Таиланд барои Ӯзбекистон низоми бидуни раводид ҷорӣ мекунад

Ҳукумати Таиланд аз бекор кардани раводид барои сайёҳон аз чанд кишвар хабар дод.

Ин иқдом як қисми маҷмӯи тадбирҳоест, ки ба рушди соҳаи сайёҳии подшоҳӣ нигаронида шудаанд.

Чой Вачарон, котиби матбуоти ҳукумат гуфт, ки рӯйхати кишварҳое, ки бидуни раводид ворид мешаванд, аз 57 ба 93 афзоиш меёбад, хабар медиҳад Daryo.uz бо истинод ба рӯзномаи Bangkok Post.

Ӯзбекистон ба яке аз 36 кишвари нав табдил ёфт, ки дар он низоми бидуни раводид татбиқ мегардад. Ба навиштаи China Daily, дар ин рӯйхат Ҳиндустон, Камбоҷа, Лаос, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ шомил шудаанд.

Шаҳрвандони кишварҳое, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, акнун метавонанд дар Таиланд бидуни раводид ба ҷои 30 рӯз то 60 рӯз бимонанд. Ҳамчунин, 31 кишвар (қаблан 19 буд) акнун имкони дарёфти раводидро дар вақти ворид шудан доранд.

Ба ғайр аз ин, ҳукумат намунаи нави раводид - Destination Thailand Visa-ро ҷорӣ мекунад, барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаҳои рақамӣ ("digital nomads") кор мекунанд, пешбинӣ шудааст. Дорандагони ин раводид метавонанд дар асоси шаҳрвандони Таиланд аз хадамоти тиббӣ ва дигар хидматҳо истифода баранд.

Ҳукумат тахмин мезанад, ки даромад аз пардохти раводид тақрибан 12,3 миллиард бат (335 миллион доллар) коҳиш хоҳад ёфт. Аммо ин талафот аз ҳисоби афзоиши даромад аз соҳаи сайёҳӣ ҷуброн карда мешавад.

То моҳи феврали соли 2024 шаҳрвандони Ӯзбкистон метавонанд бидуни раводид ба 31 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эрон ва АМА сафар кунанд. 28 кишвари дигар, аз ҷумла Таиланд, ҳангоми ворид шудан раводид пешниҳод карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: