ТАЙЁРӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Ҳарчанд ки монеъгиҳои зиёд таҳдид доранд, зиндагӣ бо роҳи худ равон аст.

Ҳарчанд ки монеъгиҳои зиёд таҳдид доранд, зиндагӣ бо роҳи худ равон аст.
Ғамхориҳои давлат бобати таълиму тарбияи наврасон пай дар пай зоҳир мегардад. Ҷараёнҳои навсозӣ, таъмири таълимгоҳҳо, мувофиқи талабҳои имрӯза ҷиҳозонидани онҳо, пайваста фароҳам овардани шароити дилхоҳ барои донишомӯзон аз ин гувоҳӣ медиҳад. 
Соли хониши гузашта дар ноҳияи Ҷондор мактабҳои рақами 1, 12, 18 ва 32 аз нав сохта шуда, барои таълиму тарбияи шогирдон имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда буд. Имсол низ ин ҷараён дар ноҳия дилпурона идома дорад. Барои мукаммал таъмир намудани чор таълимгоҳи навбатӣ ва бо ин мақсад харҷ кардани 18 миллиард сӯм ҷараёни кор суръат гирифтааст. Аз ҷумла, ин ҷараён дар мактабҳои рақами 2 (аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Омега Агрострой» ба андозаи 6 миллиард сӯм), рақами 21 (аз тарафи ҶММ «СДФ» ба андозаи 3 миллиарду 700 миллион сӯм), рақами 49 (бо иштироки ҶММ «Рӯзим Саъдуллоев» ба андозаи 4 миллиарду 152 миллион сӯм) ва рақами 4 (аз тарафи ҶММ «Реал нефтгаз транс» қимати лоиҳавиаш 4 миллиарду 100 миллион сӯм) бо рӯҳбаландӣ ҷомаи амал мепӯшанд. Бояд таъкид намуд, ки мактаби рақами 4-уми ноҳия дар деҳаи дурдасти Мурғак дар бинои мувофиқгардондашудаи боғча фаъолият дошт. Ниҳоят, орзуи деринаи аҳолии деҳа ҷомаи амал мепӯшидагӣ шуд. Наврасони ин ҷо аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба бинои нави мактаби бо тамоми имкониятҳо молик хоҳанд рафт.

 А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: