Фабрикаи «GAYRAT-CHODAK» дар вилояти Бухоро дар асоси қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳо оид ба фароҳам овардани низоми самарабахши рушди истеҳсолот ва васеъ гардондани кооператсия дар ҷумҳурӣ» аз 24 январи соли 2022 созмон дода шудааст.
Дар фабрика аз матои ҷинсӣ маҳсулоти тайёр, либоси мардона, занона ва бачагона истеҳсол карда мешавад.
Барои татбиқи лоиҳа ба миқдори 10,3 миллион доллари ИМА сармоя равона карда шудааст. Дар натиҷа дар ҳудуди собиқ фабрикаи бофандагии ба номи И.Фозилов, ки ба ҳоли худ гузошта, қариб 22 сол боз кор намекард, иншооти замонавии истеҳсолӣ пайдо шуд.
Маҷмӯи мазкури чорошёнаи бофандагӣ 3,7 гектарро ишғол мекунад. Бинои мавҷуда ба таври васеъ таъмир карда шуд. Ба корхона аз ҷониби филиали вилоятии «Халқ банки» ба миқдори 5,4 миллион доллари ИМА вом ҷудо карда шуд. Корхонаро бо хатҳои замонавии технологӣ, дастгоҳҳои ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон оид ба тайёр кардани таҷҳизоти нассоҷии «Taizhou original essence trading co.LTD» ва «Seize Indystrial (Shanghai) Co.LTD» (Чин) муҷаҳҳаз гардонданд. Иқтидори корхона ба тайёр намудани 3 миллион дона маҳсулоти тайёр пешбинӣ шудааст.
– Маро ба сехе, ки дар наздикии хонаам ҷойгир шудааст, ба кор қабул карданд, – мегӯяд яке аз коргарони фабрика Маърифат Рамазонова. – Пештар дар хона мешиштам, бекор будам. Ҳоло кори доимӣ дорам, рӯҳам болида аст, зеро ҳоло ба буҷаи оила саҳм мегузорам.
Дар айни ҳол намояндагони корхона бо Русия, Қазоқистон ва Гурҷистон барои бастани қарордодҳо ҷиҳати содироти маҳсулоти тайёр гуфтушунид доранд.
Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).