ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ХОСИ НОМИ ХУД БОШАД

Дар мактабҳои миёна соли хониш ба охир мерасад.

 Ба ин муносибат дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бо намояндагони Вазорати таълими халқ таҳти мавзӯи «Анҷоми соли хониши 2018-2019 ва вазифаҳои устувори оянда» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар давоми соли хониш ҷамъ дар 9691 муассисаи таълимии миёна 5,8 млн. хонанда таҳсил гирифт. Имсол синфи 9 ва 11-ро 747 410 нафар хатм менамоянд. Аз 26 май то 15 июн имтиҳонҳои назоратӣ гузаронида мешавад. 
Бино бар гузаштан ба сохти 11-солаи таълими ҳатмии мактаби миёна намунаи нави аттестат ва шаҳодатнома тасдиқ гардид. Ба муносибати ба соҳа бештар ҷалб кардани технологияи замонавӣ дар аттестат ва шаҳодатнома василаи электронӣ ҷорӣ карда мешавад, ки дар он ҳамаи маълумотҳо оиди хонанда ва баҳоҳои гирифтаи ӯ инъикос ёфтааст. Баробари сканер шудани коди номаи камоли хонанда (QR), ки дар коғази махсуси ҳифзшуда чоп шудааст, маълумотҳо доири ӯ дарёфт мешавад.
Тӯли даҳсолаҳои зиёд ному насаб, номи муассиса ва баҳои хонанда дар аттестат ва шаҳодатнома ба забони ӯзбекӣ дастӣ навишта мешуд. Аз соли хониши ҷорӣ он ба 3 забон – ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ навишта шуда, дар принтери махсус чоп мешавад. Ин барои хонандагоне, ки дар муассисаҳои олии хориҷӣ таҳсил гирифтан мехоҳанд, қулаиҳо фароҳам меоварад.
– Аз соли хониши нав дар ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ тартиби либоси ягона ҷорӣ мешавад, – гуфт сардори раёсати мутобиқсозии фаъолияти муассисаҳои таълими миёна Эркин Муродов. – Роҳбарони мактаб бо корхонаҳои хусусии дӯзандагӣ шартнома баста, либоси дилхоҳашонро медӯзонданд, ки сифату нархи он сабаби норозигии волидон мегашт. Имсол фурӯши либоси мактаб на дар мактаб, балки  дар дуконҳои махсус ба роҳ монда мешавад.
Бино бар қарори Девони Вазирон аз 22 феврали соли 2019 «Дар бораи тартиби бо медали тилло ва нуқра тақдир гардондани хатмкунандагони боиқтидори литсейҳои академӣ ва муассисаҳои таълими миёна» тартиби бо медали тилло ва нуқра тақдир гардондани хатмкунандагон ҷорӣ шуд, ки номзадҳо ба он зиёда аз 5,5 ҳазор нафаранд.
Бобати пурсамар ташкил кардани корҳои маънавиву маърифатӣ ва пурмазмун гузаронидани вақти холии бачаҳо низ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бо хоҳиши падару модарон дар давоми таътили тобистона маҳфили пулакии фаннӣ дар мактабҳо ташкил дода мешавад. Дар 65 мактаби пойтахт бошад, кори фаъолияти маҳфилҳо бепул ба роҳ монда мешавад, ки маълумотро оиди он тавассути веб-сайти вазорат дастрас кардан мумкин.
Ба мақсади баланд бардоштани маданияти қироат ва китобдорӣ китобхонаи бачагонаи ҷумҳурӣ, 212 маркази захираи ахбор ва 9 677 китобхонаи мактаб фаъолият доранд. Дар маркази ахбору китобхонаи мактабҳо 18,6 млн нусха китоб мавҷуд буда, зиёда аз 184 500 нусхаи он адабиёти электронӣ мебошанд.
– Бобати телефони мобилӣ бештар муроҷиат мекунанд. Волидон бояд дуруст фаҳманд, ки ба ҷараёни дарс ҳеч кас ҳуқуқи дахолат карданро надорад,– сухани худро идома дод Э. Муродов. – Шарти асосӣ дар давоми дарс хомӯш кардани телефон мебошад. Дар акси ҳол, аввал хонанда, сипас, падару модари ӯ  ба мактаб даъват шуда, огоҳонида мешаванд. 
Дар нишаст журналистон таъкид карданд, ки то ҳол масъалаи коғазбозии омӯзгорон ҳаллу фасл нагардидааст. Омӯзгор бо таълиму тарбияи хонанда не, балки бештар бо ҳуҷҷатнигорӣ андармон аст. Зеро ҳадафи ниҳоӣ аз таълим на ҳуҷҷатнигорӣ, балки фанро азхуд кардани хонанда мебошад.

Набия НОДИРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: