ТАЛАБОТ БАРОИ ХУСУСИГАРДОНИИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН

қитъаҳои заминро чӣ гуна хусусӣ бояд кард, онҳо ба кӣ ва бо чӣ арзиш пешниҳод мешаванд?

Ба қарибӣ Қонун «Дар бораи хусусигардонии қитъаҳои замини таъиноти ғайрикишоварзӣ» қабул шуд. Бинобар моҳияти худ он ҳуҷҷати дорои аҳмияти таърихӣ ба шумор меравад. Зеро то ҳол дар Ӯзбекистон ба хусусигардонии қитъаҳои замин роҳ дода намешуд. 
Мақсади қонуни нав танзими муносибатҳо дар соҳаи хусусигардонии қитъаҳои замини  таъиноти ғайрикишоварзӣ ба шумор меравад.
Мувофиқи он хусусигардонии қитъаҳои замин – ин хориҷ гардидани қитъаи замини моликияти ҷамъиятӣ буда, ба манфиати моликияти шахсони ҷисмонӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва (ё худ) шахсони ҳуқуқӣ – резидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. 
Равандҳои асосии хусусигардонии қитъаҳои замин ин қонунмандӣ, соҳибихтиёрӣ, подош, ягонагии қитъаҳои замини хусусигардонидашаванда ва иншооти ғайриманқули дар ихтиёри онҳо буда, рӯшодӣ ва шаффофият ба шумор мераванд.
Қитъаҳои замине, ки дар онҳо бино ва иншоот, объектҳои инфрасохтори истеҳсолии мутааллиқи шахсони ҳуқуқӣ ба сифати моликият ё худ хусусигардонидашуда мавҷуданд, ҳамчунин қитъаҳои замини ҳудуди онҳо дар масоҳате, ки барои татбиқ сохтани фаъолияти истеҳсолӣ зарур мебошанд; қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сохтмони манзилҳои шахсӣ ва хидматрасонӣ барои манзилҳои истиқоматӣ пешниҳод мешаванд; қитъаҳои озоди заминҳо; қитъаҳои замине, ки ба Бунёди рушди шаҳрсозии назди Вазорати иқтисодиёт ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод шудаанд, иншооти хусусигардонии қитъаҳои замин ба шумор мераванд. 
Қитъаҳои замине, ки дар ҳудудҳои тарҳи ба нақша гирифтаи тасдиқ ва чопшуда ҷойгир мебошанд; дар онҳо конҳои канданиҳои фоиданок, иншооти стратегии моликияти давлатии ба хусусигардонӣ молик набудаву рӯихати онҳо мувофиқи қонунгузорӣ муайяншуда ҷойгиранд; қитъаҳои ба таркиби заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихиву маданӣ дохил буда, ҳамчунин замини бунёдҳои ҷангал ва об, истифодаи умуми шаҳрҳо ва деҳкадаҳо (майдонҳо, кӯчаҳо, роҳравҳо, роҳҳо, соҳилҳо, хиёбонҳо, боғҳо); қитъаҳои бо моддаҳои хавфнок зиёндида ва зарари биогениашон тасдиқгардида; қитъаҳои ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба минтақаҳои кӯчаки саноатӣ пешниҳодшуда  хусусигардонида намешаванд.
Шахсони ҷисмонӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ашхоси ҳуқуқӣ – резидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон субъектҳои хусусигардонии қитъаҳои замин маҳсуб меёбанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқӣ – ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин шахсони бидуни шаҳрвандӣ субъектҳои хусусигардонии қитъаҳои замин ба шумор намераванд.
Тартиби хусусигардонӣ чӣ гуна аст? Ариза барои хусусигардонии қитъаҳои замин аз тариқи марказҳои хидматрасонии давлатӣ ё худ Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи ҳокими ноҳия (шаҳр)-и маҳали ҷойгиршавии қитъаи замин дода мешавад.
Комиссияи оид ба баррасии масъалаҳои пешниҳод (фурӯш)-и қитъаҳои замин аризаро дар тӯли 10 рӯз пас аз дода шудани он муҳокима мекунад. Вай хулосаи мусбат ё худ манфии худро мувофиқи Регламенти маъмурии хидматрасонии давлатӣ оид ба хусусигардонии қитъаҳои замин тартиб медиҳад. 
Хулосаи комиссия барои қабул кардани қарори дахлдори ҳоким дар бораи хусусигардонии қитъаи замин ё худ манъи хусусигардонии он асос ба шумор меравад.
Асоснок набудани хусусигардонии онҳо бинобар қонуни мазкур; мавҷуд будани талошҳои анҷомнаёфтаи судӣ нисбат ба қитъаҳои замини хусусигардонидашаванда; мавҷудияти манъ ё худ ҳабс, ки барои иншооти ғайриманқуле, ки дар қитъаҳои замини хусусигардонидашаванда ҷойгиранд, муайян шудааст; мавҷуд будани нақшаҳои генералии тасдиқшудаи нуқтаҳои аҳолинишин, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият, сохтмони иншооти инфрасохторе, ки то дода шудани ариза қабул гардиданд ва барои хусусигардонии қитъаҳои замин бевосита монеа мешаванд; дар ариза ифшо гардидани маълумоти нокомил, зиддиятнок ё худ нодуруст; сари вақт напардохтан ё худ пурра напардохтани маблағ барои қитъаҳои замини хусусигардонидашуда, ки қонуни мазкур муқаррар намудааст, барои манъи хусусигардонии қитъаҳои замин асос ба шумор мераванд.
Қарор дар бораи манъи хусусигардонии қитъаҳои замин дар рӯзи тартиб додани хулосаи манфии комиссия қабул карда мешавад. 
Қарор дар бораи хусусигардонии қитъаҳои замин дар тӯли 3 рӯзи корӣ пас аз амалӣ шудани пардохт барои қитъаҳои замини хусусигардонишаванда қабул карда мешавад.
Тартиби хусусигардонии қитъаҳои озоди замин: қитъаҳои озоди замин аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мувофиқи нақшаи генералии нуқтаҳо ва ҳудудҳои аҳолинишин муайян карда мешавад. Қитъаҳои озоди замин ба шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ аз тариқи онлайн – бозори электронӣ бо ризоияти Оҷонсии шаҳрсозии  назди Вазорати иқтисодиёт ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурӯхта мешаванд. Қитъаҳои озоди заминро аз тариқи онлайн – бозори электронӣ бо уҳдадориҳои сармоявӣ фурӯхтан мумкин аст.
Пардохт барои қитъаҳои замини хусусигардонишаванда аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар тӯли 10 рӯзи корӣ баъд аз гирифтани тасдиқномаи хаттӣ ё худ электронӣ дар бораи хулосаи мусбати комиссия амалӣ карда мешавад. 
Миқдори пардохт барои қитъаҳои замини хусусигардонишаванда, ки дар онҳо иншооти ғайриманқул ҷойгир шудаанд, аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми каратии миқдори андози замин аз шахсони ҳуқуқӣ ва ашхоси ҷисмонӣ, ки барои заминҳои дахлдор дар рӯзи хусусигардонӣ муқаррар шудаанд, муайян карда мешавад.
Нархи аввалини қитъа-ҳои замине, ки ба онлайн – бозори электронӣ гузошта шудаанд, баробари қимати бозории онҳо ҳангоми ба онлайн – бозори электронӣ гузошта шуданашон муқаррар карда мешавад. 
Мулкдорони қитъаҳои замини хусусигардонидашуда ҳуқуқ доранд: аз қитъаҳои замини хусусигардонидашуда бинобар хост ва манфиати худ озодона истифода баранд, ба онҳо бо ихтиёри худ рафтор кунанд, аз ҷумла қитъаи заминро ба сифати гаравгон истифода баранд, ҳамчун сарват ба сармояи оинномавӣ (бунёди оинномавӣ)-и шахси ҳуқуқӣ гузоранд, ҳуқуқ ва манфиатҳои мувофиқи қонун ҳифзшавандаи шахсони ҳуқуқиву ҷисмонӣ ва давлатро вайрон накарда, ба иҷора супоранд; аз байн бардоштани ҳама гуна вайроншавии ҳуқуқи моликиятро бинобар қитъаи хусусигардонидашудаи замин талаб кунанд; дар қитъаи замини хусусигардонидашуда мустақилона амал намоянд; биноҳои истиқоматӣ, иншооти истеҳсолӣ, маданиву маишӣ ва ғайра бунёд кунанд, дар ин қитъаҳои замин хона созанд ва бозсозӣ кунанд.
Мулкдорони қитъаҳои замини хусусигардонидашуда ӯҳдадоранд ҳангоми истифодаи қитъаи замин ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи танзими техникӣ риоя кунанд; зарари ба дигар мулкдорони қитъаҳои замин расонидашударо мувофиқи тартиби муқарраршуда талофӣ намоянд; ӯҳдадориҳои сармоявиро, ки ҳангоми хариди қитъаи замин ба дӯш гирифта буданд, иҷро кунанд.
Мусодираи қитъаи замини хусусигардонидашуда аз мулкдор танҳо ҳангоми таъин шудани ҷазо барои ин қитъаи замин бинобар ӯҳдадории мулкдор дар маврид ва тартибе, ки ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ пешбинӣ кардаанд, ҳамчунин бо тартиби милликунонӣ, забт (реквизитсия) ва мусодира (конфискатсия) имконпазир аст.
Қимати аз қитъаи замини хусусигардонидашуда ситонидашаванда ҳангоми ҷазо барои ин қитъаи замин бинобар ӯҳдадории мулкдор мувофиқи Қонун «Дар бораи иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар» муайян карда мешавад.
Милликунонии қитъаи замини хусусигардонидашуда қатъиян барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият ва баъд аз гирифтани ризоияти мулкдори қитъаи замин татбиқ карда мешавад. 
Дар мавриди офатҳои табиӣ, садамаҳо, касалиҳо, ҳайвонмурӣ (эпизоот) ва ҳолатҳои дигар, ки ҷиҳати фавқулодда доранд, мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қитъаи замини хусусигардонидашуда мумкин аст аз мулкдор (реквизитсия) бо пардохтани зарари расида ва ба мулкдори қитъаи замини хусусигардонидашуда додани ҳуҷҷат дар бораи реквизитсия мусодира карда шавад.
Баъди хатм ёфтани амали ӯҳдадорӣ, ки ба муносибати он реквизитсия баргузор шудааст, мулкдори собиқи қитъаи замини забтшуда ҳақ дорад ба ӯ баргардондани амволи боқимондаро талаб кунад.
Дар мавридҳое, ки қонунгузории ҷиноиву просессуалӣ пешбинӣ намудааст, қитъаи замини хусусигардонидашуда мумкин аст аз мулкдор мувофиқи қарори суд (конфискатсия) мусодира карда шавад.
Хотиррасон менамоем, ки қонун аз 1-уми марти соли 2020-ум эътибор пайдо мекунад.
То 1 феврали соли 2020 дар вилояти Сирдарё бинобар тасдиқсозии қитъа-ҳои замини хусусигардонидашудаи таъиноти ғайрикишоварзӣ таҷрибаи қонунӣ гузаронида мешавад.

Ғайбулло ПРИМОВ, 
корманди масъули Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. (ӮзА).  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: