Чанде қабл дар толори маҷлисҳои Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳамдастии Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғаритиҷоратӣ, Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди ҷамоатии дастгирии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон доир ба мавзӯи “Саъю кӯшиш ва ташаббускории СҒҒ бобати бунёди давлати инсонпарвар дар Ӯзбекистони Нав” чорабинӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки солҳои охир дар мамлакатамон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби давлат эътибори алоҳида дода мешавад. Хоссатан, доир ба рушди “сектори сеюм” дар самти якуми “Харитаи роҳ”-и Стратегияи рушд дар соли 2022, ки “Арҷгузорӣ ба инсон ва тавассути рушди ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ барпо намудани давлати халқпарвар” ном гирифтааст, иҷрои вазифаҳои муҳим пешбинӣ шудаанд.
Гуфта шуд, ки бо донишу малакаҳои замонавӣ мусаллаҳ гардондани намояндагони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, ки иштирокчии бевоситаи ислоҳоти васеъмиқёсанд, басе муҳим аст.
Биноан, бо назардошти қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба дастгирии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ аз ҷониби давлат ва таъмини ҳифзи фаъолияти озод, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо” ва вазифаҳое, ки дар фармон “Оиди тасдиқ намудани консепсияи рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ барои солҳои 2021-2025” ба нақша гирифта шудааст, дар соли равон дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 100 нафар роҳбарони СҒҒ такмили малака мекунанд.
Раиси шӯрои Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ Камолиддин Ишонхоҷаев таъкид намуд, ки имрӯз зинаи якуми хонишҳо ба анҷом расид. Тӯли даҳ рӯз ба шунавандагон доир ба такмил додани фаъолияти созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, таъмини волоияти қонун, мақсаду вазифаҳои стратегии муҳим бобати афзун гардондани фаъолияти иҷтимоии шаҳрвандон, ташаккул додани донишҳои касбӣ, ошноӣ бо донишу таҷрибаи байналхалқӣ, ташкили фаъолияти пурсамари шӯроҳои ҷамоатӣ дар назди мақомоти давлатӣ, оқилона тақсим намудани вақти кории шунавандагон донишҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба 50 нафар роҳбари СҒҒ, ки хонишҳоро бомуваффақият анҷом додаанд, сертификатҳои Академияи идораи давлатӣ супурда шуд.
– Тӯли даҳ рӯз мо дар хонишҳо донишу малакаамонро такмил додем, – изҳор дошт ҳангоми суҳбат директори Маркази фарҳанг ва санъати “Умрбоқий мерос” Лутфия Мирзоева. – Ба мо беҳтарин омӯзгорон доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз сабақ доданд. Дар академия барои таҳсил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Шунавандагон бо хобгоҳ ва се маҳал хӯрок таъмин карда шуданд. Дар таърихи Ӯзбекистон роҳбарони СҒҒ бори нахуст ба хондан ҷалб карда шуда буданд. Метавон гуфт, ки мо парастуҳои аввалинем. Дар тӯли хониш ба ҷойҳои ҷолиби пойтахт саёҳатҳо ташкил дода шуд. Инҷониб дар минтақаҳои кишварамон — Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Навоӣ кору фаъолият дорам. Донишу малакаҳои ҳосилнамудаамро бо ҳамкорон ба ҳам мебинам. Чунин донишу хониш ва бинишҳо ба роҳбарони СҒҒ басе зарур аст. Мо дар оғоз як андак пароканда будем, вале дар тӯли хониш ба якдигар унс гирифта, ба як оила табдил ёфтем.
Ректори академия Адҳам Бекмуродов, декани факултет Неъматхон Ҳамрохоҷаев, раиси Кумитаи масъалаҳои баробарии гендери занону духтарони Сенати Олий Маҷлис Малика Қодирхонова ва дигарон хатмкардагонро табрик намуда, ба кору фаъолияти серпаҳлӯяшон комёбиҳо орзу намуданд.
Дар доираи ҳамкории роҳандозишудаи Ассотсиатсияи миллии СҒҒ ва академия дар моҳи ноябри соли равон низ 50 нафар намояндагони СҒҒ бо хониш фаро гирифта хоҳанд шуд. Дар назар дошта шудааст, ки то соли 2025 ҷамъ 750 нафар намояндагони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар даргоҳи мазкур ба донишу малакаашон меафзоянд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».