ТАЪЛИМИ БОСИФАТ БА ТАРБИЯИ ХУБ ВОБАСТА АСТ

Давлате, ки ба соҳаи таълим эътибори алоҳида дода, онро қисми ҷудонопазири сиёсати худ мешуморад, бешубҳа, рӯ ба тараққӣ мениҳад.

Ба ин аз таърих мисолҳои зиёдеро метавон овард. Масалан, сулолаҳои Сомониён ва Темуриён ба донишомӯзии ҷавонон эътибори алоҳида додаанд. Дар натиҷа, баробари илмҳои динӣ илмҳои дунявӣ низ инкишоф ёфта, биноҳои боҳашаме, ки оламиёнро имрӯз ба ҳайрат мегузоранд, қад афрохтаанд.
Камина бесабаб он давраҳои таърихиро ёдрас нанамудам. Боварии комил дорам, сиёсати оқилонаи сарвари давлат, ки ба ҳамаи соҳаҳои таълим – томактабӣ, мактабӣ, миёнаи махсус ва олӣ нигаронида шудааст, дар муддати муайян самараи худро медиҳад. 
Мо хуб медонем, ки ба таълиму тарбияи хуб гирифтан ва дар ҳаёт ҷойи муносиби худро пайдо карда тавонистани ҷавонон, баробари падару модарон устодон низ масъуланд.
Дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нақши муҳим бозидани тамаъкорӣ ва ё беҳуда гузаштани умри мактабиён дар давоми 45 дақиқаи дарс барин мушкилот мавҷуд буд, ки то солҳои наздик рӯйи рост гуфта намешуд. Ҳоло бартараф гардидани чунин мушкилот ба хурсандии волидон ва омӯзгороне афзуд, ки ба тарбияи насли наврас беэътибор нестанд.
Дар вақти вохӯрӣ бо хонандагони аввалин Мактаби президентӣ сарвари давлатамон гуфт, ки «Бузургии халқу мамлакатро бо ҳар роҳ метавон тараннум кард. Аммо афзалтарини онҳо бо дониш намоиш додан мебошад». Дарҳақиқат, дигарон диёрамонро натанҳо чун мамлакати офтобрӯ ва халқашро меҳмондӯст, балки ҳамчун кишваре, ки садҳо нафар мутафаккиронро тарбия намудааст, хуб мешиносад.
Борҳо шунидаам, ки дар мамлакатҳои рушдёфта баробари таълими умумӣ таълими томактабӣ низ маҷбурӣ буда, машғулот дар гурӯҳҳои 6,10 ва 12 нафараи хурд гузаронида мешавад. Усули ин соҳаи таълим натиҷаи хуб медиҳад, чунки муаллим метавонад, дар давоми машғулот диққати ҳамаи кӯдаконро ҷалб намояд. Азбаски шумораи бачаҳо кам аст, ба ҳамаи онҳо 2-3 дақиқагӣ вақт низ ҷудо карда метавонад, ки дар натиҷа ягон бача аз назорат дур намемонад.  
Дар баъзе мавзеъҳои кишварамон, ки аҳолӣ зич ҷойгир шудааст, дар як синф 40-45 нафар таҳсил мегиранд. Акнун, худ биандешед, ки сатҳи дониши фарзандонамон дар кадом поя хоҳад буд.
Аз ислоҳоти дар ҷараёнбуда ба чунин хулоса омадан мумкин, ки таълиму тарбияи босифат ба талабу пешниҳоди аҳолӣ бинобар барпо кардани муассисаҳои таълимӣ низ вобаста аст.
Бояд гуфт, ки барои дар соҳаи таълим ба натиҷаи хуб ноил гаштан, қабл аз ҳама, бояд тарбияи кӯдакон ба роҳи дуруст монда шавад. Хуб мешуд, ки муаллимони фанҳои забони модарӣ, адабиёт, таърих ва дарсҳои маънавият 4-5 дақиқаи дарсро ба масъалаи тарбия бахшанд. Намунаҳоро аз ҳадис, ҳаёти пуршарафи бузургон, воқеаҳои таърихӣ, ҳикояту ривоятҳо нақл намуда, мазмуну мундариҷаи онҳоро якҷо бо хонандагон муҳокима намоянд. Ман дар он фикрам, ки бо мурури замон чунин тарбия маҳсули худро медиҳад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ, муаллими собиқадор аз ноҳияи Чуст.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: