ТАЛАБИ ҚАТЪИИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТ

Дар ҷаласаи навбатии ҳокимияти вилояти Қашқадарё, ки иштирокдорони он раҳбарони секторҳо, ҳокимони шаҳру навоҳӣ, сарварони ташкилоту идораҳои бонуфуз ва мутахассисони соҳаи энергетика буданд, масъалаҳои вобаста ба соҳаи энергетика, дурнамои он, мушкилоти соҳаҳои мухталиф ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли муаммоҳои мавҷуда баррасӣ шуданд.

Ҳокими вилоят Муротҷон Азимов дар бораи истифодаи оқилонаи манобеи энергетикӣ ба нафъи мардум ва ҳукумат, пайдо намудани роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти пешомада дар соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани усулҳои хуби барқарорсозии манобеи энергетикӣ дар ҳудуди вилоят сухан кард. Назар ба маълумоти оморӣ, дар вилоят шумори хонадонҳо дар қиёс ба замони пеш ба 160 ҳазор адад афзудааст. Соҳаи энергетикаи вилоят бо иқтидори пештараи худ дар таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дучори мушкилӣ мегардад. Дар ин авохир шумори коргоҳҳои истеҳсолӣ низ ба таври назаррас афзудаанд, ки ин омил низ ба он водор месозад, то соҳаи энергетика ба роҳҳои алтернативии неруи барқ мутобиқ гардонда шавад. Азимов қайд намуд, ки корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди вилоят аз  29 ҳазор адади чанд соли пеш ба 42 ҳазор расидаанд ва аз муқоисаи ин рақамҳо бармеояд, ки барои таъмини ин миқдор коргоҳҳо чӣ қадар неруи барқ лозим мебошад. 
Ҳокими вилоят гуфт, ки дар Қашқадарё то охири соли равон панелҳои офтобии дар маҷмӯъ дорои қуввати  53,4МВт бояд насб гарданд, ки то имрӯз 12,8 МВт аз он дар боми бинои ташкилоту муассисаҳои қаламрав гузошта шуданд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтанд. Аммо ӯ аз он изҳори таассуф кард, ки ҳанӯз корҳо дар ин самт шоёни таҳсин нестанд ва аз имконоте, ки раҳбарияти давлат дар ин самт фароҳам овардааст,  бояду шояд истифода намегардад. 
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои саривақт пур кардани буҷаи вилоят, муаммоҳои соҳаи саноат, интиқоли молу коло ба хориҷи кишвар, рушди туризм баррасӣ ва муаммоҳои ҷойдошта муҳокима шуданд. 
Ёдовар бояд шуд, ки роҳҳо ба самти шаҳрчаҳои туристии Миракиву Майдонак ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида мешаванд ва ҳукумати вилоят соли равон дар нақша дорад, ки шумори сайёҳони хориҷиву дохилиро ба беш аз 100 ҳазор нафар расонида, содироти хидматҳоро дар ин самт ба 42 миллион доллар баробар созад.
 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик», 
дар вилояти Қашқадарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: