ТАЙЁРӢ ДАР АВҶ АСТ

Имрӯзҳо дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона баҳри муташаккилона баргузор кардани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо ҷидду ҷаҳд тайёрӣ мебинанд.

Барои баланд бардоштани дониши сиёсии  ҳар як узви комиссияи интихоботии ҳавза ва қитъаҳои он машварат-тренингҳо гузаронида мешаванд. 
Тренерҳои соҳибмалака Худодод Юнусов, Гулшан Иброҳимов, Фаррух Эрназаров ва Илҳом Абдумаҷидов дар мактабҳои рақами 1, 5, 7 ва 27-уми ноҳия дарсҳои малакаву маҳорат гузаштанд.  
Чунин машғулиятҳо то 26-уми ноябр давом мекунанд.

Анварҷон ҶӮРАЕВ.
Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: