ТАҶРИБАИ КУҲАНСОЛОН НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

Бо ташаббуси шуъбаи ноҳиявии Бунёди «Нуронӣ» чорабинии маънавию маърифатии «Вохӯрии се авлод» таҳти мавзӯи «Саодати якҷояи пиронсолӣ» баргузор гардид.

Дар он раиси «Нуронӣ»-и вилояти Намангон, аъзои Сенати Олий Маҷлис Икромхон Наҷмиддинов, роҳбари шуъбаи вилоятии маркази маданияту маърифати ҷумҳурӣ  Мусохон Оппоқов, ҳокими ноҳияи Косонсой Дилмурод Қодиров ва гурӯҳи нурониён иштирок намуданд.  
Икромхон Наҷмиддинов оиди фаъолияти намунавии бунёд ва саҳми он дар тарбияи насли наврас гуфта гузашт.  
Роҳи зиндагии хушбахтонаи сокинони ҷомеаи шаҳрвандони маҳаллаи Гулистон Зокирхӯҷа  Носиров ва Муҳаббатхон Ҳусаинова, таҷрибаи ғании онҳо ҷиҳати тарбияи фарзандон ба иштироккунандагони озмун чун намунаи ибрат нишон дода шуд. 
– Ба ташкилотчиён ва иштироккунандагон,  ки имрӯз моро эъзозу ҳурмат карда, дар ин ҷо ҷамъ овардаанд, аз таҳти дил миннатдорӣ изҳор мекунам, – мегӯяд  Зокирхӯҷа бобо. – Барои ҳаёти осуда ва фаровонӣ, шароити хубу зиндагии хуш ба роҳбари давлатамон аз номи нурониҳо ташаккури зиёд мегӯям.
Тадбири пурмазмуну ибратбахш  ба ҷамъомадагон таассуроти хушу фаромӯшнопазир гузошт.   

Абдулвоҳид  НУРИДДИНОВ,
ноҳия Косонсой.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: