ТАЪЛИМИ БОСИФАТ ГАРАВИ ПЕШРАФТИ ҶАМЪИЯТ

Таълим аз соҳаҳои муҳимтарин ба шумор меравад, ки давлати мо ба рушду густариши он эътибори алоҳида дода, намояндагони соҳаи мазкурро бо дарназардошти фаъолияти кориашон, ки асосан, аз беҳтар гардондани сифати таълим, ба камол расондани кадрҳои ҳамаҷониба баркамолу болаёқат иборат аст, рағбатнок месозад.

Ислоҳоте, ки тӯли ду соли охир таҳти раҳнамоии Президент Ш.Мирзиёев амалӣ мешавад, кулли шаҳрвандони кишварро ба ояндаи дурахшони соҳаи таълим эътимодманд месозад. Чи дар соҳаи таълими олӣ, чи таълими халқ ва чи дар таълими томактабӣ пешравиҳои доманадор ба назар мерасад. 
Барои пешрафти таълим, пеш аз ҳама, сифати он мадди назар бояд бошад. Танҳо дар сурати баланд бардоштани сифат самараи зиёд ба даст хоҳад омад. Фаъолияти Инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки мувофиқи қарори Президент «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи низоми таълими олӣ» аз 22 апрели соли 2017 дар пойгоҳи Раёсати назорати сифати тайёркунии кадрҳо, аттестатсияи кадрҳои педагогӣ ва муассисаҳои таълимии Маркази давлатии тест ташкил шудааст, мақомоти махсуси ваколатдори идораи давлатӣ буда, маҳз, ба назорат кардани ҷараёни таълиму тарбия дар низоми таълим, таркиби профессору муаллимон, тайёр кардани кадрҳо ва баланд бардоштани малакаи онҳо, амалӣ кардани сиёсати давлатӣ бинобар додани тоифаҳои малакавӣ ба кадрҳои педагогӣ иборат мебошад. Инчунин, инспексия, қатъи назар, аз мансубияти идоравӣ ва шакли мулкдорӣ муассисаҳои таълимиро аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаронда, ба талабҳои стандарти давлатии таълими Ҷумҳурии Ӯзбекистон, талабҳои давлат ва талабҳои малакавӣ мувофиқат кардани дониши хонандагон, донишҷӯён ва шунавандагонро назорат мекунад. Ба сифати мақомоти кории Комиссияи литсензиякунонии фаъолияти муассисаҳои таълими ғайридавлатии Девони Вазирон ба муассисаҳои таълими ғайридавлатӣ литсензия медиҳад. Ҳуҷҷатҳое, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ оид ба таълим дода шудааст, эътироф менамояд ва нострификатсия (муайян кардани эквивалентнокӣ)-ро ташкил мекунад. 
Инспексияи мазкур дар Қароқалпоқистон ва ҳамаи вилоятҳо шуъбаҳои ҳудудии худро дорад, ки барои назорати сифати таълим дар ҷойҳо мунтазам кор мебаранд. Мо бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти Инспексияи давлатии назорати сифати таълим ба шуъбаи ҳудудии вилояти Тошканди он ташриф оварда, ба хулосае омадем, ки назорати сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои соҳа метавонад боиси пешрафтҳои назаррас гардад. Зимни суҳбат роҳбари шуъбаи ҳудудии вилояти Тошканди инспексия Тоҷибой Вакилов таъкид намуд, ки минбаъд низ назорат аз болои сифати таълим пурзӯр карда мешавад. Зеро таълими босифат гарави пешрафти ҷамъият дар замони имрӯза мебошад ва инро худи ҳаёт тақозо менамояд.    
Бо мақсади амалисозии вазифаҳое, ки ба зиммаи инспексияи номбурда гузошта шудааст, бо ҳамкории Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистон, шуъбаҳои назорати сифати таълими таркиби филиали Олмалиқи Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов ва садоратҳои таълими томактабӣ, таълими халқ, таълими касбу ҳунар 11 маротиба семинари хониш ташкил карда шуд. Дар чунин семинарҳо моҳияти қарорҳо оид ба таълим, навигариҳои таълим, муаммоҳои мавҷуда ва механизмҳои бартараф кардани онҳо ба иштирокдорон тавзеҳ дода шуданд. Аз ҷумла, 8 ноябри соли 2018 дар мавзӯи «Низоми баҳогузории байналхалқӣ ва миллии самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тартиби аз аккредитатсияи давлатӣ гузарондани муассисаҳои таълимӣ» бо усули кластер барои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар 6 ҳудуди вилоят семинари хониш ташкил карда шуд.
Дар давраи гузашта ҷараёни таълиму тарбия ва шароитҳое, ки муассиса барои мураббиён ва хонандагон фароҳам овардааст, дар 322 муассисаи таълими томактабӣ, 108 мактаби ҳамагонӣ, 26 коллеҷи касбу ҳунар омӯхта шуд. Дар ҷараёни омӯзиш бино бар бартараф кардани камбудиҳои муайяншуда чораҳои зудамал андешида шуданд ва масоиле, ки муассисаҳои таълимӣ  дар ҳаллу фасли онҳо душворӣ мекашанд, ба харитаи роҳи ҳокимиятҳои ноҳия (шаҳр)-ҳо ворид гардиданд. Ҳамчунин, ҳолати маҷмуъҳои хонишу истеҳсолот, ки барои донишомӯзони синфҳои 10-11 ташкил гардидааст, аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта шуда, бинобар бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда барои кормандони бахши мазкур дар коллеҷи касбу ҳунари агросаноат ва нақлиёти ноҳияи Бӯка аввали моҳи ноябри соли 2018 семинари хониш роҳандозӣ шуд. Моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят дар хонаи маданияти «Дӯрмон»-и ноҳияи Қибрай семинари хониш ташкил гардида, бинобар хизматрасонии таълими ғайридавлатӣ соҳибкорони ташаббускор ҷалб гардиданд. 
– Ният доштам, ки муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ созмон диҳам, аммо оид ба ҳуҷҷатҳои пеш бурдани фаъолияти таълими ғайридавлатӣ маълумоти кофӣ надоштам, – мегӯяд сокини маҳаллаи Янгиободи ноҳияи Қибрай Мадинабону Эргашева. – Ҳангоме ки ба шуъбаи ҳудудии вилояти Тошканди Инспексияи давлатии назорати сифати таълим бинобар масъалаи мазкур муроҷиат кардам, ба ман оид ба ҳуҷҷатҳое, ки барои фаъолияти муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ талаб карда мешаванд ва тартиби гирифтани литсензия маълумот дода, нусхаи ҳуҷҷатҳои меъёриро тақдим намуданд. Хеле хурсанд ҳастам, ки Инспексияи давлатии назорати сифати таълим ба оворагиҳои гуногун нуқта гузошта, хизматҳои интерфаъоли масофавиро ба роҳ монд.
Моҳи апрели соли 2018 барои омӯзгорони дорои тоифаҳои олӣ ва якум, пешоҳангон ва ғайра ошкоро ва холисона баргузоршавии озмуни тести бархат ба назорат гирифта шуд. Дар ҷараёни мазкур беш аз 3 ҳазору 930 нафар омӯзгорони таълими халқ, 204 нафар муаллимони низоми касбу ҳунари миёнаи махсус ширкат варзиданд. Дар ҳолати гузарондани тести бархат аз ҷониби ягон нафар эътироз ба қайд гирифта нашуд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: