Ба наздикӣ дар кишвари мо воқеаи бузург рух дод, ба муносибати ба вазифа шурӯъ намудани Президенти аз нав интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ин санаи муҳим ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис баргузор шуд.
Ба наздикӣ дар кишвари мо воқеаи бузург рух дод, ба муносибати ба вазифа шурӯъ намудани Президенти аз нав интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ин санаи муҳим ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис баргузор шуд. Дар ин маросим роҳбари навинтихобшудаи давлат нутқ кард. Маърӯзаи мазкур ба таҳлили нақшаҳое, ки истиқболи пешрафти минбаъдаи давлати моро муайян мекунад, бахшида шуд. Дар он роҳбари давлат стратегияи пешрафти Ӯзбекистони навро пеш гузошт. Стратегияи мазкур соҳаҳои гуногуни пешрафти мамлакатро дар бар гирифта, он дар пояи тамоюли нави «инсон – ҷамъият – давлат» бунёд гардидааст.
Самти чаҳоруми барномаи мазкур ба масъалаҳои таълиму тарбияи хушсифат, ки пешбурди сиёсати одилонаи иҷтимоӣ, инкишоф додани сармояи инсониро дар бар мегирад, дахл дорад.
Равшан аст, ки кишвари мо аз қадимулайём бо комёбиҳои беназири худ дар соҳаҳои илму фан барои рушди тамаддуни ҷаҳон саҳми бузург гузоштааст. Давраҳои Эҳёи якум ва дуюм маҳз бинобар аҳамияти махсус ба пешрафти низоми идораи мамлакат ва эътибори алоҳида ба аҳли илм ба миён омадааст.
Ҳанӯз ҳангоми пеш гузоштани ғояи бунёди пойдевори Эҳёи сеюм роҳбари давлати мо ба масъалаҳои илму фан ва таълиму тарбия диққати махсус дода буд. Дар Стратегияи пешрафти Ӯзбекистони Нав низ ба омӯзгорону мураббиён, профессорону муаллимон, зиёиёни ҳақиқие, ки тақдири ҷавононро муайян мекунанд, аҳамияти алоҳида дода мешавад.
Барои беш аз пеш афзудани самаранокии соҳаи мазкур, пеш аз ҳама, масъалаи ба дараҷаи ҳазор доллар расондани музди меҳнати омӯзгорон ба миён гузошта шуд. Воқеан, баҳодиҳӣ ба меҳнати омӯзгорон ва рағбатноксозии онҳо аз омилҳои асосиест, ки самаранокии корро муайян мекунад. Зеро барои ҳар як муаллиме, ки ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад, хотирҷамъ будани ӯ, бекаму костии ҳаёташ аҳамияти бузург касб менамояд. Баробари ин, бешубҳа, барои ба маънии ҳақиқӣ омӯзгори тоифаи олӣ шудани ӯ, пеш аз ҳама, аз шароити барои вай дар ҷомеа фароҳам овардашуда вобаста аст. Барои ҳамин ҳам роҳбари давлат дар маърӯзааш борҳо таъкид намуд, ки бояд худи мо кадрҳои сазовору комилро тарбия кунем, зеро онҳоро ҳеч кас барои мо тайёр карда намедиҳад.
Роҳбари давлат ҳангоми дар бораи таълиму тарбия сухан рондан ба беш аз пеш инкишоф додани ҷараёни ислоҳоти куллӣ дар низоми мазкур эътибор дод. Дар ин бобат масъалаи ягонагии низоми таълим дар кӯдакистон ва мактаб ба миён гузошта шуд. Дар гӯшаву канорҳои гуногуни мамлакат бунёд кардани даҳҳо муассисаҳои нави таълими томактабӣ, ҳар сол бо 2 миллион нусха адабиётҳои замонавии таълимӣ таъмин кардан тамоми кӯдакистонҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа муайян карда шуданд. Дар ин бобат барои боло бардоштани тайёрии касбӣ ва маҳорати вазифавии кормандони муассисаҳои таълими томактабӣ масъалаи такмили ихтисоси беш аз 160 ҳазор нафар омӯзгорони соҳа махсус таъкид гардид.
Қисмати зиёди аҳолии кишвари моро ҷавонон, бахусус, писарону духтароне ташкил медиҳанд, ки бояд таълим гиранд. Барои он ки ҳар кадоми онҳо аз ҳуқуқи таълимгирии худ пурра истифода бубаранд ва таълиму тарбияи босифат бигиранд, дар соҳа ислоҳоти мунтазам амалӣ карда мешаванд. Бо дарназардошти афзудани миқдори кӯдакон роҳбари давлат барои бунёди мактабҳои нав, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии маърифатгоҳҳои мавҷуда, бо истифода аз технологияҳои нав беҳтар кардани сифати таълим ва таъмин кардани алоқаи наздики тамоми зинаҳои соҳа вазифаи коркарди Барномаи миллии таълимро пеш гузошт.
Барномаи мазкур нафақат ҳаллу фасли омӯзондани насли наврас, балки ба тарзи муносиб ҳал кардани вазифаҳои вобаста ба эҳтиёҷи аҳолӣ ба таълимро фаро мегирад. Барои ин дараҷаи фарогирии таълими томактабиро аз 62 фоизи кунунӣ ба 80 фоиз, дар низоми таълими олӣ бошад, ба 50 фоиз расонидан, дар мактабҳо сатҳу сифати таълиму тарбияро боло бардоштан ҳамчун вазифаи асосӣ пешбинӣ гардид.
Маълум аст, ки солҳои охир дар соҳаи таълими олии мамлакат корҳои бузург амалӣ шуданд. Бунёди муассисаҳои нави таълими олӣ, ташкил гардидани бахши донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, афзудани квотаҳои таълим, баробари ин, бо истеҳсолот вобаста кардани таълими олӣ аз ҳамин далолат медиҳанд. Баробари ин корҳои бо манзил таъмин кардани донишҷӯён низ бо суръат идома меёбанд.
Роҳбари давлат ба масъалаи сифати таълиму тарбия, ки омили муҳими инкишоф додани сармояи инсонӣ ба шумор меравад, таваққуф намуда, гаштаву баргашта таъкид кард, ки Ӯзбекистони Навро бо усулу услубҳои кӯҳна наметавон бунёд кард, барои ин ғояи нав, азму шуҷоат зарур аст, ӯ одамонро ба бедорӣ даъват намуд.
Мо – намояндагони халқ низ барои таъмин сохтани иҷрои вазифаҳое, ки ба пешрафти кишвар, фаровонҳолии аҳолӣ нигаронида шудаанд, тамоми нирӯву ғайрати худро сафарбар хоҳем кард.
Ойдин АБДУЛЛОЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви Кумитаи масъалаҳои илм, таълим, фарҳанг ва варзиш.