ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ ВА ДУРНАМОИ ОН

Фарғона дар байни вилоятҳои ҷумҳурӣ бобати ба боғчаҳои бачагона фаро гирифтани кӯдакон ҷойи аввалро ишғол намуд.

Дар айни ҳол мақомоти раҳбарии ин ниҳоди давлатӣ талош ба харҷ медиҳанд, ки ҳамеша дар ин соҳа пешқадам бимонанд. Мухбирамон дар ин мавзӯъ бо сардори Раёсати муассисаҳои таълими томактабии вилоят Юлдуз ХОҶАЕВА суҳбат орост.
– Беш аз дуним сол боз ин вазифаро бар дӯш дорам. Шумо медонед, ки зимни тайин шудани ҳар як роҳбар вай бояд фаъолияташро аз он оғоз кунад, ки дар ҷои нав авлавиятҳои кори ӯро чиҳо ташкил мекунанд. Ин сохтор базаи мустаҳками молӣ дорад ё на? Кадрҳо дар кадом савия қарор доранд? Мо як тану як ҷон шуда, барои дар шаҳру деҳоти ноҳияҳои вилоят афзоиш додани боғчаҳои бачагона заминаи мусоид фароҳам овардем.
– Бар асоси қарори Президенти мамлакат “Дар бораи такмил додани идораи сохтори таълими томактабӣ” иҷрои кадом вазифаҳоро аз авлавиятҳои кори худ қарор додаед?
– Ҳадафи асосӣ, пеш аз ҳама, мустаҳкам кардани базаи моддию техникии кӯдакистонҳо, таъмини ин муассисаҳо бо кадрҳои малаканоку бомаҳорат, дар муддатҳои муқарраршуда такмили ихтисоси  кормандони муассисаҳои томактабӣ, ба роҳ мондани тарбияи хуби кӯдакон, ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва технологияҳои таълиму тарбияи интеллектуалӣ, маънавию эстетикӣ ва ҷисмонӣ  мебошад. Ба ибораи дигар, ҳар як кӯдаке, ки дар муассисаҳои томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, бояд ба мактаби таълимоти ҳамагонӣ тайёр шуда раванд. 
– Ҳоло метавонем ба рақамҳо муроҷиат кунем ва тафриқаро ошкор намоем? Яъне идорае, ки шумо роҳбарӣ мекунед, ба пешрафти кори муассисаҳои томактабӣ чӣ хел мусоидат менамояд?
– Бубинед, дуним сол қабл дар шаҳру деҳоти ноҳияҳои вилояти мо 642 боғчаи бачагонаи давлатӣ ва 16 боғчаи бачагонаи хусусӣ фаъолият доштанд. Дар натиҷаи ғамхориҳои беназири сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ мо теъдоди боғчаҳои бачагонаи давлатиро ба 813 адад расонидем. Ҳамчунин,  теъдоди боғчаҳои хусусии мо аз 16 то ба 745 адад боло рафт. Худ қазоват кунед, ки дар се соли охир мо ба чӣ пешравиҳо соҳиб шудаем.
Мо боз талош ба харҷ дода истодаем, ки ин рақамҳо сол аз сол боло раванд. Зеро Президент Шавкат Мирзиёев мо, кормандони муассисаҳои таълими томактабиро вазифадор намуданд, ки дар тӯли солҳои наздик то 90 дарсади кӯдакони аҳолии кишвар бояд ба боғчаҳои бачагон ҷалб карда шаванд. Аммо ҳоло барои расидагӣ ба ин нишондиҳандаҳои баланд иҷрои корҳои зиёд дар пеш истодаанд. Агар ин ҳарфҳоро бо рақамҳо ифода намоям, мо фаро гирифтани кӯдакон ба боғчаҳои бачагонаро аз 33 фоиз ба 55 фоиз расондем. Албатта, дар шаҳру ноҳияҳои мо фаро гирифтани кӯдакон дар сатҳи мухталиф қарор дорад. Масалан, дар шаҳри Марғелон ҷамъи кӯдакони 3-7-сола 18 ҳазору 146 нафар буда, аз ин шумор дар 32 боғчаи бачагонаи давлатӣ 7 ҳазору 88 нафар ва дар 66 боғчаи хусусӣ 8 ҳазору 180 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Бо вуҷуди ин, дараҷаи нишондиҳандаи фарогирӣ беш аз 45 дарсад мебошад. Дар ин ҷода шаҳрҳои Фарғона ва Қувасой нисбат ба шаҳру ноҳияҳои дигар ҷиҳати фарогирии кӯдакон ба боғчаҳои бачагона дар вилоят аз ҳама пешсаф муаррифӣ шудаанд. Миқдори фарогирии кӯдакон дар шаҳри Фарғона 96 дарсад ва дар шаҳри Қувасой 72 дарсадро ташкил мекунад. Дар маҷмӯъ, аз 291 ҳазору 797 кӯдаки 3-7-сола ба боғчаҳои давлатии кӯдакон 125 ҳазору 873 нафар ва ба кӯдакистонҳои хусусӣ 148 ҳазору 117  нафар фаро гирифта шудаанд, ки ба ҳисоби фоиз 51 дарсадро ташкил мекунад. Аммо бархе аз ноҳияҳо дар ин маврид ақиб мондаанд. Аз ҷумла, ноҳияҳои Сӯх, Тошлоқ, Бувайда, Бағдод 35-40 фоизӣ бачагонро ба боғчаҳо ҷалб кардаанд. Қарор аст, ки то охири сол мо ба кӯдакистонҳо фаро гирифтани фарзандони аҳли меҳнатро ба 56 фоиз мерасонем ва дар соли 2020 ин рақам ба 61,5 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.
– Тибқи маълумоти мо вилояти Фарғона дар мавриди бидуни пардохти бадал ба боғчаҳои бачагонаи хусусӣ ҷалб намудани кӯдакон низ  пешсаф мебошад. Ин маълумот то чӣ андоза дуруст аст?
– Агар тибқи нақша дар 745 боғчаи бачагонаи хусусӣ бояд 25 дарсади кӯдакон бидуни пардохт фаро гирифта шаванд, мо ин рақамро ба 28 дарсад расондем. Дар боғчаҳои давлатӣ 15 дарсади кӯдакони хонаводаҳои камбизоат аз пардохти ҳаққи бадал комилан озод карда шудаанд. Ҳамин нуктаҳо низ барои дар ҷумҳурӣ ба ҷойи якум сазовор шудан ҳамчун омили муҳим шумурда шудааст. Масъалаи дигаре, ки таъкиди онро ҷоиз медонам, мо бояд домани фаъолиятҳои худро фарохтар созем, аммо иҷрои ин корҳо бидуни маблағ имконпазир намебошад. Дар қарори Президент аз 30 сентябри соли 2018 гуфта шудааст, ки Кумитаи давлатии инвеститсия барои таъмини молии тавсеа додани фаъолияти мо, муҷаҳҳаз намудани боғча ва мустаҳкам кардани базаи моддиву техникии он ҳамкорӣ хоҳад кард. Гузашта аз ин, барои ташкил кардани боғчаҳои бачагона бар асоси шарикии давлатӣ низ ҷалби маблағҳои мамлакатҳои донор ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ зарур мебошад.
– Дар роҳи таълиму тарбияи кӯдакони 3-7-сола нақши тарбиятгарон низ калон аст. Масъалаи таъмини боғчаҳои кӯдакон бо кадрҳо дар кадом вазъ қарор дорад?
– Соли гузашта дар кӯдакистонҳои мо 11 ҳазору 637 нафар тарбиятдиҳандагон фаъолият мекарданд, ки аз ин шумор 3 ҳазору 485 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 8 ҳазору 152 нафарашон соҳиби маълумоти миёнаи махсус буданд. Соли равон теъдоди умумии онҳо 13 ҳазору 446 нафарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 981 нафарашон маълумоти олӣ доранд ва 9 ҳазору 463 нафарашон бо маълумоти миёнаи махсус ба кор ҷалб шудаанд. Дар ин замина гуфтанӣ ҳастам, ки аксари тарбиятдиҳандагони соҳиби маълумоти миёнаи махсус дар шуъбаҳои ғоибонаи донишгоҳҳои мухталифи Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Соли 2020 аллакай теъдоди дорои маълумоти олӣ дар ин боғчаҳо ба 4 ҳазору 379 нафар мерасад. Соли 2021 ин рақам боз ба беш аз 100 нафар афзоиш хоҳад ёфт.
– Барои пешрафти кор чӣ  таманно доред?
– Мехостам, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биноҳои зиёде сохта шаванду дар он кӯдакони дӯстрӯяки мардумро ба таълиму тарбия фаро гирем. 
– Ташаккур барои суҳбат.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: