ТАЙЁРИИ ФАЪОЛОНА БА ҶАМЪОМАДИ СҲШ

9-10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. 29 май дар Тошканд бахшида ба ин анҷумани бузург нишасти матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст.

9-10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. 29 май дар Тошканд бахшида ба ин анҷумани бузург нишасти матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафоратҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки нуфузи Созмони ҳамкории Шанхай торафт баланд гардида, алоқаҳои муфиди тарафайни давлатҳои аъзо дар ҷанбаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва инсонпарварӣ инкишоф ёфта, робитаҳо дар соҳаҳои муқовимат бар зидди терроризм, ифроткории динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи моддаҳои нашъаовар ва силоҳ, бехатарӣ ва суботнокии минтақавӣ мустаҳкам мегардад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶМЧ дар мамлакатамон хонум Тзян Ян зикр намуд, ки дар ҷамъомади Синдао роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Сзинпин раисӣ хоҳад кард, ба вохӯрӣ дар дараҷаи олӣ роҳбарони давлатҳои аъзо ва мамлакатҳои нозири СҲШ, вакилони ташкилотҳои байналхалқӣ даъват гаштаанд. Инчунин мубодилаи афкор дар заминаи вазъияти имрӯза ва истиқболи рушди СҲШ, ҳамкории ҳаматарафа, чандин масъалаи байналхалқӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба суханони ӯ, дар доираи ҳамоиш дар Синдао мулоқоти дуҷонибаи Раиси ҶМЧ Сӣ Сзинпин бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешбинӣ гаштааст. Дар поёни ҷамъомад интизорӣ меравад, ки Декларатсияи Синдао ва ҳамчунин қариб 20 ҳуҷҷат, ки ба  таъмини бехатарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва инсонпарварӣ иртибот доранд, ба имзо расанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Абдувоҳидов таъкид кард, ки дар доираи раёсати худ дар СҲШ ҶМЧ кори босамар ва муваффақиятнокро ворид намуд. Дар соли охир бо иштироки роҳбарони вазорат ва идораҳои мухталифи давлатҳои аъзо беш аз 100 ҳамоиш ташкил гардид, ки дар онҳо вакилони Ӯзбекистон фаъол иштирок доштанд. Намояндаи идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон таъкид кард, ки дар зуд ҳаллу фасл намудани масъалаҳое, ки бо омодагӣ ба ҳамоиш иртибот доранд, бо намояндагони сафорати ҶМЧ ва дигар давлатҳои аъзои СҲШ дар мамлакатамон ҳамкории зич бурда мешавад.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки ҳамоиши навбатӣ барои муайян намудани нақшаҳои мушаххас дар заминаи рушди СҲШ, ба дараҷаи боз ҳам баланд бардоштани ҳамкории бисёрҷанба дар чандин соҳа имконоти бузургро ба вуҷуд меорад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: