Моҳи августи соли гузашта Шерзод Ашуров ба ноҳияи Ғиҷдувон ҳоким таъин гардид.
Вай хуб медонад, ки комёбии кулли соҳаҳо пеш аз ҳама ба пуриқтидор ва салоҳиятнок будани кадрҳо вобаста аст. Кадрҳои болаёқат бошанд, дар мактаб тарбия меёбанд. Беҳуда нест, ки сарвари давлат ба ислоҳоти мактабу маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳад, зеро давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба туфайли ислоҳоти таълим комёб шудаанд. Ҳоким қарор дод, ки ба такмили низоми таълими ноҳия саҳм гузорад. Бо ин мақсад кабинети дар ҳокимият барояш ҷудогардидаро барои командаи яккачини ташаккулёбандаи олимпиадаи ноҳия дод.
Сипас байни хонандагони синфҳои ҳафтуми мактабҳои ноҳия аз фанҳои физика, математика дар се марҳила санҷиш баргузор гардид. Ҳамин тариқ 30 нафар талабагони иқтидорноки 67 таълимгоҳи ноҳия ба командаи яккачини олимпиадаи ноҳия қабул карда шуданд. Ҳоло омӯзгорони пуриқтидори ноҳия бо онҳо машғулият мегузаронанд. Баҳри пухта омӯхтани фанҳои физикаю математика ва забони англисӣ ба наврасон кӯмак мерасонанд. Мақсад ин аст, ки талабагон соли аввал бояд дар озмуни ҷумҳуриявӣ комёб шаванд, соли дуюм ғолиби озмунҳои байналхалқӣ гарданд. Албатта, вақт ҳаками одил аст.
***
Бо мақсади таъмини самаранокии таълим бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия дар мактабҳо навбатчигии падару модарон ҷорӣ гардид. Бинобар ин волидони ҳар як талаба мувофиқи ҷадвал ба дарсҳо чун назоратчӣ иштирок мекунанд. Дар натиҷа онҳо аз сатҳи дарсомӯзии фарзандашон ва тарзи таълими омӯзгорон огоҳ мегарданд. Ба туфайли ин ҷараён соли хониши гузашта аз 52,5 ҳазор нафар талаба 18 ҳазор нафарашон ба натиҷаи болотари азхудкунӣ ноил шуданд. Онҳо ҳоло ба дарсҳои иловагӣ низ иштирок мекунанд. Дар ноҳия бо мақсади ба аксарият дастрасшавии хидмати репетиторӣ иморатҳои кӯҳна таъмир ёфта, ба ихтиёри онҳо дода мешавад. Илова ба ин, ба онҳое, ки мӯҳ-тоҷи дастгирианд, хидмати репетитор бемузд аст.
***
Дар ноҳия ба китобхонии наврасон эътибор афзуд. Талабагон ӯҳдадор карда шуданд, ки ҳар моҳ дутоӣ китоби бадеиро мукаммал омӯзанд ва ба саволҳои ҳайати назоратӣ оиди китоби мутолиакардаашон ҷавоби эътимодбахш дода тавонанд. Онҳое, ки ин талабро сарбаландона иҷро кардаанд, аз ҳисоби ҳокимият бемузд ба саёҳат мераванд. Таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки 3 ҳазору 362 нафар ҷавонони ғиҷдувонӣ орзуи таҳсил дар мактаби олӣ, 201 нафарашон нияти дар техникумҳо хонданро дошта, 363 нафари дигар соҳаи ҳунаромӯзиро интихоб кардаанд. 564 нафар хатмкунандаи мактаби миёна фикри қатъӣ надоранд. Аз ин рӯ, гурӯҳе аз онҳо – духтарон дар сехи дӯзандагӣ бо кор таъмин карда шуданд. Қисми дигарашон ба соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ, ҳунармандӣ, тайёр кардани хӯроку шириниҳо ва ғайра ҷалб карда мешаванд. Дар ин ҷо услуби ҳунаромӯзии «устоду шогирд» нақши асосӣ мебозад.
Дар ноҳия барои фарзандони оилаҳои камдаромад чораҳои дастрасшавии репетиторҳо дида мешавад. Аз ҷумла, омӯзгорони 14 мактаб аз ҷониби репетиторҳои пуртаҷриба хононда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки ҳам омӯзгорон ба музди иловагӣ соҳиб шаванду ҳам талабагони мактаб дар таълимгоҳи худ бо музди ночиз дониши хеш афзоянд. Ба ҷустуҷӯҳои эҷодии соҳаи таълим – таҷрибаи ғиҷдувониён акнун як сол шуда бошад ҳам, вай аллакай диққати атрофиёнро сӯйи худ мекашад. Ба қарибӣ дар ноҳия озмуни «Мусаввирони ҷавон» ба амал омад. Дар он бештар аз 500 нафар эҷодкорон иштирок карданд. Ин ҷо бори аввал тасвирҳо ба тарзи музояда фурӯхта шуданд. Ҳамин тариқ, бештар аз 300 кори эҷодӣ, қариб 20 миллион сӯм даромад овард.
Директорони мактабҳое, ки ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шудаанд, ҳавасманд гардонда шуданд. Ба онҳо ба сиҳатгоҳ роҳхат дода шуд. Се нафар директороне, ки мувофиқи ҷамъбасти сол ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардидаанд, ба саёҳати хориҷи кишвар фиристода шуданд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.