ТАЙЁРӢ БА ИНТИХОБОТ

Чи хеле ки маълум аст, мувофиқи қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 феврали соли 2019 моҳи майи соли ҷорӣ дар мамлакатамон интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон баргузор мегардад.

Ба ин муносибат мо аз раиси комиссияи кӯмакрасони ноҳияи Вобканд оид ба ташкил намудан ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон, намояндаи Шӯрои вилоят Мақсуд ҲАМИДОВ хоҳиш намудем, ки дар бораи ҷараёни корҳои омодагӣ дар ноҳия ба ин тадбири пешистода таваққуф кунад.
– Мувофиқи моддаи 105-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон», моддаҳои 8 ва 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон», инчунин қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 феврали соли 2019 «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» ва қарорҳои дахлдори шӯроҳои намояндагони халқи вилояту ноҳия ҳайати комиссияи кӯмакрасони ноҳия оид ба ташкил намудан ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон созмон ёфт, – оғоз намуд вай. – Аъзои комиссия баҳри кӯмакрасонӣ ба интихоботи пешистода ба гурӯҳҳои кӯмакрасон оид ба ташкил намудан ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон вобаста гардидааст. 
Дар тамоми ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия (онҳо 44-то) комиссия ҷамъомад гузаронд. Дар онҳо оиди созмон додани гурӯҳҳои корӣ бобати ташкил намудан ва гузарондани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон қарорҳо қабул гардид. Ҳамин тариқа гурӯҳҳои корӣ созмон ёфт.
Дастуруламали Сенати Олий Маҷлис ва Шӯрои ҷумҳурии ба танзимдарории фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон «Тавсияҳои услубӣ дар бораи ташкил намудан ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» дастраси ҳамаи гурӯҳҳои кории ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо гардид. Аз ҷониби гурӯҳҳои кории ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо дар гузару деҳаҳо ҷамъомадҳо гузаронида шуда, дар онҳо номзадҳо интихоб гардида, ба комиссияи кӯмакрасони ноҳия пешниҳод карда шуданд.
6 апрели соли 2019 таҳти роҳбарии Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Йӯлдошев видеоселектор бобати таъмин намудани иҷрои қарори Сенати Олий Маҷлис аз 15 феврали соли 2019 «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» баргузор гардид. Дар он аъзои комиссияи кӯмакрасони ноҳия, раисони гурӯҳҳои кории тамоми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
5-6 апрели соли ҷорӣ гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оиди ба танзимдарории фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, Институти мустақили мониторинги ташаккулёбии ҷамоати шаҳрвандӣ ва кормандони садорати адлияи вилоят дар ноҳия бо ҳар як номзад ба раисии маҳалла суҳбат гузаронд. Дар натиҷа аз 214 нафар номзад 134 нафар монд. Албатта, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳое, ки номзадашон дар ҷараёни суҳбат номувофиқ дониста шуд, аз тарафи гурӯҳҳои кории онҳо номзади нав пешбарӣ гардид. Ин ҷараён ҳамоно идома дорад.
Мувофиқи таклифи гурӯҳҳои кории ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия ҷадвали интихобот таҳия ёфт ва тасдиқ шуд. Ҳамин тариқ, дар ноҳия маъракаи интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо аз 1 май то 17 май сурат мегирад. Дар ҳудудҳо барои фаъолияти муътадили гурӯҳҳои корӣ дар биноҳои ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо хонаи алоҳида ҷудо гардида, дар онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

А.АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: