ТАҶРИБАИ МАКТАБИ КУЛОЛГАРИИ РИШТОН ПАҲН МЕГАРДАД

Дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона бо кумаки молиявии «Ӯзсаноатқурилишбанк» корҳои барпо намудани хонадони кулолгарон ва музей-галереяҳо барои 20 нафар кулол-ҳунармандон оғоз ёфт.

Дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона бо кумаки молиявии «Ӯзсаноатқурилишбанк» корҳои барпо намудани хонадони кулолгарон ва 
музей-галереяҳо барои 20 нафар кулол-ҳунармандон оғоз ёфт. 
Ба мақсади иҷрои қарори Президент аз 28 ноябри соли 2019 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба  рушди минбаъдаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон» оиди ҷалб намудани ҷавонон, занон ва қисми камтаъмини аҳолӣ бо ҳунарҳои миллӣ ва тавассути он таъмин кардани онҳо бо ҷойҳои кор ба зиммаи бонкҳои тиҷоратӣ вазифаҳои устувор гузошта шудааст. 
– Барои тарғиби васеи таҷрибаи мактаби кулолгарии Риштон ривоҷ додани анъанаҳои равияи «Устоду шогирд» дар миқёси ҷумҳурӣ мувофиқгардонии лоиҳаҳои оиди соҳа ва бо маблағ таъминкунии он банк якҷо бо ташкилоти мутасаддӣ муассисаи масъул таъин шудааст, – шарҳ дод роҳбари ахбори бонки «Ӯзсаноатқурилиш» Беҳзод Бозоров. – Алҳол барои самаранок иҷро кардани ин супоришот як қатор корҳо ба амал бароварда мешаванд.
Гуфта шуд, ки масалан, дар бонк самти нав – шуъбаи дастгирии кулолгарӣ ташкил шудааст. Дар филиалҳои минтақавӣ ходимони масъул таъин гардидаанд. Онҳо якҷо бо намояндагони ҳокимиятҳои вилоят, ноҳияҳо ҳамкориро ба роҳ монда, «Харитаи роҳ»-ро кор карда бароварда ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона барои 20 нафар кулол-ҳунармандон корҳои сохтани хонадони кулолгарони дуқабата, ки ҳар яки он 462 метри мураббаъ  аст ва музей оғоз гардид. Қабати аввал устохона ва дӯкони савдо, инчунин дар атрофи ин хонадонҳо корҳои ободгардонӣ низ бурда мешавад. Барои ин сохтмон бо қарори ҳокимияти вилоят 1,1 гектар замини ҳудуд ба захираи ҳокимияти ноҳияи Риштон гузаронида шуд. Ба бунёди маҷмӯаи мазкур 12 миллиард сӯмина инвеститсия дохил гардида, дар давоми 4-5 моҳ он сохта ба истифода супурда мешавад.
Инчунин, бонк якҷо ба иттиҳодия «Ҳунарманд» ва ҳокимиятҳои вилоятҳо барои боз ба 30 шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ дохил кардани мактаби кулолгарии Риштон ба амал баровардани 60 лоиҳаи қиматаш 25,1 миллиард сӯмина ва барпо намудани қариб 400 ҷойи нави кориро ба нақша даровардааст.
Алҳол мувофиқи нақшаи тасдиқшуда барои ба амал баровардани 23 лоиҳа ба маблағи қариб 960 миллион сӯм вом ҷудо карда, барои гузаронидани дарси маҳорати таҷрибаи мактаби кулолгарии Риштон 4 нафар кулолгарони усто ба вилоятҳо вобаста карда шудаанд.

Г. КАБИРОВА, 
хабарнигори  
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: