ТАЙЁРИИ ҶАВОНОН

Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият ба шумор мераванд.

Барои ояндаи ҷомеа худро масъул ҳисобида, дар соҳаҳои гуногун бештар кӯшишу ғайрат нишон додани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки боиси хурсандист. Инчунин, дар маъракаҳои сиёсии кишвар фаъолона иштирок кардани ҷавонон омили аз ҳар ҷиҳат пешравии онҳо мегардад.  
Дар чорабиниҳои «Моҳонаи тарғиби қонунгузории интихобот», ки аз 20 октябр то 20 ноябри соли ҷорӣ дар кишвари мо идома дорад, ҷавонон фаъол ширкат меварзанд.
Дар Маркази байналхалқии матбуот бо иштироки як гурӯҳ донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Тошканд бо намояндагони ВАО ва аъзои Комиссияи марказии интихобот вохӯрӣ баргузор гардид.
Иштирокдорони вохӯрӣ аввало бо фаъолияти маркази оҷилии ахбор «Call centre», ки дар Маркази байналхалқии ахбор ташкил шудааст, шинос гардиданд. Дар ин ҷо ба воситаи муроҷиат бо рақами кӯтоҳи телефони 1197 аз гӯшаи дилхоҳи ҷумҳурӣ ба саволҳои оид ба интихобот ҷавоб гирифтан мумкин аст. 
Бо ҷавонони интихобкунанда  бинобар баргузории интихобот мулоқот гузаронда шуд. Айни замон беш аз 60 фоизи аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар интихоботи имсола беш аз 2 миллион нафарро айнан ҷавононе ташкил медиҳанд, ки бори аввал овоз дода истодаанд. Рӯзи интихобот ҷавонони ба синни 21 расида ба депутатии шӯроҳои маҳаллӣ, аз синни 25 бошад, ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ҳуқуқи интихоб шудан доранд.
Таъкид гардид, ки ҳар як ҷавон барои ободии мамлакат бояд ҳиссаи худро гузорад, зеро оянда кишвари мо аз онҳо умеди калон дорад. Ба ин хотир, бояд онҳо дар ҷараёнҳои сиёсӣ фаъол ширкат варзида, дар интихоби номзади муносиб ташаббус нишон диҳанд. Барои ин зарурати баланд бардоштани дониши сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон пеш меояд, ки бояд ба таври дилхоҳ роҳандозӣ карда шавад.
Дар чорабинӣ принсипҳои интихоботи дар Кодекси интихобот муайяншуда, қоидаҳои вобаста ба ҳуқуқи интихобот ва интихобкунии шаҳрвандон, навигариҳо ва маълумотҳои барои ҳар як интихобкунанда зарур, тартиби пуркунии бюллетенҳои интихобот ва қоидаҳои вобаста ба иштироки интихобкунандагони ҷавон дар овоздиҳӣ, ба таври васеъ фаҳмонда шуд. 

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: