ТАКМИЛ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ШОРЕҲОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ маҷлиси Шӯрои шореҳони байналхалқии назди Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар он намояндагони пешбари ВАО, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои забонҳои ҷаҳон, миллӣ ва журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистон Х.Салимов, раиси Шӯрои шореҳони байналхалқӣ Қ.Каримбеков ва дигарон оиди нақши ВАО, дар майдони байналхалқӣ ташаккул додани имиҷи мамлакати мо омилҳои асосии талабҳое, ки дар омода кардани шарҳҳои байналхалқӣ гузошта мешаванд, тайёр кардан ва баланд бардоштани самаранокии мақола, барномаҳои садову симо сухан карданд.
Таъкид гардид, ки дар ҳамҷамъияти ҷаҳон Ҷумҳурии Ӯзбекистон субъекти дорои ҳуқуқи мукаммали муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Сиёсати хориҷии он ба баробарии суверени давлатҳо, қувва истифода набурдан ё бо зӯрӣ таҳдид накардан, дахлнопазирии сарҳадҳо, бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳо, ба корҳои дохилии давлатҳои дигар дахолат накардан ва қоидаву меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ асоснок мешавад. ВАО-и мамлакати мо низ ҳангоми эълони шарҳҳои байналхалқӣ бояд ба чунин омилҳо амал кунанд.
Ӯзбекистон бо ҳамаи мамлакатҳое, ки аз ҳамкории онҳо манфиатдор аст, муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ кардааст. Хусусан, бо як қатор давлатҳо муносибатҳои дуҷониба доштани мамлакати мо ба дараҷаи шарикии стратегӣ бардошта шудааст, ки ИМА, Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Русия аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Боз як ҷиҳати ба худ хоси сиёсати хориҷии мамлакати мо бо ҳар кадом давлат аввало аз ривоҷ додани муносибатҳое, ки асоси дутарафа доранд, иборат аст.
Таҳти раҳнамоии Президенти кишвар дар сиёсати хориҷӣ робитаҳои мо бо давлатҳои ҳамсоя боз ҳам устувортар гардид. Дар ин бобат алоҳида таъкид гардид, ки барои шарҳҳое, ки мавқеи имрӯзаи Ӯзбекистонро бо давлатҳои ҳамсоя кушода медиҳанд, имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад.
Дар чорабинӣ пешниҳод гардид, ки минбаъд мактаби шореҳони байналхалқӣ бо ширкати устодони таҷрибадори соҳа ташкил ва идома дода шавад. Зеро аксари журналистони ҷавон барои  омӯхтани маҳорати касбии журналистика ба чунин мактаби такмили маҳорат эҳтиёҷ доранд. Сиёсати хориҷӣ тақозо мекунад, ки дар таҳлилу гузориши матолиби ахбори хориҷӣ намояндагони ВАО ниҳоят пурмасъулият, нуктасанҷ ва фаъол бояд бошанд. Дар ин соҳа, дониши амиқи сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, огоҳӣ аз таъриху ҷуғрофия ва фанҳои дигари зарурӣ барои ҳадафрас гардидани суханону санадҳое, ки дар мақолаву барномаҳои ВАО инъикос мешаванд, аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: