ТАЙЁРӢ БА ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли ҷорӣ дар шаҳри таърихии Шаҳрисабз ҷашнвораи байналхалқии мақом баргузор гашт.

Дар он меҳмонони зиёд аз қитъаҳои Осиё, Аврупо ва Африқо иштирок карданд ва ба ин санъати миллии мо баҳои сазовор доданд. 
Оре, мардуми мо бобати ташкил намудан ва гузарондани чунин анҷуманҳо таҷрибаи кофӣ дорад ва метавонад ҳама гуна ҷашнвораҳои байналхалқиро баргузор кунад.
Ба қарибӣ Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев барои гузаронидани боз як анҷумани байналхалқӣ – санъати бахшигӣ қарор интишор кард. Тибқи ин қарор ҷашнвора бояд дар шаҳри Тирмизи куҳан баргузор гардад. Баҳри ба амал татбиқ сохтани ин иқдоми нек аъзои Гурӯҳи кории Девони Вазирон бо роҳбарии муовини Сарвазир А. Абдуҳакимов дар шаҳри Тирмиз дар қасри муҳташами санъати вилоят нахустин ҷамъомади ташкилиро доир намуд. 
Дар он кормандони соҳаи маданияти ноҳияҳо, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, ҳофизони халқӣ иштирок карданд.
Ба ҷамъомади ташкилӣ муовини Сарвазир А. Абдуҳакимов роҳбарӣ кард ва дар назди ҳозирин нутқ эрод намуд. Номбурда қайд кард, ки мо бояд суннатҳои миллии худро пос дорем ва дар роҳи эҳёи онҳо саъю кӯшиш кунем. Мо ҳангоми омодагӣ ба ҷашнвораи байналхалқии мақом, ки дар Шаҳрисабз барпо гашт, таҷриба андӯхтем ва дар назди меҳмонони хориҷӣ ҳуввияту суннатҳои миллии хешро дар сатҳи олӣ намоиш додем, – гуфт дар хотимаи суханрониаш А. Абдуҳакимов. 
Дар маҷлис чанд нафар ба сухан баромада, қайд карданд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чунин як анҷумани байналхалқӣ бояд роҳу хиёбон, боғу майдон, меҳмонхонаву тарабхона,  қасрҳо ва толорҳои консертӣ, ҷойҳои баргузории нишастҳои матбуотӣ ва ғайра ободу зебо ва муҷаҳҳаз бошанд. Инчунин таъкид гардид, ки дар бораи ҷараёни тайёрӣ ба ҷашнвора ба Гурӯҳи корӣ мунтазам ва сари вақт маълумот пешкаш карда шавад. 

Нуралӣ РАҶАБ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: