ТАХТИ БАХТ

Зарнигор зиндагии талх дошт.

Зарнигор зиндагии талх дошт. Аз афташ, дар лавҳи тақдираш калимаҳои  бахту иқбол навишта нашудаанд. Вагарна ба сараш ин қадар савдо намеафтод.
Дар гӯшаи хаёлаш наомада буд, ки ба як қиморбозу майзада ба шавҳар мебарояд. Баъди се моҳи хонадорӣ Сангин ба хона дер меомадагӣ шуд. Як бор  соати сеи шаб маст ба хона омада аз паси дарвоза ба телефони дастии Зарнигор занг зад. Вақте ки ӯ телефонро ба гӯшаш бурд, садои шавҳарашро шунид, ки мегуфт: 
– Ҳӯ, дар-ро ку-шо мегӯям! Чӣ худатро ба кар-рӣ  ме-за-нӣ?!  Тақ-тақи дарро нашунидӣ?! Дар-ро ку-шо!
Зарнигор дарро кушод. Сангин ба хона даромад, аз ӯ бӯйи тунди шароб ба димоғ зад. Вай ғайричашмдошт ба рӯйи Зарнигор торсакие фуроварду дод зад: “Ҳӯ, ифлос, ба ман ни-гар, ман ба пу-шти дар-воза як соат туро ин-ти-зор бу-дам. Ку-ҷо  бу-дӣ! Рав, хӯ-ро-кат-ро би-ёр!”.
Зарнигор саросема ба ошхона давид. Ва вақте ки косаи хӯрок дар даст баргашт, дид, ки шавҳараш, аллакай, дар рӯйи диван хуррок мекашад. Ҷавонзан шаб то саҳар мижа таҳ накард. То ин вақти шаб дар куҷо будани шавҳараш вайро ором намегузошт. Фикраш ба сад кӯчаи гумон даромада мебаромад.
Ҳамин хел ҳар рӯз дар хонаи онҳо ҷанҷол буд. Хусусан, рӯзҳои қиморро бохтани шавҳараш зиндагӣ тоқатфарсо мешуд. Шароб нӯшида ба ҳар баҳона зиндагии ширинро талх мекард. Гапу насиҳатҳои модари муштипараш ва наздиконаш ба вай таъсир намекарданд. Зарнигор кабудиву сиёҳиҳои рӯяшро “шохи дарахт расид, афтидам” ва бо дигар баҳонаҳо аз дигарон хаспӯш мекард.
Рӯзе дар назди модараш кафид: 
– Модарҷон, аз ин дӯзах маро халос кунед. Дигар наметавонам, тоқатам тоқ шуд. Худо ақаллан фарзанде медод. Ин домоди ёфтаатон, дар баробари қиморбозу майзада будан, нашъаманд ҳам будааст. Чаро маро ба ин хел одам ба шавҳар додед. Вақте хостгор омад, напурсидаю насанҷида, тараддуди тӯйро дидед.
– Ин хел нагӯй, духтарҷон, – гуфт модар ӯро ба оғӯш кашида, – мо чанд бор санҷидем, ба баҳонае домодро ҳам дидем. Қаду қомат, сурати зебанда дошт. Вале касе то нагӯяд, аз куҷо медонед, ки вай рустӣ, қиморбозӣ мекунад, шарикони нашъаманд дорад... Мо хостем ба ту нағз шавад, бахтата ёбӣ, духтарҷонакам. Туро ба воя расондан кори осон набуд. Ту меҳр мон, ҳамааш гузашта меравад.
Зиндагии онҳо дер давом накард. Зеро, бо вуҷуди гузаштҳои Зарнигор, Сангин дигар намешуд. Вай оҳан набуд, ки об карда аз нав ба қолаб резанд.”Ҷудо мешавам!” ниҳоят қарор дод Зарнигор. Умеди беҳбудӣ нест... Ҳатто модари Сангин ҳам раҳми Зарнигорро хӯрда розӣ шуда гуфт: “Майлаш, духтарам, дар давоми се сол Худо як фарзанд надод, ки сабаби дилбастагиат ба ин хонадон шавад. Писари ман одам нашуд. Ман аз ту розӣ. Худо туро ба тахти бахт шинонад...”
Онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Баъди як моҳи ҷудоӣ хабари марги фоҷеаангези Сангин, ки нимишабӣ вақти аз куҷое маст ба хона баргаштан мошине зада будааст, дили Зарнигорро фишор дод. Ба ҳар ҳол, шавҳари чашм кушода дидааш. Вай ҳеч намехост, ки ба сари ӯ чунин рӯз ояд. Зарнигор бештар раҳми модари ӯро мехӯрд, ки зани бисёр хуб буд.
Модари Зарнигор, гӯё ба сараш осмон фурӯ рафта бошад,ҷойи нишаст намеёфт. Гӯё ҳамсояҳо ба ҳоли ӯ хандида мегуфтанд: “Духтараша ҳам ягон гуноҳаш будагистдия, беҳуда аз хонаи шавҳар барнамегардад. Зан бояд марди бероҳаро ба роҳ андозад. Духтари аз шавҳар ҷудошуда балои ҷони падару модар...”     
“Бигузор, ҳар кӣ ҳар чӣ гӯяд, Худо ҳамаро дида истодааст”, оҳ мекашид модари аламзада.
Баъди се моҳи ҷудоӣ Зарнигор дар хона зиқ шуд. Шиноси модараш аз гузари ҳамсоя – Насибахола сардори корхонаи дӯзандагӣ буд. Вақте аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро ба кор қабул кунад, не нагуфт. Зарнигор хурсанд шуд. Фикр мекард, ки бо кор андармон шуда, ғаму ташвишҳои ҳаёти шахсиашро фаромӯш мекунад. Ба кор дода шуд. Баъзан то дер монда ба корҳои Насибахола ёрӣ медод. Ҷавони хушсурате, ки Суҳроб ном дошт, бо мошини “Дамас”-и худ ба корхона газвор меовард ва маҳсулоти тайёрро ба бозору дукон мебурд.
Зарнигор хабар надошт, ки аз рӯзи ба кор омаданаш Суҳроб ӯро таҳи чашм карда будааст. Ба ҳар баҳона назди Зарнигор омада ба  ӯ гап мепартофт. Бегоҳие вақти аз кор баргаштан Сӯҳроб мошинашро дар назди Зарнигор  нигоҳ дошту дарро кушода гуфт:
– Зарнигор, шинед, роҳам аз маҳаллаи шумо мегузарад,  зудтар ба хона мерасед.
Зарнигор дудила шуд: шинад ё нашинад? Вале дид, ки ҷавон ҷиддӣ мегӯяд, ба мошин нишаст. Раҳораҳ онҳо аз наздик шинос шуданд. Вақте дар назди хонаи онҳо Суҳроб пештар аз мошин фуромада дари тарафи Зарнигорро бо лутф кушод, дили ӯ ғайриодӣ ба задан даромад. Дар ин асно як чизро ҳис кардагӣ барин шуд. Вале сир бой надод. Раҳмат, овора шудед-дия, – гуфту бо ӯ хайрухуш карда, қадамашро тезонд. Вале он шаб то дер хобаш набурд. Суҳроб аз пеши назараш дур намешуд.  “Ҳамсояҳо бинанд, чӣ мегӯянд? Намегӯянд, ки бо марди бегона “унс” гирифтааст?  Лутфу марҳаматаш даркор не, ба ин кор бояд хотима гузорад”, – аз дил гузаронд ӯ.
Рӯзи дигар вақте ки аз кор бармегашт, Суҳроб дар хамгашти кӯча мисли дирӯза дари мошинро кушода ӯро ба шиштан таклиф кард, Зарнигор гуфт:
– Акои Суҳроб, раҳмат, намешинам, як бор бурдед кифоя. Одамон гап мекунанд. Ман аз он занҳое нестам, ки шумо гумон мекунед. Ин гуфт ва дарро пӯшиду ба роҳаш давом дод. Дар истгоҳ ӯро автобус интизор буд.
Вақте ки Зарнигор ба автобус нишаст, Суҳроб ин суханони ӯро: “Одамон гап мекунанд. Ман аз он занҳое нестам, ки шумо гумон мекунед.” ба ёд оварда,  худ ба худ гуфт: «Наход вай фикр карда истода бошад, ки ман ба ӯ чун ба маъшуқа муносибат мекунам? Не, Зарнигор, ту хато мекунӣ...»
Суҳроб аз раъяш нагашт. Ҳар рӯз вақте ки дар корхона пайдо мешуд, бо баҳонае  назди Зарнигор омада, аз ҳар дар суҳбат мекард. Дар арафаи иди занон, бегоҳӣ вақте ки Зарнигор аз кор бармегашт, барояш як даста гули тару тоза ва шириниҳо туҳфа кард. Ҳарчанд намегирам гуфт, Суҳроб ба ҳолу ҷонаш намонд. Гуфт: “Ба мошинам савор нашуда истодаед-ку, ҳеч набошад  ҳамин туҳфаи ноарзандаро қабул кунед. Идатон муборак бошад!”
(Давом дорад).
Саодат РӮЗИЕВА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: