ТАЛАБ БА МЕВАҲОИ СИТРУСӢ ЗИЁД АСТ

Солҳои охир боғбонҳои чашмикордони кишвари мо бобати зиёд кардани меваҷоти ситрусӣ ва азнавкоркарди он муваффақиятҳои зиёдро ба даст дароварданд.

Солҳои охир боғбонҳои чашмикордони кишвари мо бобати зиёд кардани меваҷоти ситрусӣ ва азнавкоркарди он муваффақиятҳои зиёдро ба даст дароварданд. Баробари ҳамин сол аз сол ба ин навъи мева талаботи аҳолӣ низ меафзояд.
Азбаски растаниҳои ситрусӣ замину хок, обу ҳаво ва умуман, эътибору парвариши алоҳидаро талаб мекунад, боғбон ва соҳибкоронро лозим меояд, ки оиди ниҳолпарварӣ ва омода кардани намудҳои гуногуни ниҳолҳои ситрусӣ маслиҳат ва таҷрибаҳои мутахассисони соҳаро омӯзанд.
Ҳоло дар мамлакатамон ниҳолҳои растании ситрусӣ бо усулҳои гуногун омода мешаванд.
Маъмултарин ва самараноктарин усули зиёд кардани меваҷоти мазкур аз қаламча зиёд кардани он мебошад, ки дар соли дуюм ва ё сеюм ҳосил медиҳад. Баъди як сол имконияти ниҳолҳои стандартӣ гирифтан аз он пайдо мешавад. 
Қаламчаҳои дар об таркардашуда барои он ки зуд реша паҳн кунад, ба дорувории махсуси «Ӯзхитан» дар давоми панҷ дақиқа дошта шуда, баъд ба хок гӯр карда мешавад. Баъди 25-28 рӯз қаламчаҳо реша бароварда, барои шинондан омода мешавад. То ин муддат он чиз бояд мадди назар дошта шавад, ки қаламчаҳо ғизои асосиро аз баргҳо мегиранд ва аз ин сабаб, баргакҳои он гирифта нашаванд. Агар дар давоми рӯз ба он се маротиба об пошида шавад, мувофиқи мақсад мегардад.
Тарзи дигари зиёд кардани меваҷоти мазкур бо роҳи пайвандкунии он мебошад. Барои ин шохаи пайвандак ба шохаи ғафсиаш 8-10 сантиметра пайванд карда мешавад. Агар нигоҳубини он хуб ташкил карда шавад, чунин тарзи зиёдшавӣ худи ҳамон сол самараи худро медиҳад. Апелсин, мандарин, грейпфрут асосан бо ҳамин роҳ зиёд карда мешавад.
Аз тухм зиёд кардани меваҷоти ситрусӣ, ки эътиборталаб аст, ҳама вақт ҳам самараи дилхоҳ намедиҳад. Масалан, барои зиёд кардани мандарин, донаи осебнадида, ғафстар ва сиёҳнашудаи он интихоб мешавад. Азбаски мандарин хоки шӯрро дӯст намедорад, хоки тайёри онро аз дуконҳо харидан мумкин аст.
Барои ҳамаи растаниҳои ситрусӣ қоидаи яксон мавҷуд: барои он ки зуд нашъунумӯъ ёбад, бояд тухмии он зуд, дар ҳолати тар, дар чуқурии 4 см. корида шавад. Агар бо ягон сабабе тухм нокошта монда, хушк шавад, пеш аз коштан онро бояд 2-3 рӯз дар об дошта шавад.
Барои сабзидани тухмӣ як моҳ лозим мешавад. Дар ин муддат намии хона ва ҳарорати он (+20, +25) аз эътибор дур намонад.

Зафар 
МИРЗААҲМЕДОВ,
мутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: