ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ – ХИШТИ АВВАЛИ БИНОИ БУЗУРГИ ОЯНДА

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён мо бо мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Баҳриддин МАРДОНОВ доир ба корҳои таълиму тарбия, мушкилот ва дастовардҳои соҳаи маориф сӯҳбат оростем, ки онро ба хонандагони «Овози тоҷик» ҳавола менамоем.

– Баҳриддин Ҳабибович, тавре ки Сарвари давлатамон қайд карданд, хишти аввалу асосии рушд ва нерӯе, ки кишварро тавоно ва миллатро бузург мегардонад, илму маориф аст. Дар ҳақиқат, фардои мо, ояндаи дурахшони мамлакатамон, пеш аз ҳама, ба сохтори таълими халқ ва тарбияе, ки мо ба фарзандонамон медиҳем, зич алоқаманд аст. Ба ин масъала, ки Президенти мамлакатамонро сахт ба ташвиш овардааст, шумо чун мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия чӣ назар доред?
– Дуруст қайд намудед. Ба фикрам, эътиборе, ки ба маориф аз ҷониби ҳукумат дода мешавад, дар ҳеҷ куҷо нест. 28-уми январ ва 5-уми апрели соли равон вобаста ба таҳлили натиҷаҳои ислоҳот дар соҳаи маорифи халқ, сифати таълим, нерӯи омӯзгорон ва дар маҷлисҳои видеоселекторӣ дараҷаи пасти дохилшавии донишҷӯён ба мактабҳои олӣ танқид гардида, барои бартараф намудани он нақшаҳо муайян карда шуданд.
Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки Сарвари давлат дар давоми давраи гузашта 55 фармону 117 қарори ифодакунандаи манфиат, оянда ва ҳуқуқи ҷавононро ба имзо расонидаанд, ки ин мисоли равшани таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ҷавонон аст. Боз ҳам тараққӣ додани системаи таълими халқи ноҳия, пешбурди ташаббусҳои нав дар соҳа ва дастгирӣ намудани онҳо, ҳалли масъалаҳое, ки ба сифати таълиму тарбия бевосита ва бавосита таъсир расонда метавонанд, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳои масъул дар назар аст. Инчунин, қабул гардидани Барномаи минтақавӣ барои дастгирии ҷавонони ноҳия, ба зинаи нави баланд бардоштани сифати таълиму тарбия имкони бузург фароҳам овард.
Ҳоло дар тасарруфи шӯъбаи таълими халқи ноҳия 55 муассисаи таълимӣ мавҷуд. Аксарияти мактабҳо ба ягон фан ихтисосонида шуда, беш аз пеш муваффақиятҳоро соҳиб мегарданд. 
– Устод, хуб мебуд агар дар бораи таҳлили корҳое, ки дар соли таҳсили гузашта дар самти таълими халқ ба ҷо оварда шудаанд, ҳарф мезадед.
– Дар давраи гузашта барои баланд бардоштани иқтидори кадрҳои муассисаҳои таълимӣ, зиёд намудани шумораи кадрҳои дорои маълумоти олӣ кӯшиш кардем. Дар  мактабҳои сифати таълимашон паст аз рӯи таҳлили нишондиҳандаҳои KPI, ки бо муаллимони маълумоти миёнаи махсус кор мебаранд, кам карда шуд.
– Эътибор ба омӯзиши забони хориҷӣ дар кадом сатҳ аст?
– Яке аз вазифаҳои таъхирнопазир дар соли таҳсили 2021-2022 зиёд кардани ҳиссаи омӯзгорони фанҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии дорои шаҳодатномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ буд. Муболиға нест, агар бигӯем, ки ин вазифа қисман иҷро шуд, зеро дар соли хониши 2020-2021 шумораи омӯзгорони фанни хориҷӣ дар сатҳи С1 ҳамагӣ 2 нафар ва дар соли таҳсили 2021-2022 ба 40 нафар расид. Аз 312 нафар муаллимони забонҳои хориҷӣ 86 нафарашон сертификати дараҷаи В2 гирифтанд. Ин назар ба соли таҳсили гузашта 56 нафар зиёд аст.
Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд семинарҳои хонишӣ ташкил менамоем. Дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби декани факултети забони англисии донишкадаи мазкур А. Исмоилов ва устодони ботаҷрибаи факултет дарсҳои маҳорат гузаронида шуданд.
Байни омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва омӯзгорони дигар фанҳо барои ба даст овардани ҷоизаи ҳокими ноҳия аз фанни забони хориҷӣ озмун гузаронида шуд. Омӯзгорони ғолиб бо ифтихорномаи ҳокими ноҳия, тӯҳфаҳои хотиравӣ рағбатнок гардонида шуданд.  Дастаи мактаби махсусгардонидашудаи рақами 10 дар зинаи вилоятии озмуни «Беҳтарин мактаби таълими забонҳои хориҷӣ» ҷои аввалро ишғол кард.  Дар зинаи ҷумҳуриявии озмун хонандаи синфи 9-уми мактаби мазкур Беҳрӯз Аллаёров дар номгӯйи «The best writer» ғолиб гардид. 
– Баҳриддин Ҳабибович, шояд шуморо чун раҳбари муассисаҳои таълимии ноҳия тақдири минбаъдаи хатмкунандагон низ дар ташвиш гузорад...
– Албатта. Дар соли таҳсили 2021-2022 синфи 9-ро 3312 нафар ва синфи 11-ро 2482 нафар хатм карданд. 206 нафар хатмкардагони синфи 9 шаҳодатномаи аъло гирифтанд. Ба 2 нафар хатмкардагони синфи 11 медали нуқра ва ба 49 нафар медали тилло дода шуд. Аз шогирдон умеди калон дорем.
– Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар самти рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ дар кадом дараҷа қарор дорад?
– Дар ноҳия 54 муассисаи таълимӣ пурра бо техникаи муосири компутерӣ таъмин карда шуданд. Истифодаи платформаи “Рӯзномаи электронӣ” дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозӣ гардида, барои омӯзгорону хонандагон инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фароҳам оварда шуд.
– Ҳоло, ки мулоқоти рӯ ба рӯ бо халқ ба дараҷаи боло расидааст ва сафи муроҷиаткунандагон дар ҳама соҳа ҳастанд, кор бо онҳо дар шӯъба чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки системаи кор бо муроҷиати мардум яке аз нуктаҳои дардноктарин мебошад. Тавре Президент таъкид кардааст, мо бояд пеш аз ҳама мардумро розӣ кунем. Ба идораи мо дар соли таҳсили 2021-2022 аз шаҳрвандон 129 муроҷиат расида, ҳамаи он ҳалли худро ёфтаанд. Муаллимон ва хонандагони фаъол беэътибор намондаанд. Мактабҳои ноҳия барои ба се забон таълим гирифтани хонандагон ҳамаи шароитро муҳайё намудаанд.  Ҳоло нақшаҳо зиёданд.
– Барои сӯҳбат ташаккур.

Нигорандаи сӯҳбат 
Дилрабо НАСИМӢ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: