Ҳаёти имрӯзаро бе илму маърифат ва рушди таълим тасаввур кардан имконнопазир аст.
Таваҷҷуҳ ба сохтори таълим ҷиҳати пурра амалӣ намудани чунин вазифаҳо, аз қабили тарбияи мутахассисони баркамоли соҳиби маънавиёт, илму маърифат, донандаи забонҳои хориҷӣ, ки мушкилоти ҷомеаро оқилона ҳал карда метавонанд, тақозои замон мегардад.
Президент Шавкат Мирзиёев 20 декабри соли 2022 дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон соли 2023-ро Соли эътибор ба инсон ва сифати таълим эълон кард, ки ин боиси хушҳолист.
Маълум аст, ки рушди ҷамъият ба дараҷаи шуур ва дониши инсонӣ вобастагии зич дорад. Ҳар як шахс дорои неру ва қобилияти худ аст. Зуҳуроти пурраи онҳо на танҳо барои шахс, балки барои тамоми ҷамъият фоиданок аст. Дар ҷомеаи озод ҳар як шахс бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки ақлу заковат, имкониятҳои эҷодӣ ва неруи худро пурра нишон диҳад. Таълим омили муҳимтарини ташаккули истеъдод, дониш ва маҳорати фитрӣ мебошад
Аз ин рӯ, бо мақсади рушди соҳаи таълим ва илму фан, минбаъд беҳтар намудани сохтори муттасили таълим, афзун намудани имкониятҳои хидматрасонии таълими босифат, идома додани сиёсати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мутобиқи талаботи бозори меҳнат ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин муайян карда шудааст.
Солҳои охир дар мамлакатамон шумораи муассисаҳои таълими олӣ 2,5 баробар афзуда, ба 198-то, дараҷаи бо мактабҳои олӣ фаро гирифтани хатмкунандагони мактаб аз 9 фоиз ба 38 фоиз расид. Чуноне ки Сарвари давлатамон таъкид кард, дар баробари афзоиши минбаъдаи ин нишондодҳо ба баланд бардоштани сифати таълим таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Ҳалли аксари мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба таълими босифат вобаста аст. Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон масъулияти бузургеро дар ӯҳда дорем, ки насли наврасро дар тамоми марҳилаҳои низоми таълими муттасил ҳамчун кадрҳои баркамол, соҳибихтисос ва дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир тарбия намоем.
Фирӯза
РАҲМАТУЛЛОЕВА,
номзади илмҳои иқтисод, дотсенти кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро.
Аслиддин
АБДУЛЛОЕВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро.