ТАҶЛИЛИ ИДИ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО» ДАР МАРКАЗИ МАДАНИИ РУС

Бояд эътироф кард, ки дар байни марказҳои миллӣ-мадании вилояти Сурхондарё Маркази миллӣ-мадании рус нисбатан фаъолтар ба назар мерасад.

Меарзад, ки аз баъзе ҷиҳатҳои фаъолияти онҳо ибрат гирифт. Бо як нигоҳ дарк месозед, ки онҳо аҳлона ва муташаккилона кори худро пеш мебаранд. 
Дар бинои дӯстӣ экспонатҳое, ки он ҷо батартиб ҷойгир карда шудаанд, бозгӯи таъриху маданияти ин халқи мутамаддин буда, шуморо ба сайри таърихӣ мекашанд. Расму портретҳои дар девор овезонкардашуда шуморо бо шахсиятҳои бузурги гузаштаву имрӯзаи ин халқ ошно месозад. Чуноне ки раиси фонди ҷамоатии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии вилоят Нуриддин Ҷумъаев ҳини як суҳбат иброз дошт, Маркази миллӣ-мадании русҳо аз субсидия ва грантҳои фонди ҷамоатӣ дуруст ва самаранок истифода мебаранд, аз ин рӯ, фаъолияташон низ ба чашм намоён аст.
Дар иду ҷашнвораҳо баргузории барномаҳои мусиқиву мадании онҳоро тамошо карда, завқ мебарем ва қоил шуда, аҳсан ҳам мехонем. Маркази миллӣ-мадании русҳо ҳар сол як ва ё ду рӯз қаблан дар ҳама ҷашнвораҳо намоиши экспонатҳо ва барномаҳои мадании худро дар алоҳидагӣ баргузор месозад ва баъд дар қатори дигарон дар ҷашни умумӣ ширкат меварзад. Дар чорабинии мадании марказ, ки таҳти шиори «Ӯзбекистон хонаи умумии мост» баргузор гардид, чун ҳарсола натанҳо русҳо, балки намояндагони марказҳои миллӣ-мадании тоҷикон, туркманҳо ва дигар халқҳо даъват шуда буданд. Мо низ бо аҳли хонадон: фарзандону наберагон ширкат варзида, аз тамошои он хеле ғизои маънавӣ бардоштем.
Ҷолибияти барномаҳои онҳо дар он буд, ки дар саҳна ҳамаашон: хоҳ кӯдакони боғчаи бачагона бошанду мактабхон ва хоҳ миёнасолу солхӯрда бо либосҳои миллиашон баромад мекарданд. Дар чорабинӣ суруду рақсҳои натанҳо русӣ, балки ӯзбекӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, белорусӣ низ садо доду намоиш ёфт, ки ба тамошобинон манзур афтод. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: