ТАЙЁРӢ БА МАВСИМИ ҒАЛЛАДАРАВӢ

Дар Бухоро бо мақсади табъи дил гузаронидани мавсими ғалладаравӣ семинар ба амал омад.

Дар он алоқамандони соҳа ҷамъ омада, бобати ҳаллу фасл намудани масъалаҳои пешистода чораю тадбирҳо андешиданд. 


Аз ҷумла, бе каму кост гузаронидани мавсим, омода намудани комбайнҳои ғалладаравӣ ва автомобилҳои боркашон, сари вақт таъмин намудани онҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ, созмон додани отрядҳо ва оқилона ташкил намудани фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо мавриди муҳокима қарор ёфтанд.
Таъкид ёфт, ки алҳол 182 комбайн ва беш аз 980 мошини боркашон омодаи кор гардида, корхонаҳои хидматрасонию таъминнамоӣ ва дигар воситаҳои техникии ёрирасон ба мавсим тайёр шудаанд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: