ТАЛАБ БА КАДРҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА ЗИЁД МЕГАРДАД

Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1995 ташкил шуда, то ҳол ҳазорон нафар роҳбар - кадрҳоро дар миқёси ҷумҳурӣ тайёр кардааст.

Баъд аз қабул гардидани фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 8 августи соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди минбаъдаи низоми тайёркунӣ, азнав тайёркунӣ ва баланд бардоштани малакаи кадрҳои идоракунӣ дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» оиди тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи босалоҳияту ба талаботи замон ҷавобгӯ дар академия корҳои зиёд амалӣ гардонда шуданд.
Дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бо иштироки роҳбарияти академия бахшида ба фаъолияти имрӯза ва дастовардҳои он дар роҳи омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда таҳти мавзӯи «Иҷрои вазифаҳои устувор оид ба тайёр кардан ва азнав тайёр кардани кадрҳои роҳбари замонавӣ дар академия» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар академия гурӯҳҳои азнавтайёркунии кадрҳои роҳбарикунанда ба роҳ монда шудааст. Дар гурӯҳи 10 моҳа шунавандагон дар ҷараёни кор, дар гурӯҳи 4 моҳа бошад, аз кор озод шуда таҳсил мегиранд. Ҳоло дар 3 сол як маротиба такмили ихтисос намудани роҳбарон ба тарзи қатъӣ нишон дода шудааст.
– Роҳбари имрӯз баробари қобилияти роҳбарӣ доштан, пайваста аз ҷараёни иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқии мамлакат ва хориҷи он пурра бояд хабардор бошад, – гуфт проректори академия Худойқул Азизов. –Академия бо чандин ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳо аз ҷумла, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Итолиё, Фаронса, Швейтсария ва Ҷопон ҳамкорӣ мекунад, ки дар тайёр кардани кадрҳои ба талаби замон ҷавобгӯ аҳамияти калон дорад.
Қисми асосии таркиби профессорону омӯзгорони Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро (89 фоиз) номзад ва докторҳои илм ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, роҳбари зиёда аз 30 ташкилоту корхонаи бонуфузи ҷумҳурӣ мисли  «MAN», «Artel Group», «Murad Buildings», «Office Market» бо шунавандагони академия маърӯза, семинар-тренингҳо мегузаронанд.
Квотаҳои қабул ба академия дар асоси талаботи ташкилот, ҳокимияти шаҳру вилоятҳо нишон дода мешавад. Агар шунаванда аз имтиҳон холҳои лозимаро ҷамъ оварда натавонад, квота ба вилояти дигар гузаронида мешавад.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: