӣ ва тараҳҳуми лоларухон ғанимат аст, зеро ки дилбарон ҳам монанди шукуфаҳои гул абадӣ нестанд. Онҳо ҳам ба фаношавӣ маҳкуманд. Ин буд, ки дар ин рубоӣ феъли фармоиш – «нишин» аз лаҳзаҳои ғунчавор шукуфтани чеҳраи нозанинон истифода бурданро тақозо менамояд.
Ҳамин тавр, Умар Иброҳими Хайём бо тасвири оддии ҳақиқати воқеии ҳаёт масъалаҳои илми ҳикматро омехта, афкори фалсафиашро ба тарзи бадеӣ ба риштаи назм кашидааст.

Малик КАБИРОВ,
номзади илми филологӣ.
Гавҳар КАБИРОВА,
омӯзгори коллеҷи хидмати маишӣ ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Бӯстонлиқ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: