Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» бо дарки мазмуну моҳияти сиёсате, ки ба арҷ гузоштани қадри инсон дар мамлакат нигаронида шудааст, мақсади асосии татбиқи ғояи «Тарбия ё ҳаёт ё мамот»-ро бобати фароҳам овардани шароит барои салоҳияти худро дар амал намоён кардани ҳазрати инсон медонад.
Барои салоҳияти худро рӯйи об баровардани ҳар як инсон, пеш аз ҳама, истифодаи пурраи ҳуқуқу озодиҳои бунёдӣ бобати таълим гирифтан, салоҳияти маънавию фарҳангии худро пайваста баланд бардоштан ва ба камолоти ҷисмонӣ расидан талаб карда мешавад.
Бинобар ин, ҳизб дар барномаи худ ба ин масъалаҳо муносибати комплексиро пешниҳод намуда, ба масъалаҳои тарбияи маънавӣ ва таълими босифат, ривоҷдиҳии тамоми зинаҳои он, инчунин, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш эътибори алоҳида медиҳад.
Тарбияи маънавӣ ва таълими босифат омили асосии ташаккули инсони комил мебошад
Ҳизб дар барномаи пешазинтихоботӣ масъалаи тарбияи маънавӣ ва таълими босифатро ба сифати яке аз меъёрҳои асосии ба амал татбиқ сохтани салоҳияти насли комил муайян намуда, дар ин самт як қатор пешниҳоду ташаббусҳоро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, ташаббуси мунтазам такмил додани китоби дарсии «Тарбия» пешбарӣ мегардад.
Ҳамзамон, аз ҷониби ҳизб вазифаҳои устувор вобаста ба рушди асосҳои тарбияи миллӣ ва барномаҳои миллии таълимӣ, андешидани чораҳо бобати такмили асосҳои ҳуқуқии ҳамоҳангии таълиму тарбияи муттасилро пешниҳод менамояд.
Татбиқи ин ғояву ташаббусҳо барои таҳияи методологияҳои дастовардҳои илму фан, тарбияи замонавӣ ва истифодаи онҳо дар соҳа, бо назардошти афзалиятҳои арзишҳо ва менталитети миллӣ барои таҳияи барномаҳои миллӣ дар ин самт имкон фароҳам меоварад. Таҳияи заминаи ҳуқуқии ин чорабиниҳо бошад, барои муқаррар намудани вазифаву мақсадҳои мушаххас, ки ба такмилдиҳии соҳа нигаронида шудаанд ва ташкили самараноки татбиқи онҳо хидмат мекунад.
Ривоҷдиҳии таълими томактабӣ ва мактабӣ яке аз вазифаҳои устувори ҳизб хоҳад шуд
Маълум аст, ки сифати таълими томактабӣ ва мактабӣ пеш аз ҳама ба салоҳияти педагог ва тарбиядиҳандагон вобаста мебошад. Педагог ва тарбиядиҳандагони салоҳиятдор бошад, тавассути омодасозии мақсаднок ва озмун ба раванди таълиму тарбия ҷалб мешаванд.
Маҳз бо назардошти ин ҷиҳатҳо, ҳизб қабули «Барномаи давлатии омода кардани тарбиядиҳандагон ва омӯзгорони авлоди нав», инчунин, интихоби хатмкунандагони мактабҳои дорои маҳорати педагогӣ ва ташкили таҳсили онҳо дар асоси фармоиши давлатӣ, ҳангоми ба кор қабул кардани тарбиядиҳандагон ва муаллимон омӯхтани фаъолияти кории пештараи онҳо, роҳандозии аз тестҳои психологӣ гузаронидан, ҷорӣ намудани системаи шаффофи дар асоси озмун ба мактабҳо қабул кардани педагогҳо барин ташаббусҳоро пешбарӣ менамояд.
Ин ташаббусҳо, ки аз ҷиҳати мазмун ба ҳам наздиканд ва ба созмони корпуси педагогҳои ботаҷриба нигаронида шудаанд, дар таъмини таълим ва тарбияи босифат роҳи ҳалли асосӣ маҳсуб мешаванд.
Дар «Барномаи давлатии омода кардани тарбиядиҳандагон ва омӯзгорони авлоди нав», дар навбати аввал, муайян намудани чорабиниҳо бобати тарбияи тарбиядиҳандагону педагогҳое, ки қадру қимати кӯдакро паст назада, онҳоро дар рӯҳияи худбоварӣ тарбия мекунанд, ташаббусҳои онҳоро беэътибор нагузошта, барои дастгирӣ мекӯшанд, инчунин, такмилдиҳии системаи интихоб ва омодасозии кадрҳо дар асоси методика ва технологияҳои муосир мувофиқи мақсад мебошад. Яъне асоси барномаи давлатиро, ки пешниҳод мегардад, дар асоси барномаи махсус омода ва интихоб намудани устодоне ташкил намояд, ки худро такмил медиҳанд, эҳтиёҷи рушди пайвастаро эҳсос менамоянд ва дар шогирдони худ ҳам чунин малакаи муносибатро ба вуҷуд меоваранд.
Инчунин, бобати таъмини шаффофият дар қабули педагогҳо ба кор масъалаҳое мавҷуданд, ки то ҳол ҳалли муносиби худро интизоранд.
Яъне, ба кор гирифтани кадрҳои педагогии мувофиқ, ки бевосита ба сифати таълиму тарбия вобаста аст ва дар ин замина таъсиси сохторҳои шаффоф ҳанӯз ҳам чун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Ҷорӣ намудани системаи шаффоф бобати дар асоси озмун ба кор қабул кардани омӯзгор-педагогҳо дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, на танҳо барои пешгирии хешутаборбозӣ, коррупсия ва порагирӣ дар соҳа, балки худ аз худ барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълим имкон фароҳам месозад.
Таълими касбиву ҳунарӣ, олӣ ва баъд аз олӣ барои тайёр кардани кадрҳои касбӣ ба бозори меҳнат хидмат мекунад
Бояд гуфт, ки имрӯз дар бозори меҳнат доираи касбҳои замонавӣ ва дигар намудҳои фаъолият васеъ мегардад. Талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои замонавӣ низ тағйир меёбад. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, ташаббуси ҳизб дар бобати ба назар гирифтани бозори байналхалқии меҳнат дар тайёр кардани кадрҳо дар шароити ҳозира, ки муҳити рақобат пурзӯр шуда истодааст, аҳамияти калон дорад. Аз ин лиҳоз, барои гузоштани қадамҳои оянда дар асоси саволҳои ҳаётан муҳиме, чун имрӯз замон чӣ гуна кадрҳоро тақозо мекунад, мо барои рӯзгори обод ва таъмини шуғли ҷавонони худ чӣ гуна кор кунем, ба онҳо чӣ гуна касбу ҳунарро омӯзем, маҳз ташаббуси ҳизби мо бояд дастуруламал гардад.
Ғайр аз ин, зинаи асосии тайёр кардани кадрҳои ботаҷриба ин таълими олӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар баробари дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти соҳаи таълим, ки дар солҳои охир амалӣ гардиданд, бахусус, ислоҳоти воқеие, ки ҷиҳати фароҳам овардани имконияти васеъ барои таълими олӣ гирифтан татбиқ шуданд, ҳизб ташаббуси аз нишондиҳандаҳои миқдор ба сифат гузаштан, дар ин росто ба ҷойи даромадан осон ва хатм кардан душвор табдил додани таҳсилоти олиро пешбарӣ менамояд.
Дар ин самт муқаррар намудани вазифаҳои мушаххас аз рӯйи афзунсозии сифати таълим, таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани салоҳияти педагогҳо, таъмини ҳамоҳангии амалия ва назария, шаффоф ва одилона гузаронидани имтиҳонҳо зарур аст.
Аз ин сабаб, ҳизб дар асоси ғоя ва ташаббусҳои худ дар тамоми муассисаҳои таълими олӣ ба сифати таълим эътибори алоҳида нигаронидан, бахусус, дар муносибат бобати ташкили таълими хусусӣ, дар асоси тамоюли «даромад не, дониш муҳим аст» омодасозии кадрҳоро ба сифати вазифаи таъхирнопазир пешбарӣ менамояд.
Воқеан, ҳангоми баҳодиҳии сифати таълим омӯхтани фикри донишҷӯён, ки аз ин манфиатдор ҳастанд, муҳим аст. Татбиқи ин механизм бошад, барои баҳодиҳӣ ба раванди таълим, такмил додани он дар асоси фикрҳое, ки аз ҷониби истеъмолкунандагони он – донишҷӯён баён гардидаанд, имкон медиҳад.
Ривоҷдиҳии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои тарбияи авлоди аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим ва комил имкон медиҳад
Пурра ба амал татбиқ сохтани салоҳияти насли комил дар ғояҳои Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» оид ба масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мавқеи устувор дорад. Зеро тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои камоли насли оянда ва тамоми табақаҳои аҳолӣ як хел масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, ҳизб такмилдиҳии асосҳои ҳуқуқии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарбияи авлоди ҷавони ҳам ҷисмонан ва ҳам руҳан солим, фароҳам овардани шароити мусоид барои дар доираи васеъ ва мунтазам бо варзиш шуғл варзидани бачагон ва ҷавонон, инчунин, дубора барқарор кардани намудҳои миллии варзишро чун мақсади устувор муқаррар намудааст.
Дар ин самт ҳизб ташаббусҳои зиёд намудани сафи ҷавонони шуғлварзандаи касбӣ ва доимӣ, таъмини шаффофият ва холисӣ дар корҳои селексия, барқарор намудани намудҳои миллии варзиш ва бозиҳои мардумӣ, роҳандозии ташкили бозиҳои миллии олимпии варзиш, дастгирии иштирок дар «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ва мусобиқаҳои байналмилалиро пешбарӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳеч чиз мамлакатро монанди варзиш зуд ва ба осонӣ дар ҷаҳон машҳур карда наметавонад. Ғайр аз ин, дар тарбияи насли комил ва ташаккули миллати солим дар баробари олами ақлӣ ва маънавии шахс, аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим камол ёфтани онҳо низ нақши муҳим дорад.
Хулоса, таваҷҷуҳи ба худ хоси ҳизби мо оид ба соҳаи таълим ва фан системаи комплексиро ташкил мекунад, ки навсозиро аз таълими томактабӣ то таълими баъд аз олӣ пешбинӣ намуда, барои ноил шудан ба мақсади синергетикӣ нигаронида шудааст.
Тамоми пешниҳоду ташаббусҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» инъикос ёфта, ба такмили системаи таълиму тарбия, инчунин, рушди масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нигаронида шудаанд, барои ташаккули насли нави кадрҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ комил хидмат мекунанд.
Баҳодур МАМАТХОНОВ,
Васила ФАЙЗИЕВА,
номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.