ТАҶРИБАИ МАҲАЛЛАИ ҚОЛГАНДАРЁ ОММАВӢ ГАРДОНДА МЕШАВАД

Зимни сафар ба вилояти Намангон рӯзҳои 18-19 феврали соли равон Президенти кишварамон бо фаъолони вилоят вохӯрӣ баргузор намуда, дар он оид ба рафъи мушкилоти дар ноҳияҳои дурдаст ҷамъшуда як қатор дастурҳо дод, ки ба онҳо барои рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум эътибори зарурӣ дода намешавад.

Зимни сафар ба вилояти Намангон рӯзҳои 18-19 феврали соли равон Президенти кишварамон бо фаъолони вилоят вохӯрӣ баргузор намуда, дар он оид ба рафъи мушкилоти дар ноҳияҳои дурдаст ҷамъшуда як қатор дастурҳо дод, ки ба онҳо барои рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум эътибори зарурӣ дода намешавад.
Бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои роҳбари давлат ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдуразоқов дар минтақаи дурдасти ноҳияи Мингбулоқ – дар маҳаллаи Қолгандарё бо иштироки роҳбарони соҳа ва шахсони масъул муколамаи амалӣ баргузор намуд.
— Мо бесабаб ҷойи мулоқотро Қолгандарё интихоб накардем, — мегӯяд роҳбари вилоят. — Мо маҳаллаи дурдасттарини ноҳияро ба макони бароҳат ва намунавӣ табдил медиҳем. Вазифаи асосии мо зиёд кардани даромади аҳолӣ, ташаккули малакаҳои соҳибкорӣ дар одамон мебошад. Имрӯз, вақте ки шароити зиндагии аҳолии деҳот дар мамлакати мо беҳтар мешавад, вазифаи таъхирнопазире, ки дар назди мо қарор дорад, аз зиндагӣ розӣ кардани мардум аз ҳисоби  ободонии минтақаҳои дурдаст ва таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Дар баробари беҳтар гардондани инфрасохтори маҳаллаҳои ноҳияҳои дурдаст дар сатҳи талаботи муосир муттасил ташкил кардани хизматрасонии коммуналӣ муҳим аст.
Воқеан, имрӯз сокинони маҳаллаи Қолгандарё аз он шоданд, ки мушкилоте, ки онҳоро нигарон кардааст, ҳалли худро меёбанд. Дар шароити деҳот манбаи асосии даромади аҳолӣ чорводорӣ, паррандапарварӣ ва кишоварзӣ мебошад, бинобар ин, бояд таъминоти об, газ ва энергия доимӣ бошад.
Тадқиқоте, ки дар маҳалла гузаронида шуд, нишон дод, ки дар ин ҷо замин ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бесамар истифода мешаванд. Дар маҳалла 11 кӯча мавҷуд буда, барои онҳо як бонк вобаста карда шудааст. Онҳо бояд бо ҳар як хонавода кор баранд. Дар хонаҳо ҳарчи бештар маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда шавад ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зироатҳои такрорӣ бояд кишт карда шаванд. Барои ин тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Агар барои кишт, сохтмон ва таъмири хонаҳо пул лозим бошад, қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Дар баробари ин, роҳу равиши  соҳибкориро омӯзондан ба одамон аҳамияти муҳим дорад.
Барои ба маҳаллаи намунавӣ ва обод табдил додани Қолгандарё бештар аз 12 миллиарду 539 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Аз ҳисоби ин маблағҳо корҳо барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо гази моеъ, оби нӯшокӣ, барқ, асфалтфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо, таъмири системаҳои равшанидиҳӣ, ташкилотҳои таълими томактабӣ анҷом дода мешаванд.
Ба роҳбарияти «Намангон сув таминоти» супориш дода шуд, ки мушкилоти таъминоти оби нӯшокиро, ки аҳолӣ ба миён гузоштааст, ҳал кунад. Худи ҳамон рӯз муҳандисони гидрогеологӣ оби нӯшокиро дар чоҳҳои мавҷуда санҷида, муайян карданд, ки он барои истеъмол мувофиқ аст. Дар ҳудуди маҳалла 3,5 километр системаи обтаъминкунӣ мавҷуд аст, ки барои пурра қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба оби нӯшокӣ боз 6,8 километр роҳ гузаронидан лозим. Кор дар ин самт аллакай оғоз ёфтааст. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки манораи обфишори фарсуда бо манораи нав иваз карда шавад.
Дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар маҳаллаи Қолгандарё корҳои васеъмиқёси ободонӣ гузаронида мешаванд. Таҷрибаи ин маҳалла дар дигар ҳудудҳои дурдаст низ татбиқ карда мешавад.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: