Донишгоҳи давлатии ба номи Шароф Рашидови Самарқанд аз рӯи рейтинги байналхалқии QS Stars Бритониёи Кабир дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда ба мақоми 5 ситораи университетҳои дунё соҳиб гардид.
Бо ҳамин муносибат мо бо проректори донишгоҳ, доктори фанҳои физика-математика, профессор Аҳмадҷон Солеев сӯҳбат оростем.
– Ташкилоти байналхалқии QS Stars соли 2009 таъсис ёфта, донишгоҳҳои оламро дар 13 самт омӯхта, таҳлил карда, баъд баҳо медиҳад, – гуфт Аҳмадҷон Солеевич, – ширкати мазкур аз ноябри соли 2023 барои омӯхтани фаъолияти мо пардохт. Дар 8 самт аз 50 беш нишондоди донишгоҳ ҳаматарафа санҷида шуд. Дар натиҷа аз 1000 балл 750 балл гирифта (700 балл кифоя буд) соҳиби унвони донишгоҳи 5 ситора гардидем.
– Аҳмадҷон Солеевич, ба фикри шумо асрори чунин комёбиҳои назаррас дар чист?
– Боиси хушнудист, ки барои такмил додани таълими олӣ як қатор фармону қарорҳои сарвари давлатамон қабул шудааст. Аз ҳама муҳимаш, квотаи қабул ба мактабҳои олӣ куллан тағйир ёфта, дар ин самт адолату шаффофият қарор гирифт. Соли гузашта бо ташаббуси Президенти мамлакат «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши талабагон имкониятҳои заруриро фароҳам овард. Ана барои чӣ мо дар асоси талаботу супориши сарвари давлатамон ба «Баланд бардоштани сифати таълим – роҳи ягонаи дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав» аҳамияти ҷиддӣ дода, аз усулҳои муосири таълиму тарбия пурсамару фоидабахш истифода бурда, ба комёбиҳо соҳиб шудем. Зеро мутахассисони ба замона хос тайёр намудан вазифаи асосӣ аст. Аммо талаботи таъиноти таълими босифат ба якчанд мизон вобаста мебошад. Яъне дар мактабҳои олӣ мавҷуд будани базаи моддӣ-техникӣ, устодони соҳибтаҷриба, таъминот бо китобҳои дарсӣ, дониши талабагонро шаффоф ва бо адолат баҳо додан ва ғайра.
Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз ҷиҳати моддӣ-техникӣ пурра ҷиҳозонида шуда, дар китобхонаи мо беш аз 3 миллион адад асарҳои гуногуни рақамнокшуда маҳфузанд. Беш аз 800 нафар омӯзгорону профессорон ба насли наврас таълиму тарбия медиҳанд, ки аз онҳо 113 нафар доктори фан, 432 нафар номзади фан, дотсентҳо ҳастанд.
Салоҳияти илмӣ 68,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷалб намудани ҳамкасбони хориҷӣ низ дуруст ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар соли хониши 2023-2024 аз Русия, Чин, Туркия, Венгрия, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Канада, Покистон, Исроил, Ҷопон ва ғайра беш аз 100 нафар профессор-устодони соҳибтаҷриба ба Самарқанд ташриф оварда, ба талабагони мо сабақ доданд. Дар навбати худ як гурӯҳ муаллимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ аз рӯи шартномаҳои ҳамкорӣ дар бисёр мактабҳои олии кишварҳои ҷаҳон такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ кардаанд.
– Чанде пеш хидмати матбуоти донишгоҳ хабар дод, ки китоби дарсии шумо барои мактабҳои олӣ ҷоиза гирифтааст...
– Воқеан, то имрӯз беш аз даҳ китоби дарсӣ барои математикҳо иншо намудам, ки ҳатто ба забонҳои хориҷӣ низ тарҷума шудаанд. Бо профессорон Александр Брюно, Маъруфҷон Исроилов ва дигар устодонам дар ҳаммуаллифӣ китобу рисолаҳои илмӣ интишор намудам.
Бояд таъкид намуд, ки дар ду соли охир аз ҷониби омӯзгорону профессорон 350 номгӯй адабиётҳои гуногун аз нашр баромаданд.
– Оё ҳисоботи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ ҳаст?
– Албатта ҳаст, ки барои гирифтани 5 ситора роли бузург бозид. Мо бо 158 ташкилоту идораи кордиҳанда ва бо меҳнати фоидабахш бандкунанда шартнома дорем. Ҳар сол 90 фоиз бо диплому роҳхати донишгоҳ на танҳо дар вилояти Самарқанд, инчунин тамоми қаламрави Ӯзбекистон ба кор мераванд.
– Аҳмадҷон Солеевич, нақшҳои оянда аз чиҳо иборатанд?
– Соҳиби 5 ситора гардидем, ки самараи меҳнати ҷамоаи донишгоҳ ва кӯшишу ғайрату шуҷоати талабагон аст. Мақсади асосии мо дар байни 1000 мактаби олии кишварҳои ҷаҳон шудан мебошад.
Аз ҳама муҳимаш, таълими босифат додан ба насли наврас барои Ӯзбекистони Нав мебошад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.