Дар доираи тайёрӣ ба ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дувуми ҷаҳон ва абадӣ гардондани нақши халқи Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди фашизм Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мамлакатҳои Бенилюкс Дилёр Ҳакимов бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои дипломатии мамлакатҳои ИДМ, ки дар Брюссел номнавис шудаанд, вохӯрд.
Дар рафти музокирот дипломати ӯзбекистонӣ таъкид намуд, ки ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ин таърихи бузурги умумӣ мебошад, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашуда, он даъват менамояд, ки сулҳу осоишро нигоҳ дорем, бо тамоми халқҳо дар муҳити дӯстӣ ва ризоият зиндагӣ кунем, ояндаи умумиро бунёд намоем.
Мусоҳибон аз он хабардор карда шуданд, ки чун мамлакатҳои ИДМ Ӯзбекистон низ бинобар муносиб ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ омодагии бузург мебинад. Таъкид гардид, ки дар яке аз ҷойҳои хушманзараи Тошканд ба муносибати санаи ҷашнӣ боғи Ғалаба сохта хоҳад шуд.
Дар вохӯрӣ ҷамъомадагон бо девораи 3D-и иттилоотӣ, ки ба қаҳрамонии 101 нафар сарбози ӯзбекистонӣ бахшида шудааст, шинос карда шуданд. Онҳо дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар конслагери «Амерсфорт» (Нидерландия) ҳалок шудаанд. Деворае, ки дар Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Брюссел насб карда шудааст, бо дастгирии молиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон созмон дода шуд. Ба тамоми иштирокдорони вохӯрӣ китоби «Саду як», ки дар асоси фактҳои ҳуҷҷатии Юлия Медведковская ва Анвар Иргашев навишта шудааст, туҳфа карда шуданд.
АА «Дунё»,
БРЮССЕЛ.