ТАЪЛИМИ ЭКОЛОГӢ – ОМИЛИ БАРҚАРОРИИ ЭКОЛОГӢ

Дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба масъалаҳои дар аҳолӣ ташаккул ёфтани маданияти баланди экологӣ, пурзӯрсозии ҳисси муносибати эҳтиёткорона нисбати табиат, аз он ҷумла, ба дунёи ҳайвонот ва рустанӣ эътибори алоҳида нигаронда шудааст.

Дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба масъалаҳои дар аҳолӣ ташаккул ёфтани маданияти баланди экологӣ, пурзӯрсозии ҳисси муносибати эҳтиёткорона нисбати табиат, аз он ҷумла, ба дунёи ҳайвонот ва рустанӣ эътибори алоҳида нигаронда шудааст.
Ҳамгароии принсипҳои рушди «сабз» дар таълим ва илм, васеъ татбиқ намудани принсипҳои таълим ва тарбияи экологӣ дар тамоми марҳалаҳои таълими бетанаффус, баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон, сифати тарбияи кадрҳои баландмалака аз рӯи самти экология ва муҳофизати муҳити зист, маданияти экологӣ дар ҷамъиятро васеъ намудан дар назар дошта шудааст.
Дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 1992 дар Рио-де-Жанейро баргузор гардид ва он ба муҳокимаи масъалаҳои муҳити зист бахшида шуд, аҳамияти калони тарбияи экологӣ дар татбиқи стратегияи инкишофи тарзи ҳаёт ва рушди босуботи инсоният дар тамоми давлатҳои ҷаҳон таъкид гардида буд.
Мо гувоҳи он ҳастем, ки бисёр масъалаҳои экологие, ки ба сифати таҳдид баррасӣ мегарданд, маҳз аз сабаби муносибати нодурусти инсон ба низоми экологӣ руй медиҳад. «Хидмати»  одамон дар партов кардани ҳаҷми зиёди маводи зарарнок ба атмосфера, ифлос намудани об, ба вуҷуд омадани партовгоҳҳои бетартиб, утилизатсияи нодуруст, муносибати бешафқатона ба олами ҳайвонот ва наботот назаррасанд. Бартарафсозии чунин ҳолатҳо пеш аз ҳама бо роҳи бурдани кори фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни аҳолӣ имконпазир аст.
Дар ҷамъият баланд бардоштани савод ва маданияти экологӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. Муносибати эҳтиёткорона нисбати табиатро мо метавонем дар бачаҳо на аз мактаб, балки аз синни бармаҳал дар оила тарбия намоем ва ба онҳо ба забони фаҳмо инро шарҳ диҳем.
Дар ҷаҳони имрӯз аҳамияти таълими экологӣ боиси шубҳае намегардад, ҳамзамон дар бисёр мамлакатҳо он аз самтҳои муҳими таълим ва тарбия ба шумор меравад. Чунин фаъолият, ки дар аҳолӣ маданияти экологӣ ва муносибати эҳтиёткоронаро нисбати муҳити зист ташаккул медиҳад – гарави бехатарии ояндаи тамоми инсоният аст.
Дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муҳофизати табиат» ҳатмӣ будани таълими экологӣ дар тамоми намудҳои муассисаҳои таълимӣ зикр гаштааст. Мақсади асосии таълими экологӣ аз ташаккул додани муносибати бошуурона нисбати масъалаҳои муҳофизати муҳити зист дар тамоми қишри аҳолӣ, аз он ҷумла дар хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ иборат аст.
Ҷаҳони имрӯз чунин давреро аз сар мегузаронад, ки тарбияи маданияти экологӣ дар ҷавонон самти муҳими фаъолияти таълимӣ гардид. Ҳарчи бармаҳал андухтани дониши экологӣ ба бачагон шурӯъ гардад, самараи он ҳамон андоза зиёд мегардад.
Дар ҷараёни ташаккули маданияти экологӣ дар алоҳидагӣ таҳлил намудани ду самти ба ҳам марбут, аммо нисбатан новобастаи ҳамдигар мувофиқи матлаб аст.
Якум – ташкили оқилонаи инкишофи истеҳсолӣ, техникӣ ва технологӣ, ки фаъолияти амалии инсонро дар заминаи тағйир додан ва азхуд намудани табиат дар асоси донишҳои назариявӣ дар бораи экологияро ташкил менамояд.
Дуюм – дар инсонҳо инкишоф додани шуур, тафаккур ва ҷаҳонбинии экологӣ дар асоси таҷрибаи таърихии экологӣ, бо кӯмаки институтҳои ҷамъиятии таълим ва тарбияи экологӣ. Инкишофи ҳамоҳанги ин самтҳо дар асоси манфиатҳои глобалӣ дар оқибати кор дар ташаккули маданияти фаъоли экологӣ, ҳифзи муҳити зист нақши муҳим дорад.
Умуман тағйир додани муносибати ҷамъият нисбати табиат шарти ногузири рушди маданияти экологӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон масъалаи инкишофи ҳамоҳанги тамоми самтҳо, усул ва воситаҳои таълим ва тарбия  то ҳанӯз муҳим боқӣ мемонад.
Вазъи экологӣ махсусияти муайян дорад. Инсон бояд потенсиали табиатро  на бо бетафовутӣ истифода намояд, балки таносубро муроот кунад. Тафаккури экологӣ дар худ дониш ва эътимодро дар муҳити муносибати байни инсон ва табиат фаро гирифтааст. Дониш дар бораи муҳити зист инсонҳоро ба дарки алоқаи зичи инсон ва табиат илқо менамояд, ки муҳофизати он ногузирии холис, мисли истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи дунёи ҳайвонот ва наботот ба шумор меравад.
Шаклҳои муҳими тарбияи экологӣ ин ободсозии ҳудудҳои махсус аз ҷониби хонандагон, ниҳолшинонӣ ва парастории саривақтии ниҳолҳо, сохтани лона барои паррандагон, поксозии чашма, кӯл ва ҷӯйборҳо аз партов аст. Дар натиҷа дар ҷавонон дар баробари мустаҳкам гардидани дониши андӯхтаи назариявӣ нуқтаи назари зарурии экологӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастӣ ташаккул меёбад. Хонандагон ҷойгоҳ ва нақши инсонро дар табиат, аҳамияти фаъолиятро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба хотири шаҳр ва деҳаи азиз, аҳамияти зуҳури мавқеи фаъолонаи ҳаёт дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи ҳаво, кӯлу дарёҳо дар покизагӣ, дарк менамоянд. Маҳз фаъолияти амалии мақсадноки насли ҷавон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист шарти муҳими ташаккули дарки инфиродии экологӣ ба шумор меравад.
Дар таҳияи самтҳои тарбияи мафкуравӣ, ки бо маънавият ҳамоҳанг аст, ба вуҷуд овардани низоми мафкураи экологӣ, таълим ва тарбияи экологӣ ҷойгоҳи махсус ишғол менамояд.
Зимни ташаккули шуур ва маданияти экологӣ дар баробари андӯхтани дониши назариявӣ васеъ истифода намудани тамоми шакл ва усулҳои самараноки корҳои маданиву маърифатӣ аз он ҷумла имконоти ВАО, василаҳои шифоҳӣ, аёнӣ ва техникӣ мувофиқи мақсад аст. Зеро ташвиқоти экологӣ натанҳо бояд ба шуури қишрҳои алоҳидаи аҳолӣ таъсир намояд, балки ҳамаи сокинон ва ҳатто кӯдакони томактабиро бояд фаро гирад. Он бояд барои ҳама фаҳмо, аёнӣ ва ҳамсадо бошад. Маълумоти илмиву оммавӣ дар бораи табиат, замин, об, дунёи ҳайвонот ва наботот, захираҳои табиӣ ҷавононро бояд илқо намояд, дар онҳо хоҳиши оқилона истифода намудан аз боигариҳои табииро тарбия кунад.
Дониши экологӣ барои таъмини таносуби байни истеъмоли зудафзояндаи инсоният ва коҳиш ёфтани захираҳои табиии сайёра низ муҳим аст.
Агар инсон худро ҷузъи табиат эҳсос нанамояд, вай дар шароити истеъмоли ваҳшиёна хароб ва нобуд мегардад. Ҳама гуна ҷондорҳо дар табиат аз омили инсонӣ дар азиятанд. Дар партави ҳамаи ин мафҳумҳо дар ҳар як инсон ташаккул додани муносибати оқилона ба табиати азиз, муҳити зист, ба ҳар як ҷондори табиӣ – масъалаи фавқулодда муҳим. Маданияти экологӣ самараи бузурге мебахшад, ки бо ҳеч кадом технология қиёснопазир аст.
Ин вазифаҳо бо мақсадҳои дарозмуддати стратегӣ ҳамоҳанг мебошанд. Онҳо куллан тағйир додани муносибати инсонро нисбати табиат пешбинӣ менамоянд. Мутахассисон аз рӯи хулосаҳои худ тасдиқ менамоянд: агар муносибати  бешафқатона нисбати низоми экологӣ тағйир наёбад, пас аз 30-40 сол башарият бо оқибатҳои фоҷианок рӯ ба рӯ мегардад.
Аз ин рӯ, чун моддаи муҳими барномаи пешазинтихоботии номзад пурзӯр намудани эътибор ба масъалаҳои экология дар оила ва маҳалла, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ дар бораи ҳолати муҳити зист, мунтазам нашр намудани маърӯзаҳои миллӣ ва ҳисоботи таҳлилӣ доир ба мавзӯъ қайд гаштааст. Онҳо дар ҳар як аъзои ҷамъият ташаккул додани муносибати эҳтиёткоронаро нисбати табиат, иштироки ҳар як шаҳрвандро дар корҳое, ки ба баланд бардоштани масъулияти экологии корхонаҳои бо дараҷаи таъсирашон ба муҳити зист баланд, минбаъд пурзӯр намудани эътибор ба татбиқи ташаббусҳои «сабз» нигаронда шудааст, пешбинӣ менамоянд.
Ояндаи сайёраамон аз маданияти экологии насли наврас вобаста мебошад. Худи замон ташкили бонизоми таълим ва тарбияи экологии ҷавононро якҷоя бо ташаккул додани дониш, тафаккур ва маданияти экологӣ, минбаъд такмил додани соҳаи экология бо ҷалби технологияи пешқадами инноватсионӣ, дар ҷавонон баланд бардоштани дониш ва таҷрибае, ки муҳаббатро нисбати табиат ташаккул медиҳад ва инчунин омодагии онҳоро барои чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани табиат талаб менамояд.
Дар ёд дошта бошед, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, барои номзади муносиб овоз дода, шумо инчунин барои ҳимояи табиати азиз ҳисса мегузоред.

Носирҷон АМИНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 
узви фраксияи Ҳизби экологии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: