ТАҶЛИЛИ 110-УМИН СОЛГАРДИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ДОНИШГОҲИ ТИРМИЗ

30-юми апрели соли ҷорӣ дар кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба муносибати 110-умин солгарди мунодии сулҳу ваҳдат ва шоири шинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тоҷикони вилояти Сурхондарё ва “Гурӯҳ”-и 106 таҳти роҳбарии муаллима Дилафрӯз Муқимова маҳфили адабиву фарҳангӣ зери унвони «Қосиди сулҳу дӯстӣ» бо як шукӯҳи баланд таҷлил гардид.

Маҳфилро декани факултет Обидҷон Шофиев ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз саҳми беназири устод М.Турсунзода дар рушди равобити адабии тоҷику ӯзбек ёдовар шуд. Ҳамчунин, дар маҳфил олимони шинохта аз Академияи илмҳои Тоҷикистон, ба мисли доктори илмҳои филологӣ, профессорон Абдунабӣ Сатторзода, Абдухолиқ Набавӣ ва Нуралӣ Нурзод бо суханрониҳои пурмуҳтавои хеш (тариқи онлайн) ҳусни тозае зам намуданд. Аз устодони Донишгоҳи давлатии Тирмиз профессор Юсуф Вализода, Илҳом Эшонқулов, муаллимаҳо Дилафрӯз Муқимова, Мағфират Қурбоналиева, Сайёра Саидова, Ҷамшед Ҷумъақулов ва Шокир Алиев бо гузоришоти ҷолиб иштирок карданд. Тибқи феҳристи барномаи маҳфил масъалаҳои муҳиме чун “Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ” (А.Сатторзода), “Шеъри Мирзо Турсунзода – ҳикмати асри XX” (Абдухолиқ Набавӣ), “Устод Мирзо Турсунзода ва таҳаввули равобити адабиву фарҳангии халқҳои ҷаҳон дар қарни XX” (Нуралӣ Нурзод), “Мирзо Турсунзода – сарояндаи дӯстӣ” (Юсуф Вализода) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъалаҳои муҳими рӯзгор, осор ва хадамоту ибтикороти Устод Мирзо Турсунзода тариқи иҷро ва гузориши рангоранги толибилмони кафедра мавриди таҳлилу баррасӣ ва намоиши саҳнавӣ қарор гирифт, ки басо хотирмону муассир буд. Қироати ашъори устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби ҳофизи шинохтаи тоҷики воҳаи Сурхон Хайруллоҳи Насриддин ва Комрон Нурализода ҷиҳати боз ҳам гуворо гардидани табъи ҳозирин ва рангорангии маҳфил мусоидат кард. Дар маҷмӯъ ёдбуди 110-умин солгарди устод Мирзо Турсунзода басо муассиру хотирмон гузашт. 

Илҳом ЭШОНҚУЛОВ, 
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: