ТАҶРИБАИ УРГУТ ДАР ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН

Бо ташаббуси сарвари давлатамон ба вилояти Самарқанд кӯмаки иқтисодӣ-иҷтимоӣ расонидан ба ноҳияи Нуқуси Қароқалпоқистон гузошта шудааст.

Дар асоси он Барномаи ободонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми ноҳияи мазкур барои солҳои 2022-2024 тасдиқ гардид.
Бо ҳамин муносибат тадбиркорони минтақаи озоди иқтисодии Ургути вилояти Самарқанд бо корчаллонҳои маҳаллии ноҳияи Ургут ҳамкории иқтисодиро ба роҳ гузоштанд.
Тадбиркори ҷавон, роҳбари корхонаи «Ургутсаноатсервис» Маҷидхон Исломов, ки бо истеҳсоли куртаҳои мардона машғул аст, ба ҷавонони қароқалпоқ роҳи сармоя ёфтанро меомӯзонад, аллакай ба муваффақиятҳо соҳиб гашт.
– Ман чанд маротиба ба ноҳияи Нуқус сафар намудам, – гуфт Маҷидхон Исломов. – Бо шахсоне, ки ҳаваси тадбиркор шуданро доранд, вохӯрда, аз таҷрибаи хеш нақл намудам. Онҳо ба фаъолияти ман мароқ зоҳир карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бизнеси худро ба роҳ гузоранд. Хушбахтона, давлатамон бо кредит кӯмаки моддӣ расонда, имрӯзҳо якчанд нафар бо тадбиркорӣ машғуланд.
Яке аз тадбиркорони ҷавону умедбахш Элмурод Норбоев буда, вай пас аз шинос шудан бо Маҷидхон Исломови ургутӣ дар ноҳияи Нуқус сехи куртадӯзӣ хоҳад кушод. Инчунин, як гурӯҳ аҳли фарҳангу санъат низ ба ин ноҳия ташриф фармуда, зери шиори «Ҷавонони Ӯзбекистон, муттаҳид шавем!» анҷумани бошукӯҳ гузарониданд. 
Сарвари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов бо чанд нафар адибу шоирони самарқандӣ дар мактаби бачагонаи санъат ва мусиқаи рақами 15-уми ноҳияи мазкур вохӯрӣ ба вуқӯъ пайваст.
– Дар асоси ғояи панҷ ташаббуси сарвари давлатамон ба санъат диққати махсус дода мешавад, – гуфт Артисти халқии Ӯзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон. – Шахсан ман дар ноҳияи Нуқус ба он боварии амиқ ҳосил кардам. Ҷавонон бо завқ сурудҳои тоҷикиро низ гӯш карда, кафкӯбӣ намуданд. Саволу ҷавобҳо ба вуқӯъ пайваст, ки ҳозиронро ташрифи мо бефарқ нагузошт. Умед дорам, ки сӯҳбати ошкоро ва дилнишин барои ба саҳна омадани санъаткорони ҷавон хизмат хоҳад кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: