Президент Шавкат Мирзиёев 3 апрел оид ба чораҳои навсозии низоми таъминоти гармӣ дар объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Имрўз дар 15 ҳазор иншооти иҷтимоии ҷумҳурии мо шабакаҳои гармидиҳӣ фарсуда буда, ба таъмир ниёз доранд. Ҳангоми истифодаи онҳо 35 фоизи энергияи гармӣ талаф меёбад, ҳарорати гармкунӣ дар онҳо назар ба меъёр 2 баробар паст аст.
Дар ноҳияи Бӯстони вилояти Андиҷон оид ба навсозӣ ва идоракунии системаи гармидиҳӣ дар асоси шарикии хусусӣ таҷриба гузаронида шуд. Дегҳои гармидиҳиро бо дегҳои замонавӣ иваз карда, ба ихтиёри идораи хусусӣ гузарониданд, ки ин боиси кам шудани сарфи энергия ва баланд шудани ҳарорати дохили биноҳо гардид. Ҳарорати оптималӣ дар объектҳои иҷтимоӣ ҳатто дар давраи сардии ғайримуқаррарии зимистони соли гузашта таъмин карда шуд.
Дар ҷамъомад таклифҳо оид ба вусъат додани ин таҷриба муҳокима шуданд. Пешниҳод мешавад, ки системаҳои гармидиҳӣ ба муддати 10 сол ба ихтиёри соҳибкорон дода, хидматрасонии онҳо аз ҳисоби давлат харидорӣ карда шавад. Нисфи маблағҳои зарурӣ барои таҷдиди шабакаҳо аз ҳисоби буҷет, нисфи маблағ аз ҳисоби шарики хусусӣ ҷудо карда мешавад. Илова бар ин, ба муҳлати ду сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани ҷузъҳои зарурӣ барои истеҳсоли дегҳои гармидиҳӣ пешбинӣ шудааст. Сарвари давлатамон ин пешниҳодҳоро маъқул дониста, оид ба масъалаҳои ташкилию молиявӣ супоришҳо дод.
Ба масъулин супориш дода шуд, низомии гармидиҳии иншооти иҷтимоии ноҳияву шаҳрҳо, бо ба идоракунии онҳои ҷалб намудани соҳибкорон инвентаризатсия ва тадриҷан нав карда шаванд. Таъкид шуд, ки барои кам кардани талафоти энергия ва нигоҳ доштани гармӣ дар биноҳо чораҳо дида шаванд. Супориш дода шуд, ки бо иштироки сармоягузорон истеҳсоли дегҳои гармидиҳии каммасраф ба роҳ монда шавад.
Дар ҷамъомад масъалаи бо ангишт таъмин кардан низ муҳокима шуд.
Солхои охир истеҳсоли ангишт дар мамлакати мо аз 3 миллион ба 5,4 миллион тонна расид. Имсол истеҳсол кардани кариб 6 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Аммо талабот ба ангишт хеле зиёд аст.
Ба ин муносибат, Президент оид ба ҷалби бахши хусусӣ ва технологияҳои нав ба коркарди конҳои ояндадор ва баланд бардоштани сифати ангишт дастур дод.