ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ДАР ВОСИТАҲОИ АХБОР

Бо ташаббуси Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президент дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳими боз ҳам такмил додани қонунгузории миллӣ дар ВАО» конфронс баргузор шуд.

Замон мунтазам пеш меравад, ҳаёт идома дорад. Тафаккури инсонҳо рӯз ба рӯз вусъат пайдо мекунад, эҳтиёҷ ба маълумоту ахбори нав меафзояд. Дар чунин шароите, ки дунёро ахбор идора мекунад, фаврӣ ва шаффоф расонидани навигариҳои рӯз амре зарурист. Аз талабҳои асосии ҷомеаи демократӣ низ ҳамин аст, ки одамон бояд бо ахбори нав таъмин карда шаванд ва он шаффофу холис бояд бошад.
Айни замон дар мамлакати мо таҳти раҳнамоии Президент Ш.Мирзиёев бинобар демократисозии ҷамъият ва дар ин ҷараён баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори оммавӣ ислоҳоти васеъмиқёс ба амал меоянд. Ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон бинобар таъмини озодии сухан ва истиқлолияти матбуот бурда мешавад, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ низ баҳои муносиб гирифтааст.
Роҳбари давлат барҳақ таъкид мекунад: «Воситаҳои ахбори оммавӣ дар сухан не, дар амал ба дараҷаи «ҳокимияти чорум» бояд бардошта шавад. Ин талаби замон, талаби эҳтиёҷҳои мо мебошад».
2 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Президент ду ҳуҷҷати муҳим – фармон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оиди минбаъд ривоҷ додани соҳаи ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ» ва қарор «Дар бораи ташкил кардани фаъолияти Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба тасвиб расид ва дар онҳо бинобар он ки дар соҳаи ахбор сиёсати ягонаи давлатӣ пеш бурда шавад, мақсад ва вазифаҳо нишон дода шудаанд.
Дар соҳаи мазкур бинобар такмил додани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ, ҳал кардани муаммоҳои бавуҷудомада як қатор корҳо амалӣ гардидаанд.
Ҳадаф аз баргузор кардани конфронс ҳимоя кардани манфиатҳои ҳуқуқӣ ва қонунии журналистон, омӯхтани мулоҳиза, пешниҳод ва тавсияҳои вобаста ба ташаккул додани механизмҳои демократӣ, барои худидоракунии воситаҳои ахбори оммавӣ дохил кардани онҳо ба лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии коркардашаванда мебошад.
Дар конфронс оиди муаммоҳои воситаҳои ахбори оммавӣ, роҳҳои бартараф кардани онҳо, барқарор намудани дараҷаи таъсири ВАО ба ҳаёти ҷомеа, дар тарғиб кардани ислоҳоти васеъмиқёси мамлакат нақши бесобиқа доштани он низ сухан рафт.
Таъкид гардид, ки сифати кори котиби матбуотии созмонҳо ба талаби рӯз ҷавобгӯ нест. Бинобар ин ба кори онҳо эътибори алоҳида додан ба манфиати кор хоҳад буд. Бинобар коркард ва қабул кардани лоиҳаи Кодекси этикаи касбии журналистон, барои садову симои ғайридавлатӣ дар бозори медиа шароити созгор фароҳам овардан чораҳо андешида мешаванд.
Дарҳақиқат, баланд бардоштани донишу малакаи журналистон, ҳимояи иҷтимоии онҳо, таъмини озодии сухан, ривоҷ додани журналистикаи шаҳрвандӣ барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавии ҷомеа аҳамияти калон касб мекунад. Агар нақши ВАО дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат пурзӯр набошад, аҳолӣ аз ислоҳоте, ки дар мамлакат бо шиддат амалӣ мешаванд, ба таври бояду шояд огоҳ намегардад. Бинобар ин роҳандозии маданияти ҳамкории хизматчиёни давлатӣ бо намояндагони ВАО аз ҳар ҷиҳат натиҷаи матлуб хоҳад дод.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: