ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ САЗОВОР – ТАҚОЗОИ ДАВР

Замони пуршиддати ҳозира тақозо мекунад, ки ҳар як соҳа муттасил инкишоф дода шавад.

Замони пуршиддати ҳозира тақозо мекунад, ки ҳар як соҳа муттасил инкишоф дода шавад. Таълими халқ бошад, яке аз муҳимтарин масъалаҳост. Фарзандонамон бояд ба асосҳои илм ва донишҳои замонавӣ фаро гирифта шаванд. Барои тайёр кардани кадрҳои  пешбиникардаи мо дар навбати аввал, устод ва мутахассисоне лозиманд, ки қобилият ва маҳорати баланди педагогӣ доранд, ҳаёти худро бе мактаб ва мактабиён  тасаввур карда наметавонанд, дар роҳи таълиму тарбияи муносиб аз истеъдод, малака ва ҳунари омӯзгориашон истифода мебаранд.
Шиори давр – бунёди Ӯзбекистони нав. Таълим ва тарбия низ дар ин самт бояд сифатан нав бошад. Вале дар биноҳои равшан ва замонавии муассисаҳои таълимии бо технологияҳои пешқадами асрӣ муҷаҳҳаз омӯзгорони мо пайи навҷӯиянд ё бо ҳамон усули пештара дарс мегузаранд? Оё дастуруламал ва китобҳои дарсӣ ба талаботи рӯз ҷавоб медиҳанд?
Президентамон дар яке аз ҷамъомадҳои видеоселекторӣ, ки ба масъалаҳои боз ҳам равнақ додани соҳаи таълими халқ бахшида шуд, ба ин масъала аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо дод. Гуфт, ки падару модарон, аҳли ҷомеа ва дар ин қатор хонандагони мактаб аз норасоиҳои як идда китобҳои дарсӣ барҳақ эътироз мекунанд, барномаҳои таълимӣ бо мавзӯъҳои китобҳои дарсӣ ҳамоҳанг нестанд, сарбориҳои дарсӣ ва миқдори соатҳои таълимӣ бояд аз нав таҷдиди назар шаванд. Мактабро тағйир надода, ҷамъиятро дигаргун сохтан душвор, таъкид сохт роҳбари давлати мо. Инчунин роҳбари давлат ғояи пешқадами «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз сохтори таълиму тарбия сар мешавад»-ро ба миён гузошт. Дар ҷамъомад  вай ба фаъолияти муассисаҳои таълими олии педагогӣ аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо дода, таъкид сохт, ки нақши ин сохтор дар такмили ҷараёни таълиму тарбия дар дабистонҳои таълими умумӣ эҳсосшаванда нест.
Яке аз масъалаҳои рӯзмарраи соҳа нарасидани кадрҳои болаёқати дорои  маълумоти олӣ мебошад. Хусусан дар ҳудудҳои дурдаст бинобар маҳдудияти имконият омӯзгороне, ки маълумоти миёнаи махсус доранд, барои  маълумоти олӣ гирифтан душворӣ мекашанд. На ҳамаи муассисаҳои таълими олии омӯзгорӣ шуъбаҳои ғоибона доранд ва ҳоказо.
Баъди пӯшидани шудани Донишкадаи омӯзгории Ангрен, ки асосан дабистонҳои вилояти Тошкандро ба кадр таъмин месохт, эҳтиёҷ ба кадрҳои ҷавон дар вилояти номбурда бештар ҳис гашт. Ҳатто дар дабистонҳое ҳам, ки аз пойтахт чандон дур нестанд, нарасидани кадрҳо ба сифату таълим дар вилояти Тошканд таъсири ногувор расонданд.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ташкил кардани Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ дар вилояти Тошканд» аз 27 июли соли 2017 ба имзо расид. Аҳли вилоят, хусусан алоқамандони таълим аз ин навигарӣ бағоят мамнун шуданд. Бовар доштанд ташкил шудани институти нав дар боз ҳам такмил додани сохтори таълими томактабӣ дар вилоят, беҳсозии куллии дараҷаи омодасозии бачаҳо ба мактаб, татбиқи барномаҳои замонавӣ дар ҷараёни таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои педагогии малаканок бобати ривоҷ додани қобилияти ҳарҷонибаи зеҳнӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии ҷавонон аҳамияти махсус касб менамояд.
Саҳл кам чаҳор сол мегузарад аз миён. Дар муассисаи нави таълими олӣ оиди омодасозии бунёдкорони ояндаамон чи корҳо ба сомон расонда мешаванд? Бинобар қонеъ сохтани эҳтиёҷи муассисаҳои томактабии вилоят бо тарбиятгарон, ҳамчунин таъмин сохтани дабистонҳо ва муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ бо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, хусусан мутахассисони соҳаи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ чӣ чораҳо андешида ва ба амал бароварда шуданд? Ҳаракатҳо бо мақсади дар ҷойҳо ташкилсозии сохтори омодасозии кадрҳо ва боз ҳам такмил додани сифати таълим, ки ба дараҷаи стандартҳои байналхалқӣ ҳамоҳанг мебошад, чи гуна самара бахшиданд?
Донишкада назди худ вазифа гузошт таъмини омодасозии кадрҳои сифатноки омӯзгорӣ, ҳалли масъалаҳои илмӣ-методии рушди соҳаи таълими педагогӣ, пешбурди тадқиқотҳои илмии ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами хориҷӣ равонашударо дар асоси талаботи замон ба роҳ гузорад. Барои бо тадқиқотҳои илмӣ машғулшавии ҷавонон – донишҷӯёни қобилиятнок низ шароит муҳайё карда шуданд.
Дар муддати кӯтоҳ бо мақсади ба амал баровардани лоиҳаҳои таълимию илмӣ, ба ҷараёни таълимию ҷустуҷӯҳои илмӣ ҷалбнамоии мутахассисони ҷавон бо як қатор муассисаҳои таълими олии соҳаи омӯзгории мамлакат, айни замон бо даргоҳҳои бонуфузи таълими олии хориҷӣ, марказҳои илмӣ-таълимии байналхалқӣ робитаҳои ҳамкорӣ устувор гардид. Тавассути ба муассисаҳои таълими олӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ мунтазам фиристода шудани хатмкардагони истиқболнок дар самтҳои магистратура ва докторантура бовар ҳаст салоҳияти илмӣ-педагогии ИДПЧ ба дараҷаҳои баланд хоҳад баромад. Бобати тарбияи кадрҳо ва омодасозии мутахассисони малаканок таҷрибаи кадом мамлакатҳо бештар қобили таваҷҷӯҳ?
– Воқеан барои дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муносиб пайдо кардан ҳаракатҳои амалӣ, натиҷаҳо, ягонагӣ, якдилӣ, муштаракии мақсадҳо бағоят муҳим, – мегӯяд ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ, арбоби фанни Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғафурҷон Муҳамедов. – Дар боби эътибор ба таълим таҷрибаҳои андӯхтаи Сингапур, Финляндия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон барин кишварҳои рушдёфта аҳамияти беқиёс доранд. Чанд даҳсола пештар Сингапурро ҷаҳон намешинохт. Аз он ки ба таълим сармояи калон ҷудо кард ва ба омодасозии кадрҳои лаёқатнок аҳамияти аввалдараҷа дод, натиҷаи ин амал зуд самар бахшид ва ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратноки дунё табдил ёфт. Маҳз кадрҳо дар ин мамлакат ҳамаи масъалаҳоро ҳал ва ба пешравиҳо сабаб шуданд. Дар Сингапур бино бар такмили малакаи муаллимон Институти таълими миллӣ фаъолият мебарад. Дар ин институт дар се самт: омӯзгорони касбӣ, мутахассисоне, ки дар вазорати таълим фаъолият мебаранд, роҳбари маъмурияти мактаб ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Маскани маърифати зикршуда оиди таҳлил карда рафтани амалиётҳои педагогии дар дунё намуна тадқиқотҳои фаъолона пеш мебарад. Ҷуз ин дар мактабҳои Сингапур муаллимони таҷрибанок кадрҳои ҷавони педагогиро ба шогирдӣ мегиранд, анъанаи устод-шогирд дар соҳаи таълим хеле хуб ба роҳ гузошта шудааст.
– Вазорати таълим аз байни хатмкардагони дабистонҳои таълими умумӣ беҳтаринҳоро ҷудо мекунад, тӯли се сол ба онҳо таълими педагогӣ дода мешавад, стипендияе, ки донишҷӯ мегирад, ба 60 фоизи музди меҳнати омӯзгор баробар аст. Хуллас, дар Сингапур формулаи ягонаи ноил шудан ба муваффаҳият – хондан ва омӯхтан. Месазад онро дар Ӯзбекистон низ татбиқ кард. Вақтҳои охир мафҳуми «кластер» сари забонҳост. Кластер дар соҳаи таълим низ ҷорӣ ва кластери инноватсионии таълими педагогӣ ҷиҳатҳои ба худ хос дорад, – гӯён фикри хув  идома медиҳад ректори ИДПЧ Ғ.Муҳамедов. Мувофиқ ба таҷрибаи байналхалқӣ ҷамоаи педагогии мо офаридани асосҳои назарию амалии кластери инноватсионии таълими педагогиро яке аз самтҳои устувори тадқиқоти илмӣ-стратегии худ мешуморад.
Ин ҷараёни ноанъанавӣ ҷорӣ сохтани инноватсияҳоро ба соҳа, баланд бардоштани самаранокии интегратсияи фан ва истеҳсолот, мустаҳкамсозии нуфузи касбии омӯзгорро дар ҷамъият тақозо менамояд.
Аввалин натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ, ки омӯзгорон – муҳаққиқони ИДПЧ ба даст овардаанд, қонеъкунанда буда, аз ояндадории кластерҳои инноватсионии таълими педагогӣ дарак медиҳанд.
Вақти он расида, ки ташаббусҳои нек дастгирӣ ёфта, таҷрибаи вилояти Тошканд дар чанде аз самтҳои таълими олӣ оммавӣ гардонда шавад.
Хушоянд боз он ки дар чанде аз факултаҳои ИДПЧ шуъбаҳои тоҷикӣ мавҷуданд. Дар риштаҳои забон ва адабиёти тоҷик, таълими ибтидоӣ ва томактабӣ тоҷикзабонон метвонанд бо забони модариашон таҳсил намоянд. Эътиборан аз соли таҳсили 2020-2021 дар риштаи таълими ибтидоӣ имконияти ғоибона таҳсил кардан низ фароҳам омад. Қабул дар шакли онлайн ба вуқӯъ пайваст ва онҳое, ки холҳои баланд гирифтаанд, аз сафи донишҷӯён ҷой гирифтанд.
– Кушода шудани шуъбаи ғоибона бо тоҷикиро дер боз нигарон будам, – мегӯяд сокини вилояти Тошканд Мафтуна Ҳакимова, – зеро нияти дар институт хондан дар қалбам маъво гирифта бошад ҳам, шароити оилавӣ ба таҳсили рӯзона имкон намедод. Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ шуъбаи ғоибонаи таълими ибтидоӣ кушода шуду аз санҷишҳои тестӣ бомуваффақият гузашта ва донишҷӯ шуда, ба орзуи деринаам расидам.
Кушодашавии шуъбаи ғоибона мушкили онҳоеро ҳам осон гардонд, ки бо маълумоти миёнаи махсус дар дабистонҳои таълими умумӣ кор карда, мехоҳанд хонанд ва маълумоти худро олӣ гардонанд.
– Аз 34 нафар, ки ба курси аввал қабул шудаанд, аксарият аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона мебошанд, – таъкид месозад мутасаддии гурӯҳ Фаридун Очилов, ки баробари дар ИДПЧ омӯзгорӣ кардан ҷустуҷӯҳои илмӣ пеш мебарад. – Ҷуз ин тоҷикон аз вилоятҳои Тошканд, Навоӣ, Қашқадарё, Сурхондарё ва Ҷиззах ба таҳсили ғоибона фаро гиифта шудаанд. Устодон ва пажӯҳишгарон Алиҷон Каримҷонов, Тиллоҷон Носирова,  Ҳошимҷон Қӯчқоров, Солеҳҷон Тошов, Ҳуррият Ортиқалиева, Тӯхта Юлдошева, Дилноза Каримҷонова низ дар шуъбаҳои тоҷикӣ дарс мегузаранд. Дотсенти кафедраи синфҳои ибтидоӣ  номзади фанҳои педагогӣ А.Каримҷонов муаллифи чандин монография, дастуруламал ва китобҳои дарсист. «Инкишофи нутқи хонандагон дар таълими савод» ном дастури методиаш барои синфҳои ибтидоии мактабҳои тоҷикӣ дар арафаи чоп. Т.Носирова, ки низ бо шуъбаҳои тоҷикӣ сарукор дорад, баробари дарс додан ба таълифи дастуруламал ва мураттабсозии хрестоматияҳо вақт меёбад.
Дар ҷое, ки кор ҳаст, мушкилот низ ҳаст. Проблемаи асосӣ – нарасидани мутахассисон, яъне кадрҳои илмию педагогӣ ба шуъбаҳои тоҷикист. Дар ИДПЧ 18 нафар донишҷӯён аз худи Чирчиқ, вале ягона мактаби тоҷикие, ки ин ҷо мавҷуд буд, алҳол пӯшида шудааст. Баъди хатми донишкада донишҷӯён аз ин шаҳр дар куҷо кор мекунанд? Таълими томактабиро низ ин ҷо фаро гирифтан имконпазир шудааст, вале боғчаи бачагонаи тоҷикӣ – тухми анқо...
Умед аст норасоиҳо бо саъйи комили онҳое, ки алоқаманд бо ИДПЧ мебошанд, барҳам мехӯранд. Ин маскани маърифат барои муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабии таҳсилашон бо тоҷикӣ низ кадрҳои ҷавони ояндадор тайёр мекунад.

М.ШОДИЕВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: