ТАЛАБ БА ХИДМАТҲОИ ДАВЛАТӢ МЕАФЗОЯД

Соли 2017 бар асоси фармони Раисҷумҳур – “Дар бораи ислоҳи комили системаи миллии хидматҳои давлатӣ ба аҳолӣ” Агентии хидматҳои давлатӣ таъсис ёфт ва марказҳои “даричаи ягона” ба марказҳои хидматҳои давлатӣ табдил ёфт.

Соли 2017 бар асоси фармони Раисҷумҳур – “Дар бораи ислоҳи комили системаи миллии хидматҳои давлатӣ ба аҳолӣ” Агентии хидматҳои давлатӣ таъсис ёфт ва марказҳои “даричаи ягона” ба марказҳои хидматҳои давлатӣ табдил ёфт. Имрӯз ин марказҳо ба аҳолӣ беш аз 160 навъи хидмати давлатиро пешниҳод мекунанд ва ҳамеша пуродам ҳастанд.
Талаб ба хидматҳои давлатӣ дар вилояти Самарқанд низ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 500 ҳазор нафар бо масъалаҳои гуногун ба марказҳои хидматҳои давлатӣ  муроҷиат карданд. Одамон қатъи назар аз маҳалли зисту зиндагии худ метавонанд аз хидматрасонии марказҳо истифода кунанд ва маслиҳатҳои бепули ҳуқуқӣ гиранд.
Ҳоло дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳои Самарқанд марказҳои хидматҳои давлатӣ фаъолият доранд. Шумори онҳо 16-то буда, дар биноҳои замонавӣ кор мебаранд. Дар ҳудудҳои дурдаст 8-то шуъба ба мардум хидмат мерасонанд. Илова бар ин, 22 шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, 1 хонаи сабти издивоҷ ва 1 бойгонии САҲШ дар хидмати халқ ҳастанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароит ба деҳаҳое, ки аз марказ садҳо километр дуранд, дар 31 шуъбаи почта имкони истифода аз хидматҳои электронии давлатӣ фароҳам оварда шуд.
Маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Нуробод дар муддати гузаштаи сол бар асоси 17 ҳазор муроҷиат ба аҳолӣ хидматрасонӣ кард. Сокинони ноҳия бештар барои гирифтани маълумотнома дар бораи нафақа, ҷойгир кардани кӯдакон ба кӯдакистон, сабти ном дар системаи нафақаи ҷамъшаванда, маълумотнома дар бораи бемории рӯҳӣ, таҳияи шиносномаи кадастр ба марказ муроҷиат кардаанд.
Нуробод яке аз ноҳияҳои бузург ва ҳамзамон дурдасти вилоят аст. Аҳолии ноҳия беш аз 150 ҳазор нафар аст. Нуробод аз даштҳо иборат аст ва аҳолӣ низ нисбатан пароканда зиндагӣ мекунад. Масофа то дуртарин ҳудуди ноҳия тақрибан 100 километр аст. Ба ин далел, дар маҳаллаи дурдасти Саҳоба шӯъбаи марказ таъсис ёфт. Ин иқдом душвори аҳолиро осон кард,  онҳоро аз саргардонӣ пешгирӣ кард. Дар 11 моҳи сол марказ ба беш аз 600 муроҷиати аҳолӣ эътибор дод.
Шоёни зикр аст, ки навъҳо ва қоидаҳои хидматҳо низ тадриҷан коҳиш меёбад, ки ин низ бо мақсади беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ аст. Ин соддасозиро дар мисоли хидматҳои таркибии шӯъбаҳои САҲШ дидан мумкин аст. Аҳолии вилоят имрӯз вазифаҳои мухталифе мисли сабтиноми таваллуди фарзанд, сабтиноми фарзанд дар рӯйхати бемористони кӯдакон, сабтином дар маҳалли зист, таъини нафақапулии якбора ва гузоштан дар навбат ба кӯдакистон ва ғайраро якбора дар як ҷо ҳал мекунанд. Ин ба падару модарон барои сарфи вақту пул айни муддао аст.
Чи тавре ки Раисҷумҳур мегӯяд, мақсади мо розӣ кардани мардум мебошад. Барои расидан ба ин натиҷа мо бояд тамоми қишри аҳолиро фаро бигирем. Садорати вилоятии хидматҳои давлатӣ дар ин замина дар саросари Самарқанд лоиҳа ва тадбирҳои гуногун, аз қабили “Марказ-маҳалла-шаҳрванд”, “Худамон омадем”, “Шумо наоед, худи мо меравем”, “Хидматҳои давлатӣ дар маҳалла” ва ғайраро амалӣ мекунад. Дар натиҷаи ин ташаббусҳо кӯмаки бепули ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон роҳандозӣ шуд. То ҳол дар пайи хидматрасониҳои сайёр наздик ба 20200 муроҷиати шаҳрвандон ҳалли худро ёфт. Беш аз 900 ширкати тадбиркорӣ низ дар чунин тадбирҳо сабтином шуданд.
Дар соли нахустини таъсиси агентӣ, яъне дар давоми соли 2018 аҳолии вилоят 478 678 маротиба аз хидмати давлатӣ истифода бурданд. Ҳоло хидматрасонӣ ба аҳолӣ аз сӯи марказҳои вилоят ба маротиб зиёд шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз марказҳои вилоят барои ҳалли беш аз 2 ҳазор муроҷиат кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки қабули ҳуҷҷатҳои вобаста ба хидматҳои давлатӣ, соддасозии хидматҳо, коҳиши ҳуҷҷатҳои талабшаванда ва муддати ҳалли муроҷиатҳо, шаффофӣ ва тезкории хидматрасониҳо барои розӣ шудани аҳолӣ аз имрӯзи худ саҳми худро дорад.

Мақсуд ҚУРБОНОВ, 
раиси Садорати хидматҳои давлатии вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: