ТАҶДИДИ ХАТИ ДУЮМИ ФУРУДГОҲИ ТОШКАНД АНҶОМ ЁФТ

Бозсозии хати парвози фурудгоҳи байналмилалии Тошканд, ки моҳи августи соли гузашта оғоз шуда буд, ба анҷом расид.

 Шурӯъ аз 12 апрели соли равон хати парвози дарозиаш 3 ҳазору 905 метр ва бараш 60 метр ба истифода дода шуд, ки ҳамаи намудҳои ҳавопайморо аз чаҳор гӯшаи ҷаҳон қабул карда метавонад.

Дар хатти парвоз инчунин таҷҳизоти замонавии рушноидиҳии каммасраф ва системаи фурудоӣ мавҷуд аст, ки ба категорияи якуми ИСАО мувофиқ аст. ICAO’s — муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки стандартҳои байналмилалии авиатсияи шаҳрвандиро муқаррар мекунад ва рушди онро бо мақсади баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокӣ ҳамоҳанг месозад. Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ як созмони мустақил аст ва набояд бо ИКАО омехта шавад. 
— Мо хати парвози таҷдидшудаи дуюмро мекушоем. Ин як рӯйдоди хеле муҳим барои фурудгоҳи Тошканд аст, зеро хати парвоз бори охир соли 1996 таҷдид шуда буд. Албатта, ҳолати хати парвоз ҳамеша ҳамчун меъёри муҳими таъмини бехатарии парвоз арзёбӣ мегардад. Илова бар ин, ҳаҷми нақлиёти мусофиркашони ҳавоӣ ҳар сол тақрибан 50 фоиз меафзояд. Ҳоло бандари ҳавоии пойтахт ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 140 рейс қабул мекунад. 
Ногуфта намонад, ки лоиҳаи таъмири асосии хати парвоз-2 дар маҷмӯъ 120 миллиард сӯм тақозо намуд. Тарҳрезии ин хат аз ҷониби ширкати «Development infrastructure and design» анҷом дода шуд. Корҳои таъмирро пудратчии ҶСММ «Доркомплекснаб плюс» ба ҷо овард.
Дарвоқеъ, аввалин ҳавопаймое, ки дар хати парвози таъмиршуда фуруд хоҳад омад,   ҳавопаймои HY-334 бо хатсайри Дубай—Тошканд буда, марбути ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» мебошад.

Евгения КОЛОСОВА, 
сардори хадамоти матбуоти 
«Uzbekistan Airports».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: