ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ Ё ДАСТОМӮЗӢ

(Бардоштҳои ақлонии ноумед)

То кунун  гумон мекардам,  ки   Ибни  Сино,  Берунӣ,  Насриддини  Тӯсӣ,  Коперник,  Нютон,  Галилей,  Эйнштейн  ва  садҳо  дигар  бузургони  илму  адаби  инсонӣ  масъули  тарбия  ва  таълими  мактаби  замони  худ  будаанд.  То  ҷойе,  ки  дарк  кардам,  бузургони  илму  адабиёт ва  санъат  аз  қолабҳои таълиму  тарбияи  замони  худ берун  баромада,  система  ва усулҳои  анъанавишудаи  худро  паси  сар  карда, бо  онҳо  муқовимат  карданд ва ғолиб  ҳам  шуданд.  Умуман,  бузургони  ақлу  хирад  аз  доираи  тафаккури  анъанавӣ  ва сарбасташудаи  замони  худ баромада,  дар  заминаи  созандагӣ,  навоварӣ, диди  нав  ба  замон  меистоданд  ва  дар  бисёр мавридҳои  эҷодӣ ва  фикрии  худ  аз  тарафи  муҳофизакорон  бадбинона  маломат  мешуданд.  Баъзеҳо  бори  вазнини  маломат  ва  ҷоҳилиро  набардошта, гуреза шуда,  тарки ватан  мекарданд ва  ба  куфр  ҳам  ҳукм  мешуданд.
Таноқизи  системаи  таълиму тарбияи  насли  навин аз  замони  ташкил  шудани  макотиб  (Юнон  ва  Рими  Қадим)  дар  он  аст,  ки  метод  ва  усулҳои  таълиму  тарбия  на  дар  мабнои  озодфикрӣ,  худшиносӣ,  созандагӣ,  хақиқатҷӯйӣ,  некбинӣ,  балки  бошуурона  ва  бешуурона,  дар  мабнои  мутеӣ,  тобеъкунӣ,  пахши  тинату  ҳувияти  шахс,  майли  интиқодӣ,  якидеологӣ  асос  мекарданд.  Чунин  тамоили  системаи  таълиму  тарбияи  наслҳо  анъанавӣ  шуда, то  замони  мо,  албатта,  бо  вижагиҳои  ҳар  як  даври  таърихӣ  омада  расидааст.  Бесаранҷомии  таълиму  тарбияи  замони  мо,  новобаста  ба  ғарбӣ  ва  шарқӣ  будани  вижагиҳои  он,  дар  он  аст,  ки  фард  пеш  аз  ҳама  на  таълиму  тарбия,  балки  дастомӯзӣ  мешавад.  Соддатар  гӯем,  шахсро  аз  истеъдоди  фитрӣ  ва  ҳувияташ,  ки  инъоми  худододанд,  ҷудо  карда,  дарҳамшиканӣ  мекунанд.
Дастомӯзии  мактабӣ  ва  мадрасавӣ,  дигар хел карда  гӯем,  дунявӣ  (секулярӣ)  ва  динӣ  (мазҳабӣ),  аз  дастомӯзии  сирк  (цирк)  дар  он  фарқ  мекунад,  ки  аввалӣ  ба  дигар  кардани  қалб  ва  тафаккури  инсон  равона  шудааст,  дувумӣ  ба пахши  ғариза (инстинкт)-и  ҳайвонҳо.  Яъне  мақсади  аввали  дастомӯзӣ табдил  додани инсон  ба  як намуди  «арусак»  –  лухтаки  сиёсӣ,  идеологӣ,  динӣ,  иқтисодӣ ва  ғайра,  мақсади  дувумӣ мубаддал  кардани  ҳайвон  ба  инсон. 
Бояд гуфт, ки  дар  ҳар  ду  ҳолат  кӯшишу  ғайрат  барои  дигар  кардани  тинату хилқати  инсону  ҳайвон  садсолаҳо  аст,  ки  натиҷа надодааст, комёбӣ  маълум  нест,  сурату  сирати  инсон  ва  ҳайвон  ҳамон тавре  ки  дар  аввали  гардиши  гардун  буд,  ҳамон  тавр  мондааст,  фитнаву  шар,  ба  қавли  Ҳофиз,  ҳамон  тавре  ки  буд  дигар  нашудааст,  баръакс  шадидтар ва ҳассостар  шудааст.  Одамон якдигарро  қатл  мекунанд,  зулм,  ғорат,  фиребгарӣ,  дуздӣ,  қаллобӣ,  ришваситонӣ  бо  шаклҳои  гуногун  зуҳур  мекунанд  ва  ғайра. Танҳо олоту  василаҳои  ҷангӣ тағйир  меёбанд,  масалан,  қалъаҳои  ҷангӣ  ба  пойгоҳҳои  низомӣ,  тиру камон  ба  автоматҳои  калашников,  аспҳо  ба  танкҳо,  найзаҳо  ба  мушакҳо,  асирафтодагон  ба  гурезаҳо  ва  ғайра.  Агар  бо  мафҳумҳои  ҳозира  ифода  кунем,  танҳо  тактикаю  стратегияи  ҷангӣ  тағйир  ёфтаанду моҳияти  ҷанг  бошад,  ҳамон  тавре ки  буд,  мондааст.  Хусусияти  асосии  ҷанг – одамкушӣ,  ғоратгарӣ, забти  заминҳои  бегона, сарватҳои зеризаминӣ  ва  рӯйизаминӣ,  авомфиребӣ,  поймол кардани  шаъну  шарафи  инсонӣ,  таҳмил  кардани  забон,  дин  ва  фарҳанг  ба  мардуми  бумӣ,  омезиши этносҳо  ва  ғайра – дигар  нашудааст.  Агар   натиҷаи  таълиму  тарбияи  садсолаҳои  одамӣ чунин  бошад,  пас  умеди  одамон  ба  оянда,  гӯед,  дар  чист?
Фарзандони  беҳтарини инсоният  оид ба  кирдорҳои хашин  ва  зишти  одамӣ  басе  панду  ҳикматҳои  санҷидашуда  ифшо кардаанд,  ки  аз  шуниданашон  дар  маҷмӯъ,  ба  фалаҷи  асаб  дучор  шудан  мумкин,  аммо  ин  ҳикматҳо  танҳо  дар  рӯйи  коғаз  мондаанду  халос. 
Агар  сухан  аз қолабҳою  стандартҳои адён  (насронӣ,  ислом)  равад,  инҷо инсон аз  тафаккури  озод,  созандагӣ  дар ҷомеа  дар канор мемонад.  Мувофиқи  тафаккури  динӣ  инсон  аз ҳувият  ва  ниҳодҳои  созандагии  ҷомеа  бегона  мегардад  ва  ба  «бандаи»  Худо,  ба  ҷойи, ба  қавли  Ҷалолиддини  Балхӣ ва  дигар  орифони  бузурги  олами  ислом, «меҳри»  Худо табдил меёбад.  Ва  чуноне  ки  ба ҳамагон маълум  аст,  «банда»  будан,  дар ҳар кадом  шакле  ё  намуде  зоҳир  нагардад,  озодӣ  ва  созандагиро намепарварад.  Дигар  карда  гӯем,  қолабҳо  ва  стандартҳои  динӣ  чун  завлона  (ишкел)  дар  гардани  мардум  як  умр ва  аз  насл  ба насл  баста  мешаванд.  
Қолабҳо  ва  стандартҳои  адён  тафаккур,  эҳсосот  ва  ғаризаи  шахсро  маҳдуд месозанд,  онҳоро ба зулмот  табдил  медиҳанд,  дар  натиҷа  «хушксолии»  ақлонӣ  ба  вуҷуд  мебиёяд.  Чуноне  ки  мо  аз  таърих  онро  дар  асрҳои  Х-XIV  дар  Аврупо ва  дар  асрҳои  XV-XIX дар  Шарқи  мусулмонӣ  мушоҳида  менамоем.   Ба  ғайр  аз  ин, мисоли  равшани  фикрҳои  болоро дар  муборизаи  шадиди  калисо  ба  муқобили  таълимоти гелиосентризми  Коперник  ва  Галилей  дар  Аврупо ва  идеяи  «Ан ал-Ҳақ»-и  Мансури  Ҳаллоҷ  дар Шарқи  мусулмонӣ,  инчунин  нопазирии  озодфикрӣ  ва  маърифатпарварӣ  дар мамолики  мусулмонӣ  (М. Иқбол,  М. Афғонӣ, М. Абдо,  М. Ф. Охундов,  А. Дониш  ва  ғайра)  дар  асри  ХIХ равшан  дида  метавонем.  
Чаҳор  китоби  муқаддаси  динӣ  (Инҷил,  Забур,  Таврот,  Қуръон)  ба  ҷойи  асоси  таҳаввулоти  фикрӣ,  ақлонӣ,  ба  ҷойи  ҳамзистию  ҳампазироӣ  ба  манбаи  ифротгароӣ,  мазҳабситезӣ,  ҳусуматгароӣ,  қавмпарасти  истифода карда  мешаванд.  Манфиати  мазҳабӣ,  шахсӣ,  идеологӣ,  сиёсӣ  аз  манфиати  умумибашарӣ,  экологӣ  болотар  гузошта мешаванд.  Дар  давраи  тамаддуни  технологияи  иттилоотӣ дид,  ҷаҳонбинии  шахсро ё  насли  навро  дар  доираи  як  дину  мазҳаб  ва ё  як қавму  миллату  фарҳанг  маҳдуд  кардан ғайри қобили қабул  аст.  
Адами  интиқоди  афкор  ва  аъмоли  динӣ  ва  ё  эҳтиром  ба афкори танқидӣ, беихтиёр  ба  зулмоти  назарӣ,  ақоидӣ  бурда  мерасонад. 
Тааҷҷубовар  ин  аст,  ки  стандарткунонии  тафаккур  ва  эҳсосоти  инсон,  ки  дар  идеологияи  адён ба  чашм  мерасад,  акнун  дар  натиҷаи  вусъат ёфтани  технологияи  рақамӣ  дар ногувортарин ҳолат,  яъне  бе  имон,  бе  боварӣ  ба  парвардигор  ва  пайғамбарон, ба чашм мерасад.  Бесабаб  нест,  ки  дар  мамолики  аз ҷиҳати  техникаю  технологияи  иттилоотӣ  рушдёфта дини нав – «Data»,  дейтизм,  яъне  беимон  ба  «дини»  рақамӣ,  бе  пайғамбарону  бе имомҳо  ба  вуқӯъ  оварда  истодаанд,  ки  мақсадаш  аз  стандартшавӣ,  роботкунонии  насли  нав иборат аст.  Хулоса,  офати  стандарткунонии  тафаккур ва  эҳсосоти  инсон,  боз  чун теғи  яманӣ дар сари  насли  нав  овезон  шудааст.  Гуфтаву  ҳаракатҳои  қолабӣ,  мушорикати  қолабӣ,  то ҳатто  ифодаи  ишқу  муҳаббати  қолабӣ  моро  дар пеш  аст,  ки  зуҳуроти  тамаддуни  рақамӣ  мебошанд.    
Хушбахтона,  замони стандарткунонӣ,  қолабкории  шууру  тафаккури  одамон, ки  дар  замони  шӯравӣ,  дар  доираи  чанбарҳои  идеологии  он  ҳукмрон  буд,  аз  байн  рафт. 
Замони  мо,  ки баъзе  ҷомеашиносон  тамаддуни  рақамӣ  ном  ниҳодаанд,  пеш  аз  ҳама,  ба  решаҳои  ахлоқии  миллӣ  ва  умумибашарӣ  теша  мезанад.  Ахлоқ,  маънавиёте,  ки  инсонро  аз  дигар  ҷонварони  олам  фарқ  мекунонад,  акнун  аз  тарафи  ширкатҳо (корпоратсияҳо)-и  гуногуни  молиявии  байналмилалӣ  дар ҳам  фишурда  мешаванд,  дигар  карда  гӯем, ахлоқ  ҳамчун  арзиши  маънавии  салби  эътибор  (дискредитатсия)  мегардад.  
То кунун мо аниқ намедонем, ки  системаи  таълимии  Университети Болон (Италия),  ки  дар  зиёда  аз  48 мамлакат  барои  гирифтани  маълумоти  олӣ ҷорӣ  шудааст,  ба  муваффақиятҳои  калон  соҳиб  шудааст  ё  не,  зеро  оморҳои  давлатӣ  маълумот  намедиҳанд. Стандартҳои  таълимии  системаи  Болон,  масалан,  ба  қавли  мутахассисони  соҳаи  маълумоти  олии  Русия,  ба  таври  қаноатбахш  кор  намекунанд,  зеро  системаи  таълимии  Болон, танҳо ба дарёфти  маълумоти  олӣ  нигарон  аст, тарбияи  маънавӣ  ва ахлоқии  донишҷӯён  бошад,  аз  ин  система  берун  мондааст.  Дар  ин ҷо  суханони  Саъдии  бузург  беихтиёр  ба  ёд  меоянд:  Олим  шудан  осон,  одам  шудан душвор  аст. Системаи  таълим  дар  кадом  сатҳе,  ки  набошад – ибтидоӣ, миёна, олӣ – бояд,  ки  тарбияи  маънавиро  фаро  гирад,  вагарна  насли  нав,  дар  замони  тасаллути  беқиёси  тамаддуни  рақамӣ,  интернет  ба  «зомбӣ»  табдил  ёфтанаш  мумкин.  Раванди  таълиму  тарбия  набояд  аз  ҳам  ҷудо  бошанд.  Бузургон  гуфтаанд,  ки тарбиятгар  бояд  худашро  то  охири  умр  тарбия  намояд  ва  дониш омӯзонад.  Дониш  чун  фазилати интеллектуалии  инсон,  дар  замони  мо  арзиши  маънавии  худро  аз  даст  додааст.  Донишро  бо  пул  харидан  ғайриимкон  аст,  агарчи  баъзеҳо  бо  пул дипломи  дараҷаи  олӣ  ҳам  мехаранд.  Дониш ганҷест,  ки  бе  ранҷ  ба даст намеояд.  
Аз аввали  асри  ХХI  дар  натиҷаи пайдо шудани  технологияи  иттилоотӣ,  васеъ  паҳн  шудани  технологияи  рақамӣ,  гаҷетҳо,  девайсҳо,  ширкатҳои  молии  байналмилалӣ  ба  мисли  google,  facebook,  aplle,  youtube,  amazon  ва  ғайра  насли  наврас  аз  доираи  тарбияи  анъанавӣ  рӯз то рӯз  берун  баромада  истодааст.  Оила  ва  давлат,  ки  дар  гузашта  дар  тарбия  ва  таълими  насли  нав  фаъол  буданд,  акнун  риштаи  тарбия  ва  таълимро  қариб  аз  даст  медиҳанд.  Сохторҳои  давлатие,  ки  дар  тарбияи  насли  наврас  масъуланд,  акнун  бо  ширкатҳои  байналмилалии  молӣ  дар  ин  ҷода  рақобат  карда  наметавонанд.  
Барномаҳои  таълиму  тарбиявӣ  дар  асоси қолабҳо,  стандартҳо  тавре  тартиб  дода  мешаванд,  ки  дар  онҳо  барои  ҳувияти  шахс,  қобилияти  фикрии мустақил,  эҳсоси  инсондӯстию  инсонпарварӣ,  эҷодкорию  созандагӣ  ҷой  намемонад.  Ба  шакку  шубҳаи  ин  ё  он  афкор,  кирдор,  дар  назария, идея,  қазия  (теорема)  роҳ  дода  намешавад.
Сухани  муаллим,  ки дар  гузашта  муқаддас  ҳисоб  меёфт,  дар  макотиби  кунунӣ  арзиши  маънавии  худро  аз  даст  додааст.  Китобхонӣ  ба  мушкилтарин  заҳмати  интеллектуалӣ  табдил  ёфтааст.  Барномаҳои  шабакаҳои  телевизионӣ  ва  радио,  ҳамон  нақше, ки  дар асри  ХХ барои ташаккули  маънавии  насли  наврас  доштаанд,  акнун  аз ӯҳдаи  рақобат  бо  ширкатҳои  иттилоотии  байналмилалӣ  намебароянд.  Барномаҳои  шабакаҳои  телевизионӣ ва  радиоро  танҳо  нафақахурон,  калонсолон  ва  ё  истиқоматкунандагони маҳалҳои  дур  аз  шаҳрҳои  марказӣ  тамошо  ва  гӯш  мекунанду  халос.  Насли нав барномаҳои  телевизиониро дар  бисёр мавридҳо  бо як  киноя  нигоҳ мекунанд.  Сериалҳои  кӯтоҳметражи  телевизионӣ,  фейкҳои хабарии  муошират  ва  ё  шубҳаовар,  агар  анъаноти  хуби  ахлоқии  миллиро  як  тараф  монем,  беҳтарин  эҳсосоти  шахсро хунсо  мекунанд.  
Як  хусусияти  бисёр  манфии  ақлонии  одамон  дар он  аст,  ки  онҳо  намехоҳанд  дар  андешаронии  худ  соҳибихтиёр  бошанд,  озодона  тафаккур  кунанд,  аз  қайду  тааллуқот  вораста  бошанд,  яъне  завлонаи  тафаккури  анъанавӣ  ва  ё  қолабшударо  аз  мустақилона андеша  кардан  афзалтар  медонанд. Ба  ифодаи  дигар  «бигузор  ба  ҷойи  ман  дигарон  андеша кунанд»  ва  мултазим  (ба  ӯҳда гиранд)  бошанд. И. Кант  навишта  буд,  ки  маорифпарварии  хақиқӣ  дар  ҷомеа  танҳо дар  ҳолате  ба  вуқӯъ  меояд,  ки  агар аъзои ҷомеа  бо фикру  андешаҳои  худ  мустақилона  кору  амал  кунанд,  завлонаи  ақлонии  фарсудашударо  соқит  карда  тавонанд.  Танҳо  бо  ин  васила  демократияи  хақиқӣ дар ҷомеа пайдо шуданаш  мумкин  аст.  

Ҳақназар
 ҚУРБОНМАМАДОВ,
доктори улуми фалсафа,
профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: