Такмили ихтисоси роҳбарони СҒҒ – таҳти назорат

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинӣ бахшида ба маросими кушодашавии гурӯҳҳои такмили ихтисоси роҳбарони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ баргузор шуд.

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинӣ бахшида ба маросими кушодашавии гурӯҳҳои такмили ихтисоси роҳбарони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ баргузор шуд.
Таҳсили мазкур ба мақсади ташаккул додани ҷамъияти шаҳрвандии мустаҳкам ва таъмини иҷрои фармони Президент «Дар бораи тасдиқ кардани консепсияи рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ дар солҳои 2021-2025» ташкил карда шудааст.
Таҳсил аввалин натиҷаи меморандуми ҳамкории Академияи идоракунии назди Президент, Ассосиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ (АМСҒҒ) ва Бунёди ҷамоатии дастгирии СҒҒ мебошад, ки 5 ноябри соли ҷорӣ имзо гардидааст.
Баъд аз эълон гардидани озмун оид ба ташкил гардидани гурӯҳҳои такмили ихтисос дар ВАО ва дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии АМСҒҒ наздик ба 130 нафар роҳбарони СҒҒ барои иштирок дар он бо ариза муроҷиат карданд. Интихоби дархостҳо аз ҷониби комиссияи қабул дар ду марҳила сурат гирифт ва мувофиқи талаб 50 нафар роҳбари созмонҳо интихоб гардиданд.
Машғулот то 3 декабри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи махсуси 72-соата гузаронида мешавад, эътибори асосӣ ба баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии СҒҒ, рушди шарикиву иҷтимоӣ бо идораҳои давлатӣ, ба даст овардани устувории молиявӣ, таҷрибаҳои хориҷӣ ва салоҳияти шахсии роҳбарон нигаронда шудааст. 
Тавре ки қайд гардид, дар чунин гурӯҳҳо соли оянда 100 нафар, соли 2023 150 нафар, соли 2024 200 ва 250 нафар дар соли 2025 такмили ихтисос мекунанд. 
Ректори академия Адҳам Бекмуродов дар баромади худ таъкид кард, ки таҳсили роҳбарони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ бори аввал ташкил карда шуд. 
– Шумо – шунавандагони он дар давоми 10 рӯз метавонед, ба ҳамаи суолҳое, ки барои фаъолиятатон муҳим аст, ҷавоб гиред. Ғайр аз ин, доир ба ҷамъияти шаҳрвандӣ, соҳиби чӣ гуна мақом будани он дар хориҷи кишвар, ваколатҳои созмонҳои давлатӣ ва СҒҒ, нақши онҳо дар ҷамъияти шаҳрвандӣ маълумоти пурра дода мешавад.
Барои пурмазмун ва самарабахш гузаштани таҳсил машғулот дар шакли тренинг ва семинар ташкил карда мешавад. 
Дараҷаи дониши азхуднамудаи шунавандагон бо роҳи муқоисаи ҷавоби саволҳои тести дохилшавӣ бо ҷавоби саволҳои хотимавӣ, ки баъд аз 10 рӯзи таҳсил супурда мешаванд, муайян карда мешавад.
Гуфта шуд, ки бинобар талаботи шунавандагон то ҳадди имкон мутахассисон аз вазоратҳои молия, адлия, кам кардани камбизоатӣ ва Оҷонсии мубориза бар зидди коррупсия ҷалб карда мешаванд, то ки мушкилиҳое, ки ба фаъолияти озодонаи онҳо мамониат эҷод мекунанд, ҳаллу фасл гарданд. 

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: