ТАФТИШИ САБАБҲОИ КАНДАШАВИИ ОБАНБОРИ САРДОБА ИДОМА ДОРАД

Тафтиши ҳодисаи кандашавии обанбори Сардобаро Садорати тафтишоти Хадамоти амнияти давлатӣ бар дӯш дорад.

Тафтиши ҳодисаи кандашавии обанбори Сардобаро Садорати тафтишоти Хадамоти амнияти давлатӣ бар дӯш дорад. Ҳодисаи кандашавии ин обанбор субҳи 1 майи соли 2020 ба вуқӯъ пайвастааст. 

Бар асари обхезӣ якчанд маҳалли аҳолинишини вилояти Сирдарё, ҳамчунин ноҳияҳои ҷанубии вилояти Туркистони Қазоқистон хисороти молӣ дидаанд. Дар айни ҳол зарари ҷонӣ дар вилояти Сирдарё аз ду нафар зан ва чаҳор мард иборат мебошад. Як нафар шахс то ҳол бедарак. 
Садорати тафтишот аз рӯи вуқӯъи ин ҳодиса бар асоси қисми аввали моддаи 207 (саҳлангории мутасаддиён), қисми 2-юми сархати “6”-уми моддаи 258 (вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои марбут ба истихроҷи маъдани кӯҳӣ, сохтмон ва корҳои таркиш)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Сухангӯи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Ҳаёт Шамсиддинов зимни иҷлосияи навбатии Пресс-клуби байналмилалӣ, ки мустақиман аз вилояти Сирдарё пахш гардид, изҳор кард, ки муфаттишони ҳодисаи мазкур дар ин маврид мавҷудияти чаҳор омилро барои кандашавии обанбори Сардоба сабаб нишон медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми умумии он 974 миллион мукааб метр мебошад. Арзи он 42 километр ва дарозиаш 28 километрро ташкил мекунад. Майдони умумиаш 6,8 ҳазор гектар. Баландии максималӣ 33 ва сатҳи максималии об 30 метр.
Фармойишгари ин лоиҳа Корхонаи давлатии унитарии «Сирдарё қурилиш инвест» ва пудратчии он Корхонаи унитарии «Ӯзтемирйӯлқурилишмонтаж».  «Ӯзтемирйӯлқурилишмонтаж» марбути Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» мебошад. 
Дар маҷмӯъ барои иҷрои корҳои сохтмони обанбори Сардоба 28 пудратчии ёрирасон низ ҷалб карда шудааст. Лоиҳакаши ин обанбор ВММ «UzGip» аст. Обанбори Сардоба дар ивази 1,2 триллион сӯм бунёд ёфтааст. 
Бино ба гуфтаҳои сухангӯи Прокуратураи генералӣ барои гузаронидани тафтишоти доманфарох, комил ва холисонаи парвандаи ҷиноӣ гурӯҳи зудамали тафтишотӣ таъсис дода шудааст, ки ба он кормандони босалоҳияти Хадамоти амнияти давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ шомил мебошанд. 
Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи самтҳои: нуқсони лоиҳакашӣ; риоя накардани меъёрҳои сохтмонӣ ва қоидаҳои он; нуқсонҳои ҷараёни баҳрабардорӣ; эҳтимоли ҳодисаи табиӣ пеш бурда мешавад.
Дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ аъзои гурӯҳи тафтишотӣ ба ҳайси шоҳидон 170 нафарро бозпурсӣ карданд ва онҳо аз рӯи лоиҳакунӣ, сохтмон ва баҳрабардории обанбори Сардоба шаҳодат доданд. Гузашта аз ин, аз рӯи ин ҳодиса даҳҳо экспертиза ва таҳқиқоти лабораторӣ-таҳлилӣ гузаронида шуданд.
Аз ҷумла, барои коршиносон зарур аст муайян кунанд, ки оё обанбор мувофиқи лоиҳа сохта шудааст ё на, оё қоидаҳои баҳрабардорӣ риоя шудаанд? Ҳамчунин оё харҷҳои дар ҳисобот нишондодашуда бо маблағҳои барои иҷрои корҳо воқеъан харҷшуда рост меоянд ё на? Барои омӯзиши ҳолати кунунии обанбор ва муайян намудани хусусиятҳои физикии об ва зери  он андозакуниҳои инспексионӣ ва назоратӣ тайин шудаанд? 
Дар баробари анҷоми ин корҳо, барои муайян кардани корҳое, ки воқеан иҷро шудаанд, ҳамзамон дақиқ шудани ҳаҷми маводи истифодашуда дар ҷараёни бунёди обанбори Сардоба  гузаронидани экспертизаи сохтмонӣ-фаннии пешаздодгоҳӣ тайин шудааст. Ба манзури тафтиши пурра ва объективӣ аз идораҳои гуногун 26 нафар коршиносони варзида низ ҷалб шудаанд.
Бо ширкати мутахассисони соҳаи сохтмон ва баҳрабардории шабакаҳои обёрӣ ҳолати дохилӣ ва баъзе қисматҳои берунии обанбор таҳти омӯзиш қарор гирифтаанд. Ҳамчунин омилҳое низ баррасӣ мегарданд, ки  бобати истифодаи ин обанбор эҳтимоли таъсир расониданро доранд.
Дар ҳамин ҳол тақозо мегардад, ки муфаттишон якҷоя бо комиссияи ҳукуматӣ   зарари умумии кандашавии обанбори Сардобаро низ муайян кунанд. 
Ногуфта намонад, ки ба манзури фароҳам овардани шароити созгори зист барои мардуми аз ин ҳодисаи техногенӣ осебдида бо дастури Президент корҳои зиёди барқароркунӣ анҷом дода мешаванд. Аллакай мардуми зиёд аз ҷойҳои паноҳбурдаашон ба хонаву ҳавлиҳои худ бармегарданд ва дар ин ҷо зиндагии ором дубора барқарор хоҳад шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: