ТАЪЛИМГОҲ БА НОМИ ФАЙЛАСУФ

Ба мактаби таълими умумии ба забони немисӣ ихтисосонидашудаи рақами 51-уми шаҳри Самарқанд бо мақсади ташаккул додани дониши хонандагон дар бораи илму фан ва маданияти немис номи файласуфи немис, забоншинос Вилҳелм фон Ҳумболдт дода шуд.

Дар ин муассисаи таълимӣ 260 нафар хонанда таҳсил мегиранд, ки ба онҳо 115 нафар омӯзгорон сабақ меомӯзанд. Хонандагони мактаб дар озмун ва олимпиадаҳои фаннии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ мунтазам иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. 
Дар маросими ботантанае, ки ба ҳамин муносибат дар мактаб гузаронида шуд, ҷонишини вазири таълими халқ С.Бобохӯҷаев, мувофиқсозандаи Садорати марказии мактабҳои хориҷаи Олмон Барбара Дамболдт, ходимони масъули ҳокимияти шаҳр ва вилояти Самарқанд иштирок карданд. 
Барбара Дамболдт бо ҷараёни таълимии мактаб шинос шуда, қайд намуд, ки барои муаллим ва хонандагон ба дараҷаи талаби замон шароит муҳайё карда шудааст. Бо хонандагон сӯҳбат карда, хурсандии худро изҳор намуд, ки зеҳну ҷаҳонбинии онҳо васеъ ва оиди маданияти немис соҳиби тасаввуроти  ғанӣ мебошанд. 
Баъди сафари Президенти кишвар ба Олмон аз ҷониби сафоратхонаи Олмон ба мактаб адабиёт ба забони немисӣ тӯҳфа гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: