ТАҶРИБАИ НАВИ ОМЕЗИШИ СУРУД ВА МУСИҚӢ

Дар толори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон консерти дастаи ҳунарии «Мавригӣ»-и Бухоро баргузор шуд.

Он таҳти унвони «Аз пайи Мавригӣ...» роҳандозӣ гардид. Дар консерт бори нахуст  ба суруду таронаҳои диловези мавригӣ садои асбобҳои миллии камера ҷӯр шуд. 
Аъзои дастаи навозандагони асбобҳои миллии камераи “Суғдиёна» бо либосҳои миллӣ рӯйи саҳна баромаданд ва ғайримуқаррарӣ рӯйи катҳо  нишаста машғули мусиқанавозӣ шуданд. Мусиқии онҳо ба суруду таронаҳои мавригӣ ҳамовоз шуд ва дар пеши назар як манзараи ғайритабииро ба вуҷуд овард. Аслан дар консертҳои дастаи ҳунарии “Мавригӣ»-и Бухоро танҳо доира истифода мешавад. Аммо ин бор асбобҳои дастаи навозандагон бо садои доира ва суруду таронаҳо омезиш ёфт.  
Дар консерт овозхонҳои дастаи «Мавригӣ» таҳти роҳбарии Тӯймурод Қодиров хеле хуб ҳунарнамоӣ карданд ва аҳли толорро ба шавқу завқ оварданд. Занон ҳамеша бо рақсҳои пурҷозиба диққати бинандагонро ба худ мекашиданд. Аммо дар ин консерт онҳо табдили ҳунар намуданд ва ба хондани таронаҳои дилошӯб пардохтанд. Дар як тарафи саҳна мардон истоданду дар тарафи дигар занҳо ва чунин ба назар менамуд, ки ду гурӯҳ дар хондани таронаҳо байни ҳам вориди мусобиқа шудаанд.
Якбора дар толор садои диловези барбат баланд шуд. Аҳли толор, ки кафкӯбӣ мекарданд,  ҳамон лаҳза даст аз кафкӯбиҳо  боздоштанду диққати онҳо ба мусиқӣ нигаронида шуд. Навозанда, баъди навохтани як пора мусиқии дилрабо, ба хондан даромад. Вай дар зери садои рӯҳбахши барбат ғазалеро аз  Ҳилолӣ бо назокати хоси мавригӣ замзама кард, ки матлаъаш ин аст:
Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам,
Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам... 
Вақте ки чанд байт замзама гардид, узви дигари даста дар пайравии ӯ ва бо ҳамовозии дастаи навозандагон ба замзамаи ғазали дигаре пардохт. Ба ин тартиб, аҳли толор гоҳ ба хурӯш омада кафкӯбӣ мекарданд ва гоҳ бодиққат гӯш ба садои пурҷозибаи мавригихонҳо медоданд. Дар консерт матнҳои аксари суруду таронаҳоро шеъру ғазалҳои тоҷикӣ ташкил дод.
Овозхонҳои мумтози бухороӣ Ҷасур Муҳаммадов, Моҳичеҳра Шомуродова, Ҳилола Самиева, Ҷамшед Ниёзов, Илҳом Исмоилов, Олимҷон Шодиев ва Дилфуза Қобилова бо ҳунари волои  худ табъи тамошобинонро шод намуданд.
– Чанде пеш ғояи омезиш додани суруду таронаҳои мавригӣ бо садои асбобҳои миллии камера пайдо шуд ва онро хостем таҷриба кунем. Ҳар чӣ дар ин консерт манзури тамошобинон гардид, натиҷаи нахустин таҷрибаи мост. Он бар асари тамринҳои зиёд рӯйи кор омад ва қазоваташ бар дӯши тамошобинон хоҳад буд, ки мо то чӣ андоза муваффақ шудем, – гуфт роҳбари бадеии дастаи навозандагони асбобҳои  миллии камераи «Суғдиёна», Ходими шоистаи санъати Ӯзбекистон Фирӯза Абдураҳимова.
Маъмурияти Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар тавлиди барномаи муштараки мавригихонӣ ва асбобҳои миллии камера, ҳамчунин ба намоиш гузоштани он мусоидат намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: