ТАКМИЛИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

Имрӯзҳо дар ҳама соҳа ислоҳоти нав ба амал меояд, ки талаби асосии замон аст.

Дар соҳаи таълим низ як қатор навгониҳо дида мешаванд.
Вазифаи фанни забон ва адабиёт фикрҳои худро ба тарзи хаттию шифоҳӣ мустақилона ифода карданро ба донишомӯзон ёд додан ва маҳорати тафаккури эҷодии онҳоро ташаккул додан аст. Бо ҳамин мақсад ба СТД ва барномаи таълимӣ дигаргуниҳо ворид гардида, барои табъу нашри китобҳои дарсӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст.
Аз ин хотир, барои соли хониши 2019-2020 ба табъу нашри нави китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик як қатор навгониҳо ва тағйиротҳо ба амал татбиқ карда шуд, ки ҷиҳати ғановат бахшидани сифату муҳтавои китоб ва барномаҳои таълимӣ аз иқдомҳои шоиставу судманд маҳсуб меёбад.
Ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва дар асоси талаботи замон нашр намудани китобҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон экспертиза гузаронида мешавад. Аз ҷумла, китобҳои дарсии синфи 1-ум «Алифбо», «Ҳусни хат», «Забони модарӣ», «Китоби хониш», синфи 3-юм «Забони модарӣ» ва «Китоби хониш», синфҳои 8-9-ум «Забони тоҷикӣ» ва «Адабиёт» аз нав такмил дода шуданд.
Дар ҷараёни муҳокима баъзе камбудиҳои китобҳои дарсӣ бартараф карда шуда, ҷиҳати боз ҳам пурғановату пурмуҳтаво гардидани онҳо маводи таълимӣ ва тарбиявӣ дохил карда шуд. Ба ҷои баъзе расмҳои куҳна суратҳои сифатан нав ва ба ҷои баъзе нақшаҳои дидактикии барои бачаҳо мураккаб, маводи нави замонавӣ дохил карда шуд. Дар «Дафтари ҳусни хат» низ ба ҷои баъзе суратҳо расмҳои сифатан нав ва ба ҷои баъзе калимаҳои мураккаб калимаҳои барои бачаҳо содатар дохил карда шуданд. Дар китобҳои «Забони модарӣ» ҳам баъзе машқҳо иваз гардида, ба ҷои онҳо машқҳои тарбиявӣ дохил карда шуд ва мувофиқи ҳар як машқ суратҳои нави замонавӣ ба мисли компутер, ноутбук, планшет ва дигар расмҳои сифатан нав ворид гардид. Инчунин, ба ҷои баъзе шеър ва матнҳои такрорёфта, маводи дигари таълимиву тарбиявӣ илова карда шуд.
Дар ҷараёни таълим баъзе мавзӯъҳои мураккабе, ки омӯхтани он барои донишомӯзон ва омӯзгорон душворӣ пеш меовард, бо хоҳишу дархости онҳо сода ва ё мавзӯи дигар илова карда шуд.
Дар синфи 8 аз фанни «Забони тоҷикӣ» ба ҷои баъзе машқҳое, ки мураккаб буданд, машқҳои таълимӣ ва тарбиявии ба синну соли донишомӯзон мувофиқ дохил карда шуд. Баъзе таърифҳое, ки барои бачаҳо нофаҳмо буданд, содатар карда шуданд. Ба ғайр аз ин, дар асоси талаботи машқҳо ба китоб суратҳои нави замонавӣ ворид карда шуданд.
Дар синфи 8 аз фанни «Адабиёт» як мавзӯи мураккаб ба мисли «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳусайн Воизи Кошифӣ» аз барнома бароварда шуда, ба ҷои он мавзӯи ба синну соли толибилмон мувофиқ «Ҳаёт ва эҷодиёти Зебуннисо» дохил карда шуда, баъзе шеър ва асарҳои калонҳаҷм ихтисор гардид. Ба ғайр аз ин, дар боби адабиёти ӯзбек баъзе шеър ва ғазалҳои Машраб ва Муқимӣ аз нав таҳрир ва тарҷума шуданд.
Дар синфи 9 аз фанни «Забони тоҷикӣ» бошад, баъзе машқҳои душвор аз китоби дарсӣ хориҷ гардида, ба ҷояш машқҳои таълимӣ ва тарбиявии нав дохил карда шуд.
Аз сабаби зиёд шудани соатҳои барномаи таълимӣ дар синфи 9 аз фанни «Адабиёт» ба ҷои 68 соат, 102 соат дода шуд, ки ба барнома ва китоби дарсӣ низ 2-то мавзӯи нав «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҷонибек Қувноқ» ва «Зиндагинома ва осори Чоршанбеи Деҳнавӣ» илова карда шуд. Баъзе шеър ва асарҳои калонҳаҷми адибоне, ки омӯхтани он барои донишомӯзон мураккабтар буд, ихтисор ва содатар карда шуд.
Бояд ҳар як омӯзгор донад, ки талаботи омӯзиши маводе, ки дар СДТ дода шудааст, хоҳ он асари лирикӣ, хоҳ асари эпикӣ бошад, пеш аз ҳама, таҳлили мазмуни он мавриди назар қарор гирад. Барои ин гуна таҳлилҳоро дар китоби дарсӣ гузаронидан, шарҳи луғатҳои баъзе калимаҳои душворфаҳм дохил карда мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми донишомӯзонро бо мероси маънавии ниёгонамон ошно сохтан ва барои фаҳмонидани манбаи аслии дар китобҳои дарсӣ додашуда, онҳо бояд бо луғат сару кор карданро донанд.
Бояд қайд кард, ки зимни ба донишомӯзон омӯзонидани мавзӯот аз баёни нақли шифоҳӣ каме берун баромада, агар маҳорати бо луғат кор кардани онҳо инкишоф дода шавад, тафаккурашон низ ривоҷ меёбад. 
Бояд қайд кард, ки ҳар як омӯзгор дар ҷараёни дарс ба таври хушку холӣ, ё ба таври вазифадиҳии мавзӯъ, ё бе таҳлил аз ёд кардани асар маҳдуд нашуда, бояд бо тамоми маҳорат мазмуни онро таҳлил намуда, аз усулҳои нави замонавӣ ба хубӣ истифода барад. Зеро вазифаи асосии омӯзгорон сифатнок ва пурмазмун ташкил кардани ҷараёни дарс ва омӯзонидани маводи мавриди истифода аст.
Ҳадафи аслӣ аз таъмин намудани китобҳои дарсии босифат дар он аст, ки бояд барои инкишоф додани маҳорати эҷодкорӣ, фикрронии мустақил, маданияти нутқ ва тафаккури мантиқии донишомӯзон ҳар як омӯзгор кӯшиш ба харҷ диҳад. 

Ҷ. ЭШОНҚУЛОВ,
сарметодисти шуъбаи фанҳои филологии Маркази
таълими ҷумҳурӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: