Дар меҳмонхонаи «Саҳид Зарафшон»-и шаҳри Бухоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон – 8 Март тадбир ба амал омад.
Дар он бонувони фаъол ва пешқадами соҳаҳои гуногуни ҳаёти вилоят ва намояндагони ҷомеаи вилоят иштирок карданд. Ҷонишини ҳокими вилоят Ботир Шаҳриёров ҷамъомадагон ва дар тимсоли онҳо тамоми занон ва духтарони вилоятро бо Иди фархундаашон муборакбод намуд.
– Имрӯз бобати бунёди Ӯзбекистони Нав, ривоҷу равнақёбии ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат саҳми занону духтарони вилояти мо низ арзанда аст, – гуфт вай. Солҳои охир давлат баҳри афзунтар гардондани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии бонувон, дастгирӣ кардани соҳибкорӣ, донишу малака ҳосил карда соҳиби касбу кор шудани онҳо, ҳифзи саломатӣ ва соҳиби манзил гаштани эшон беш аз пеш ғамхорӣ зоҳир мекунад. Дар ин бора дар вилоятамон низ корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Имрӯз байни бонувони вилоят 1 нафар сенатор, 3 нафар депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 19 нафар намояндаи халқи Шӯрои вилоят, 88 нафар депутатҳои шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо, бештар аз 200 нафар роҳбарони тоифаҳои гуногун ҳастанд.
Дар чорабинӣ ба 15 нафар бонувони пешқадам нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл», ба гурӯҳе аз онҳо ифтихорномаҳои Вазорати дастгирии маҳаллаю оила, ҳокимияти вилоят ва туҳфаҳо супорида шуданд. Сипас дар ресторани «GARTEN» барномаи консертии устодони санъат ва сарояндагони ҷавони вилоят ба амал омад.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.