ТАЛАБ БА МАҲСУЛОТИ ШОҲИИ МО ЗИЁД МЕГАРДАД

Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Учкӯпруки вилояти Фарғона ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Учкӯприк ипаги» ба кор шурӯъ кард.

Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Учкӯпруки вилояти Фарғона ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Учкӯприк ипаги» ба кор шурӯъ кард.
Дар ин ҷо омода кардан ва ба содирот баровардани даҳ намуди маҳсулотро, аз қабили атласу адрас ва гилем ба нақша гирифтаанд.
— Дар зинаи аввали бизнес-реҷа барои 25 нафар занону духтароне, ки дар биноҳои бисёрошёнаи ҳудуд ба сар мебаранд, ҷойи кории доимӣ фароҳам оварда шуд,— мегӯяд роҳбари ҷамъият Абдуҳафиз Мамаҷонов.— Барои ба Тоҷикистони ҳамсоя содир намудани маҳсулоти аввалини корхона, шартнома ба имзо расид. Дар айни замон талабу пешниҳоди бозорҳои Туркия, Эрон, Хитой ва Аврупо омӯхта мешавад. Ба маҳсулоте, ки аз абрешими табиӣ омода мегардад, дар давлатҳои Осиё ва араб низ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.
Дар 5 гектар замини ҳудуди корхона барои ба вуҷуд овардани базаи озуқа, бино ба таҷрибаи Хитой, плантатсияи тут ташкил дода шуд. Тибқи бизнес-реҷаи соҳибкор, дар зинаи баъдӣ роҳандозии кору фаъолияти автокемпинг, меҳмонхона, шохобчаҳои сервис ва хидматнишондиҳии тобеи корхона, ки дар қади шоҳроҳи автомобилгарди байналхалқӣ воқеъ аст, пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои ташкили экотуризм бунёди боғҳои ангуру гелос, рушди соҳаҳои шутуру занбӯрпарварӣ саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
— Дар муддати кӯтоҳ занону духтароне, ки тибқи анъанаи «Устоду шогирд» кор сар карда буданд, асрори ин касбро омӯхтанд,— мегӯяд ҳунарманди шинохтаи марғелонӣ Гулчеҳра Маматова.— Бовар дорам, ки газворҳои нафисе, ки аз абрешим бофта мешаванд, натанҳо дар мамлакатамон, балки дар бозорҳои ҷаҳон низ харидорони худро меёбанд.
Бино ба фикри роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Агропилла»-и ноҳияи Учкӯпрук Кӯпайсинхон Назарова, солҳои баъдӣ пиллакорӣ дар ноҳия ба соҳаи сердаромад табдид ёфтааст. Имсол таъминоти тухми кирми пилла комилан маҳаллӣ кунонида шуда, аз он чор маротиба ҳосил рӯёндаанд. Дар навбати аввал 150 тонна пилла ба даст омад.
Дар ҳоли ҳозир дар ноҳия беш аз 100 гектар плантатсияҳои тут мавҷуданд.
Дар тӯли ҳашт моҳи соли равон ҳиссаи ба содироти вилоят зам намудаи пиллакорони фарғонагӣ З миллиону 887 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. То охири сол ҳаҷми содирот бештар хоҳад шуд.
Дар моҳи декабри соли равон дар пойтахти Русия — шаҳри Маскав ярмаркаи байналхалқии савдои газворҳои абрешимин баргузор хоҳад шуд. Агар вазъияти вобаста ба пандемияи коронавирус рӯ ба беҳбудӣ оварад, гурӯҳе аз соҳибкорони фарғонагӣ дар он иштирок намуданиянд.

М. СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: