ТАЙЁРӢ БА МОҲИ РАМАЗОН

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистон доир ба тайёрӣ ва баргузории моҳи шарифи Рамазон, дар мамлакатамон бо кайфияти баланд гузарондани моҳи муборак нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он ходимони масъули идора, Кумитаи оид ба корҳои дин олимон, имом-хатибон, мударрисон ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд. 
Тавре ки муовини раиси Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистон Шайх Абдулазиз Мансур таъкид намуд, имрӯзҳо дар масҷиду мадрасаҳои кишвар ба пешвози моҳи Рамазон корҳои тайёрӣ бурда мешаванд, бобати пурфайз гузарондани чорабиниҳои хатми Қуръон ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба мӯъмину мусулмонҳо як қатор корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд. 
Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуримон Абулҳасан бобати дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ тарғиб намудани шукуҳи моҳи Рамазони мамлакат, боз ҳам фаъол шудани имому муллоҳо, бинобар ихчам ва ботартиб гузарондани чорабиниҳое, ки дар ин моҳи муборак гузаронда мешаванд, маълумоти муфассал дод.   
Тавре ки таъкид гардид, оғози моҳи Рамазон дар мамлакатамон мувофиқи маълумоти пешакӣ ва тақвим,  рӯзи якуми он ба 17 май рост меояд. 
Дар анҷоми нишаст оиди боз ҳам пурфайз гузарондани моҳи Рамазон дар мамлакат аз ҷониби мутахассисони соҳа маълумоти муфассал пешкаш гардид ва ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб гардонда шуд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: